иҷтимоиёт
ХУРОСОН. ТО 15 АВГУСТ ҲАМАИ ЗАРАРДИДАГОН БА ХОНАҲОИ НАВ МЕДАРОЯНД
Тавре ба ҳамагон маълум аст, 14 - 16 майи соли равон дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон бар асари боронҳои сахт ва омадани сел 36 хона пурра ва 40 хона қисман зарар дида, ба заминҳои кишоварзӣ, хатҳои обёрӣ, роҳҳои маҳаллӣ осеб расида, ҳайвоноти хонагӣ талаф ёфтаанд. Ҳаҷми зарар 6 миллиону 725 ҳазору 400 сомониро ташкил дод.
Тибқи иттилои Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, дар асоси фармоиши Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода ба оилаҳои зарардидаи ин ноҳия масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла 370 тонна семент, 370 метри мукааб тахта, 3700 дона шифери филизӣ ва 74 тонна арматура ба маблағи 410 ҳазор сомонӣ расонда шуд. Ба оилаҳои осебдида аз минтақаи бехавф - деҳаи Чорбоғи ноҳия 0,8 - гектарӣ замин ҷудо шуда, сохтмони манзилҳои истиқоматӣ оғоз ёфт. Ба ҳолати 22 июли соли ҷорӣ дар 67 хонаи пурра ва қисман зарардида корҳои ҷобаҷокунӣ, ҳамворкунӣ, гузоштани таҳкурсӣ ва бардоштани девор пурра ба анҷом расида, дар 60 хона бардоштани бом ва болопӯш, дар 31 хона корҳои андовакунӣ, 11 хона корҳои фаршу шифт ба охир расонда шуда, ду хонаи истиқоматӣ пурра ба истифода дода шуд.
Ғайр аз ин, ба осебдидагон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи хӯрока - 13 тонна орд, 16 тонна картошка, 16 тонна пиёз,16 тонна сабзӣ, 9 тонна биринҷ, 4 тонна макарон, 4 тонна равған, 3 тонна гречка, 3 тонна ярмаи ҷав (перловка) ҳамчун кумак расонда шуд.
- Аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, 17501 литр сӯзишвории дизелӣ, 300 зарфи обгирӣ, 100 000 ҳаб барои безараргардонии оби нӯшокӣ, 15 тонна орд, 1300 бистар, 1300 болишт, 1300 кампал, 1300 рахти хоб, 520 бел, 520 каланд, 260 сатили пластикӣ, 260 рӯйпӯши пластикӣ, 260 баста ҷиҳози ошхона ва 260 баста маводи гигиенӣ кӯмак расонда шуд, - афзуд Рустам Назарзода.
Дар ҳамин ҳол, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, ташкилоту муассисаҳо ва соҳибкорон 2000 литр сӯзишвории дизелӣ, 15 тонна орд, 4,5 тонна картошка, 6,6 тонна пиёз, 12 тонна сабзӣ, 7,5 тонна биринҷ, 1,5 тонна равған, 1,8 тонна макарон, 2000 ниқоб, маҷмӯи либос, дастгоҳи ҳароратсанҷ, дастпӯшак, маҳлули антисептикӣ ва дигар мавод дастрас шуд.
Натиҷаи дастгирии саривақтии Ҳукумати ҷумҳурӣ, ниҳодҳои дахлдор, соҳибкорон ва ашхоси саховантманд буд, ки ба гуфтаи Рустам Назарзода, дар назар аст, то 15 августи соли ҷорӣ ҳамаи оилаҳои зарардида ба хонаҳои нави худ ворид шуда, ба зиндагии маъмулӣ бармегарданд.
Лашкар ШАРИФЗОДА,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.07.2020 №: 142 Мутолиа карданд: 333