logo

иҷтимоиёт

БЕДРО ГӮЯНД ДАРАХТИ БЕСАМАР БОВАР МАКУН!

Устоҳо ҳангоми сохтани гаҳвора ҳунар ва муҳаббати бузурги хешро нисбат ба атфол нишон медиҳанд. Гаҳвора - бистари нарму ҷунбонест, ки барои хобондани тифли навзод хизмат мекунад. Ба қавли дигар, он "манзил" - ест, ки кӯдак дар он тарбия меёбад. Аммо барои он, ки хонаи кӯдак ба соҳибаш мақбул бошад, онро бояд бо муҳаббат сохт, то аз он тифл ҳаловат бараду осуда бихобад. Як гаҳвора дар оила чанд кӯдакро ба воя мерасонад.
Ҳама аз бозор гаҳвораи зебову хушсохтро харидан мехоҳанд, зеро кӯдак аз рангу хату нақшҳои зебои он баҳра мегирад. Ҳар усто мекӯшад рахти хобе муҳайё созад, ки барои тифл оромӣ ва осоиш ҳадия намояд. Гаҳвораи омоданамудаи ҳар минтақа бо нақшу нигори хеш фарқ карда, дар маҷмӯъ, ҳадафи ҳама гаҳворатарошон як аст. Ин ҳунармандон бо ифтихор мегӯянд, ки тифли бавоярасида самари гаҳвораи онҳост.
Аҳёхоҷа Садиров, сокини Ҷамоати деҳоти Сафедчашмаи ноҳияи Нуробод, барои сохтани  як гаҳвора то як моҳ заҳмат мекашад. Гаҳвора аз 9 қисм омода мешавад ва ҳар усто қисмҳои алоҳидаи онро аз чӯби дарахтони мухталиф, ба мисли бед, зардолу, чормағз ва санавбар омода месозад. Усто Аҳёхоҷа гаҳвораро аз чӯби бед тайёр мекунад. Ҳар қисмати онро ҷамъ намуда, зери нури офтоб мехушконад, то пайванд намудани тахтаҳо осон гардад. Баъдан, онро  мувофиқи завқи харидорон кандакорӣ намуда, бо рангҳои гуногун оро медиҳад. Ҳунари ин устои моҳирро дар ноҳияи Нуробод ва гирду атрофи он қадр мекунанд, аз ин ҷост, ки гаҳвораҳояш харидорони бешумор дорад.
- Мо бояд ҳунару анъанаҳои миллиамонро рушд дода, ба ин васила касби аҷдодиамонро ҳифз намоем, - мегӯяд Аҳёхоҷа Садиров. - Ҳунари гаҳворасозӣ бароям меросӣ  нест, балки машғулиятест, ки 18 сол қабл ба он меҳр бастам. Ӯ дар хонааш ба гаҳворасозӣ машғул буда, ғолибан аз ҳамин роҳ, барои хонаводааш рӯзӣ ба даст меорад.
Усто Аҳёхоҷа дар суҳбат бо мо гуфт, ки шуғли гаҳворасозӣ тӯли ин солҳо ба як бахши умдаи зиндагиаш табдил ёфтааст. Падароне, ки тоза соҳиби фарзанд мешаванд ва волидоне, ки унвони бобоиро дармеёбанд ба суроғи хонааш омада, гаҳвораҳои сохтаи ӯро мехаранд.
Устои гаҳворасоз мегӯяд, ки айни ҳол фарзандонаш ҳам ба оҳистагӣ дар тақлид ба кори падар касби дуредгариро аз бар намуда истодаанд. Муҳаммадҷон, нахустписари ӯ, ҳоло дар синфи 10 таҳсил менамояд.  Ӯ ҳангоми фориғ аз машғулиятҳои мактабӣ дар канори падар истода, ба дуредгарӣ машғул аст. Аллакай, дар ҳунари чӯбтарошӣ моҳир шуда, дар омода намудани дару тиреза, гаҳвора, табақ ва дигар ашёи чӯбин завқи баланд дорад.

Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.07.2020    №: 142    Мутолиа карданд: 208
22.01.2021


ҶАЛАСАИ XVII ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ КИШВАРҲОИ УЗВИ МУКОЛАМАИ ҲАМКОРИҲОИ ОСИЁ

21.01.2021


ДАР КӮЛОБ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ВАҚТИ ПАЙВАНДИ ИЛМ БО АМАЛ АСТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ФИФА. ТОҶИКИСТОНРО 14 ДОВАР МУАРРИФӢ МЕКУНАД

НАХУСТИН ФИЛМИ ТОҶИКИЮ БРИТАНӢ АЗ РӮИ ФИЛМНОМАИ АНИСА СОБИРӢ НАВОРБАРДОРӢ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАР РОССИЯ АЗ КОРОНАВИРУС ЗИЁДА АЗ 3 МИЛЛИОН БЕМОР ШИФО ЁФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУ БОЗИИ РАФИҚОНАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН

КОМЁБИИ ДАСТПАРВАРОНИ МТМУ № 45

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед