logo

иҷтимоиёт

ВАНҶ НАМОИ ШАҲРАК МЕГИРАД

Борҳо шунидаем, ки раиси ноҳияи Ванҷ Ҷаббори Қосим бо қаноатмандӣ зикр менамояд, ки авҷи бесобиқаи амалҳои ободонӣ, бунёдкорӣ ва созандагиҳо дар марказ ва деҳот дар меҳвари сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни фархундаи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз аз дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд. Ҳамаи ин ғамхориҳоро хурду калони диёри пурганҷ ба хубӣ дарк менамоянд ва пос медоранд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки ҳар сафари кории Пешвои муаззами миллат ба шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар самти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва рӯзгори мардум дигаргуниҳо ворид месозад. Далели ин гуфтаҳо он аст, ки аз қудуми мубораки Президенти маҳбуби халқ симои марказ ва деҳоти ноҳияи Ванҷ нисбат ба давраи пеш аз истиқлолият даҳчанд ободтару зеботар ва дараҷаи зисти аҳолӣ беҳтар гардидааст.
Солҳои пеш роҳбарони вақт мегуфтанд, ки дар Помир, аз ҷумла Ванҷ, сохтани биноҳои баландошёна аз имкон берун аст. Акнун бубинед, ки дар марказ ва деҳоти Боми ҷаҳон низ иншоот ва биноҳои баландошёна сохта шуда истодаанд. То рӯзи ташрифи Пешвои миллат биноҳои баландошёнаи шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ванҷ, Ҷамоати деҳоти Язгулом, пули мошингузари Ҷовидон – Потов, ду маркази хизматрасонӣ  аз  ҷониби соҳибкорон Идибек Шарифов ва Зарифбек Лашкаров мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд. Бунёди биноҳои кӯдакистон, маҷмааи хизматрасонӣ иборат аз коргоҳи дӯзандагӣ, кошонаи ҳусн, ҳаммом ва сартарошхона, иморати шуъбаи маориф ва дигар иншоотҳо босуръат идома доранд. Зикр бояд кард, ки танҳо аз давраи сафари кории гузашта ва ташрифи навбатии Президенти кишвар дар ноҳия шаш иншооти обрасонӣ дар ҳамдастии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, шарикони хориҷии рушд, пеш аз ҳама, Барномаи инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистони хазинаи Оғохон ва соҳибкорони муваффақ дар деҳоти Ванҷи Боло, Язгулом ва Вотхуд сохта, мавриди истифода қарор гирифтанд. Дар меҳвари чунин ҳамкориҳо ҳоло аз ҷониби соҳибкорони боҳиммат Темур Муҳаббатов, Масрур Маҳмадбеков ва дигарон биноҳои самти иҷтимоии бисёрошёна қомат хоҳанд афрохт.
Рамзҳои муқаддаси кишвар – Парчам ва Нишони давлатӣ, инчунин, пайкараи адиби номдори диёрамон Муллоёри Ванҷӣ дар шаҳраки Рохарв қомат афрохтаанд. Бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои ғамхор ва хирадманди миллат биноҳо ва иншооти се ва чорошёнаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4, шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, маркази хизматрасонии «Ванҷ» ва  дигарҳо  дар  фосилаи  вақти  кӯтоҳ    бунёд гашта, ҳоло маркази ноҳияро зебу оро медиҳанд. То Ҷашни фархундаи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 80 иншооти самтҳои гуногун бунёд мегардад. Он рӯз дур нест, ки дар маркази ноҳия аз биноҳои похсагин ному нишоне намемонанд. Сокинони Ванҷ аз он сипосгузоранд, ки аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб 6 километр роҳ мумфаршу чароғон ва гулпӯшу сабзпӯш шуд. Дастоварди аз ҳама муҳимтарин ин коҳишёбии сатҳи камбизоатии аҳолӣ мебошад. Акнун мардуми Ванҷ низ рӯзгори шоду хуррам ва серу пур доранд.
Роҳбари давлат солҳои 2019 – 2021- ро Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданду тибқи ин барномаи ҳукуматӣ имрӯзҳо дар кори дигаргунсозии инфрасохтори деҳоти  Вотхуд, Ванҷи Боло ва Язгулом аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия як қатор амалҳои бунёдкорӣ ва созандагӣ ба ҷо оварда мешаванд. Ҳоло дар деҳаҳои дурдасти наздикиҳои пиряхҳои Федченко ва Хирсон биноҳои нав, маконҳои зисти ҳозиразамони ҷавобгӯй ба талаботи меъморӣ бунёд мегарданд.
Дар сафари  гузашта  Пешвои  миллат  аз  дастовардҳои  кишоварзони  ноҳия, пеш аз ҳама,  боғдорон  изҳори  хушнудӣ  намуда, тавсия доданд, ки самтҳои афзалиятнок - зироаткорӣ ва занбӯриасалпарвариро равнақ диҳанд. Аҳли заҳмати хоҷагиҳои деҳқонӣ ва хусусӣ дастуру ҳидоятҳо ва маслиҳатҳои Роҳбари давлатро ба ҷо оварда, дар ин давра зиёда аз 100 гектар киштзори нав кушоданду домони боғҳо ҳоло 600 гектарро ташкил карда, то мавзеъҳои сароби рӯдхонаҳои Ванҷоб ва Язгуломоб расидаанд. Заҳматкашон дар таъмини барномаи амнияти озуқавории кишвар саҳми муносиб гузошта, садҳо тонна маҳсулотро ҳамасола ба бозорҳои шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ, Хуҷанд ва берун аз мамлакат содирот менамоянд. Ҳоло сокинони Ванҷ ба қадри дусола меваи хушк ва чормағз захира мекунанд ва эҳтиёҷоти худро пурра таъмин менамоянд.
Раиси ноҳияи Ванҷ Ҷаббори Қосим бо итминони комил гуфт, ки сокинони сарбаланд ва ободкори ноҳия камари ҳимматро боз ҳам мустаҳкам баста, баҳри истиқболи сазовори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Ҷашни фархундаи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалҳои зиёди шоистаро ба ҷо меоранду дар тамоми ҷабҳаҳо содиқона заҳмат кашида, дар ободии диёри пурганҷи худ ва, дар маҷмӯъ, рушди Бадахшон ва Тоҷикистони биҳишти рӯи Замин саҳми арзандаи хешро мегузоранд.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»,
Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.08.2020    №: 143    Мутолиа карданд: 110
22.01.2021


ҶАЛАСАИ XVII ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ КИШВАРҲОИ УЗВИ МУКОЛАМАИ ҲАМКОРИҲОИ ОСИЁ

21.01.2021


ДАР КӮЛОБ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ВАҚТИ ПАЙВАНДИ ИЛМ БО АМАЛ АСТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ФИФА. ТОҶИКИСТОНРО 14 ДОВАР МУАРРИФӢ МЕКУНАД

НАХУСТИН ФИЛМИ ТОҶИКИЮ БРИТАНӢ АЗ РӮИ ФИЛМНОМАИ АНИСА СОБИРӢ НАВОРБАРДОРӢ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАР РОССИЯ АЗ КОРОНАВИРУС ЗИЁДА АЗ 3 МИЛЛИОН БЕМОР ШИФО ЁФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУ БОЗИИ РАФИҚОНАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН

КОМЁБИИ ДАСТПАРВАРОНИ МТМУ № 45

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед