logo

сиёсат

ШУҒНОН. ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ФАЙЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА МО

Шуғнон, ки 27 октябри соли 1932 дар  ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ёфтааст, яке аз ноҳияҳои калонтарини ВМКБ мебошад. Айни ҳол ноҳия 7 ҷамоати  деҳоти иборат аз 62 деҳаи хурду бузургро дар бар мегирад. Боиси хушҳолист, ки марказ ва деҳоти ноҳия тайи 2 даҳсолаи охир симояшонро ба куллӣ тағйир дода, то рафт ободу зебо гашта истодаанд.    

ШАҲРАКИ ВАҲДАТ
Тавре зимни суҳбат Ҷумъазода Ҷумъа Шофақир, раиси ноҳия, зикр кард, Шуғнон, калонтарин ва куҳансолтарин ноҳияи вилоят, то солҳои наздик маркази маъмурии худро надошт. Танҳо ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва қудуми пур аз файзу баракати Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ноҳияи дурдаст соҳиби маркази маъмурии худ гардид. Пешвои миллат соли 2009 дар доираи сафари кории навбатӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон, ки он вақт дар як бинои назарногиру садамавии солҳои 30-уми асри гузашта бунёдёфта, дар маҳаллаи Бархоруғи шаҳри Хоруғ ҷой дода шуда буд, дидан ба амал оварда, ба мақомоти дахлдор дастур доданд, ки барои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва воҳидҳои сохтории он бинои нави маъмурӣ бо тарҳи замонавӣ бунёд карда шавад. Тобистони соли 2010 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари корӣ ба вилоят хишти аввали шаҳраки Ваҳдат – маркази маъмурии ноҳияи Шуғнонро гузоштанд. Бо гузашти ҳашт сол аз оғози сохтмони шаҳрак дар ин ҷо беш аз 25 бинои маъмурӣ ва иншооти зиёди иҷтимоию самти хизматрасонӣ қомат рост намуданд. Ба ин мақсад, аз хазинаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб 500 миллион сомонӣ сарф шуда, бунёдкориҳо бомаром идома доранд.
Айни ҳол дар шаҳраки Ваҳдат корҳо дар самти бунёди  биноҳои шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва муассисаи нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия вусъат дошта, ин иншоот то Ҷашни 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд. Сохтмони бинои сеошёнаи беморхонаи минтақавӣ идома дошта, тибқи нақша, дар рӯзҳои Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ  ба истифода дода мешавад. Корҳои рӯшноикунонии кӯчаҳои марказии шаҳрак, навсозии роҳравҳои байни идораву муассисаҳо ва манзилҳои истиқоматӣ дар марҳалаи анҷомёбӣ қарор доранд.
Моҳи феврали соли равон дар назди чашмаи шуҳратёри Носири Хусрав, ки дар маркази шаҳраки Ваҳдат ҷой гирифтааст, коргоҳи истеҳсоли оби нӯшокӣ ба роҳ монда шуд. Акнун меҳмонону сайёҳони дохиливу хориҷӣ на танҳо аз манзараҳои дилфиреби ин макони таърихӣ дидан менамоянд, балки метавонанд аз оби мусаффои он нӯши ҷон кунанду бо худ армуғон баранд. Воқеан, маҳсулоти ин корхона имрӯз на танҳо дар кишвар, балки берун аз он ҳам шуҳрат касб кардааст.
 Бо мақсади таъмини гулгашту кӯчаҳои маркази ноҳия бо кӯчати гул дар шаҳрак гармхона бунёд гардид, ки дар он парвариши даҳҳо намуди гулҳои ороишӣ ба роҳ монда шудааст. Айни ҳол аз ҳисоби ин гармхона шаҳраки Ваҳдат гулзорро мемонад.
 
БУНЁДИ 44 ИНШООТ ДАР 2 СОЛ
Ба гуфтаи раиси ноҳия, бунёдкориву созандагӣ тамоми қаламрави ноҳияро фарогир аст. Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба омодагӣ ба Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, давоми солҳои 2020 - 2021 дар ноҳия бунёди 44 иншооти гуногун ба маблағи бештар аз 74 миллион сомонӣ дар назар аст. Фақат давоми соли равон 26 иншооти самти иҷтимоию иқтисодӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.
Ҷумъа Ҷумъазода бо ифтихору хушнудӣ зикр намуд, ки дар сафари қаблӣ дар ҳузури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави дуошёнаи рақами 11 дар деҳоти Поршнев мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки он то ҳол дар ҳудуди вилоят камназир аст.
Солҳои охир маориф дар ноҳия хеле пешрафт кард. Қариб ҳамаи 56 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия дорои биноҳои нави таълимӣ буда, бо омӯзгорон таъмин мебошанд. Ҳамасола бештар аз 90 фоизи хатмкардагони мактабҳои ноҳия ба мактабҳои олии кишвар ва берун аз он дохил шуда, чун кадрҳои маҳаллии ҳаматарафа тайёр барои кор ба ноҳия бармегарданд. Ба ин раванд Квотаи президентӣ барои ноҳияҳои дурдаст, ки ноҳияи Шуғнон низ ба он шомил аст, хеле мусоидат мекунад.
Айни ҳол дар ноҳия деҳа ва ё муассисаи таҳсилоти умумие, ки дар онҳо иншооти варзишии навбунёд вуҷуд надошта бошад, ангуштшумор аст. Бо маблағҳои давлатӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ ва афроди саховатпеша қариб дар ҳамаи деҳоти ноҳия майдонҳои варзишии замонавӣ бунёд ёфтанд ва ин кор идома дорад.
Дар чанд соли охир дар деҳоти ноҳия беш аз 40 маркази саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ бунёду навсозӣ гардиданд. Беморхонаи марказии ноҳия бо тамоми лавозимоти муосири тиббӣ таъмин буда, даҳҳо мутахассисони муассисаҳои тиббии ноҳия дар беморхонаҳои беҳтарини ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар такмили ихтисос намудаанд. Ин боис гардид, ки аҳли тибби ноҳия дар давраи хуруҷи пандемияи коронавирус аз худ маҳорати баланди касбӣ нишон дода, шабу рӯз дар хизмати мардум бошанд ва бо дастгирии Ҳукумати кишвар, хоса Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ин бемориро мағлуб созанд.
Дар аввали солҳои истиқлолият дар ноҳия намоиши барномаҳои телевизиони ҷумҳуриявӣ ба роҳ монда шуд.

РӮ БА РУШДИ САНОАТ
Ноҳия аз лиҳози ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят баъди шаҳри Хоруғ дар ҷойи дувум аст. НБО «Помир-1» - калонтарин воҳиди истеҳсолкунандаи ноҳия дар таъминоти мардуми вилоят бо неруи барқ нақши асосӣ дорад. Ба кор даровардани чархи аввали ин неругоҳ баҳори соли 1994 бо ширкати Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғози эҳёи Тоҷикистони нав ба оламиён паём дод.
Фаъол гардидани корхонаи коркарди ғалла бо зарфияти истеҳсоли 60 тонна орд дар як шабонарӯз ва анбори нигаҳдории 6 ҳазор тонна маҳсулоти ғалладона иқтидори истеҳсолии ноҳияро  боз ҳам таҳким бахшид. Ин корхона бо дастури Пешвои миллат соли 2015 аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағи 9,5 миллион сомонӣ сохта шуда, дар ҳузури Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Шуғнон ноҳияи аграрӣ буда, сокинони он, асосан, ба кишоварзӣ ва чорводорӣ машғуланд. Соли равон дар ноҳия майдони кишти картошкаву сабзавот ва ғалладонагиҳо бамаротиб васеъ гардид. Соҳибкорони ватанӣ дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба роҳбарӣ гирифта, дар ин ҷо нахустин корхонаҳои хурди саноатӣ - коргоҳу корхонаҳои коркарди меваву сабзавот бунёд карда истодаанд. Имрӯз аз шоколади аз маҳсулоти тозаи табиии маҳаллӣ тайёркардаи корхонаҳои истеҳсолии ноҳия ҳатто дар Амрико ком ширин мекунанд. Бо вуҷуди ин, вазъиятро дар ин самт наметавон қонеъкунанда номид. Зеро ноҳия ҳоло имкониятҳои зиёди истифоданашударо дорост. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия тасмим гирифтааст, ки бо назардошти имконоти табиии маҳал ба таъсиси корхонаҳои хурди коркарди меваву сабзавот бештар таваҷҷуҳ зоҳир намояд. Ин тадбирҳо дар Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Шуғнон инъикос ёфтаанд.

РАҲМОНОБОД - РАМЗИ МАҲБУБИЯТИ ПЕШВО
Ба  гуфтаи  Ҷумъа  Ҷумъазода,  эътимоди  сокинони  ноҳия  ба  Ҳукумати  кишвар,  хоса  Сарвари маҳбуб, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бахусус баъди ҳодисаҳои фалокатбори табиии соли 2015, ки 81 хоҷагии деҳоти ноҳияро дар як дам бехонаву дар карду онҳо дигар умеди соҳиби кулбаи фақирона шуданро ҳам надоштанд, даҳчанд афзуд. Дар он лаҳзаи душвор аввалин шуда Сарвари давлат онҳоро дилбардорӣ карда гуфтанд: “Мардуми шарифи ноҳияи Шуғнон бовар дошта бошанд, ки Ҳукумати мамлакат онҳоро дар бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ танҳо намегузорад ва зарардидагон бо манзил ва ҳама ашёҳои зарурии рӯзгор, аз сӯзан сар карда, то телевизору компютер ва дигар лавозимоти рӯзгор таъмин мешаванд.” Аз лаҳзаҳои нахустини фоҷиа корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ бо иштироки масъулин аз сатҳи ноҳия то раиси вилоят ва муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим, ки шабу рӯз дар майдони сохтмони биноҳои истиқоматӣ барои зарардидагон хайманишин буданд, босуръат ҷараён гирифтанд. Дар дашти лабташнаи Питодашт, ки пеш машқгоҳи ҳарбиён буду касе бовар надошт, ки ягон вақт ба ин ҷо об меояду ободонӣ мешавад, 82 хонаи истиқоматӣ қомат афрохт. Ба дашт лӯлаҳои оби полизӣ ва нӯшокӣ кашиданд. Баъди ду моҳ зарардидагони офати табиӣ соҳиби хонаҳои нави барҳавои муҷаҳҳаз бо тамоми лавозимоти зарурӣ, қитъаи замини наздиҳавлигӣ, оби ошомиданӣ ва полизӣ гардиданд. Биноҳои замонавии муассисаи таҳсилоти  миёнаи умумӣ барои 240 хонанда, маркази саломатӣ, нуқтаи фурӯши ҷамъияти матлуботи вилоят, мағозаи хусусии моли ниёзи мардум, ҳаммом ва сехи блокбарорӣ дар ихтиёри 480 нафар сокини деҳа қарор дода шуданд. Сокинони деҳа аз он фараҳманд ва ифтихор доранд, ки пешниҳоди онҳо дар бобати ба хотири арҷгузорӣ ба ғамхориву лутфу марҳамати Президенти кишвар дар ҳаққашон Раҳмонобод номгузорӣ кардани деҳаи навбунёдашон аз ҷониби Сарвари давлат маъқул дониста шуд. Ин иқдом бозгӯи тавону қудрати давлат ҳам аст. Имрӯз дар Раҳмонобод – шаҳраки замонавии сарсабз, бунёди биноҳои истиқоматӣ ва инфрасохтори хизматрасониҳо вусъати тоза касб кардааст.
- Ин ҳама пешравиҳоро мардуми мо ба Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рабт медиҳанд. Сокинони ноҳия ташрифи навбатии Президенти кишварро ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бесаброна интизоранд. Зеро онҳо муътақиданд, ки ҳар ташрифи Пешвои маҳбубамон ба ноҳия пешравиҳои чашмрас, созандагиву бунёдкориҳои нав ба навро дар пай дорад, - гуфт раиси ноҳия.

Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.08.2020    №: 143    Мутолиа карданд: 337
19.04.2021


МАШВАРАТИ ГУРӮҲИ КИШВАРҲОИ ВИШЕГРАД ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ

АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ. РӮЗИ ПОЙТАХТ ХОТИРМОН ГУЗАШТ

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи илми тоҷик

«ДУШАНБЕ - ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН»

САҲМИ АЙНӢ ДАР РУШДИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

МАРД БОЯД ТАНДУРУСТ БОШАД

ҲАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОҶИКОБОД

9 ИНШООТИ ТАЪРИХИВУ ФАРҲАНГӢ БА ФЕҲРИСТИ ПЕШАКИИ ЮНЕСКО ШОМИЛ ШУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО

Даъвати Байден аз Путин

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.04.2021


ВМКБ. ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ РОССИЯ

ВАО: РАИСИ ҶМЧ БА ИШТИРОК ДАР САММИТ ОИД БА ИҚЛИМ МАЙЛ ДОРАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

НАВБАҲОР ГУЛ МЕКУНАД

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

“ПАРВИН”. БЕҲТАРИНҲО ҚАДР ШУДАНД

14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"

ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОН. КУМАК БА ЗИЁДА АЗ 9300 НИЁЗМАНД БА МУНОСИБАТИ МОҲИ РАМАЗОН

Навидҳои фарҳанг

Табрикоти кайҳоннавардон ба муносибати 60-солагии парвози инсон ба кайҳон

Ҷаҳон дар як сатр

12.04.2021


КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАСТРАСИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР ГАРДИД

НУРОБОД ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ «ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

СУҒД. 420 000 СОМОНӢ ГРАНТ БАРОИ ЗАНОНИ ҲУНАРМАНДУ ЭҶОДКОР

МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. ҲАМОИШИ МУҲИМИ КОРШИНОСОН

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» МУАРРИФИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

ЛИГАИ ОЛӢ

09.04.2021


ТОҶИКИСТОН ВА АМА. ГУСТАРИШУ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ШУД

ОЛМОН БО РОССИЯ ОИД БА ДАРЁФТИ «СПУТНИК V» МУЗОКИРОТ МЕГУЗАРОНАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.04.2021


ТОҶИКИСТОН – МАҶОРИСТОН. САҲИФАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БОЗ ШУД

САРВАРИ ВКХ ПОКИСТОН РОССИЯРО ОМИЛИ УСТУВОРӢ ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН НОМИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед