logo

иҷтимоиёт

ЧАРО ДАРСИ СУРУД ВА МУСИҚӢ ИХТИСОР ГАРДИД?

Аввали солҳои 50-уми асри гузашта тибқи барномаи таълимӣ барои ҳамаи синфҳои мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ таълими дарси мусиқӣ ва суруд ҳатмӣ ба роҳ монда шуда буд. Аммо каме баъдтар бинобар шароити мушкили кадрӣ ва норасоии китобу дастурҳои таълимӣ ва синфхонаҳо, таълими ин фан то синфҳои 7-умро дар бар гирифт.
Мутаассифона, солҳои аввали асри ХХI (соли 2004) дар ҷумҳурӣ омӯзиши фанни суруд ва мусиқӣ ба хонандагони синфи 7-уми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва миёнаи махсус қатъ гардида, хонандагони ин синфҳо аз олами зебои мусиқӣ бенасиб монданд.
Мавриди зикри хоса аст, ки дар ҳолати дуруст ба роҳ мондани ҷараёни дарси мусиқӣ ҷаҳони ботинии кӯдак ташаккул меёбад, маънавиёташ рушд намуда, рафтори ӯ дар ҷомеа боз ҳам беҳтару хубтар мегардад. Кӯдак маҳз дар ҷараёни дарси мусиқӣ, ҳамчунин, бо тарзҳои рафтор, ки ҳангоми дар муассисаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла театру намоишҳои консертӣ, ҳузур доштан талаб карда мешавад, бохабар мегардад.
Бинобар ин, ҷои таассуф аст, ки хонандагони синфи 7-уми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва миёнаи махсуси мо аз ин ганҷинаи бебаҳо - мусиқи миллии худ бенасиб мондаанд.
Дар гузашта фанне, ки дар синфи 7-уми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ омӯзонда мешуд, «мусиқӣ» номида шуда, баъдтар он «суруд» номгузорӣ шуд ва ҳоло ин фанро «суруд ва мусиқӣ» меноманд. Тӯли 45 дақиқаи дарси суруд ва мусиқӣ омӯзгорон ба шогирдони худ дурусту тоза сурудан, бодиққат шунидани мусиқӣ ва алифбои саводи мусиқиро омӯзонда, онҳоро бо жанрҳои гуногуни мусиқӣ аз наздик шинос менамуданд. Ҳоло бошад, дар синфи 7-ум ин фан ҳамчун фанни дарсӣ омӯзонда намешавад, ҳол  он ки  нақши муҳими омӯзиши ин фан дар инкишофу сабзиши насли ояндасозу ободгар собит шудааст. Мушкили дигар ин аст, ки хонандагони синфҳои 8-11-уми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ низ бо машғулиятҳои  беруназсинфии санъати мусиқӣ фаро гирифта намешаванд.
Аз ҳамин лиҳоз, мо, омӯзгорон, ки барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ муаллимони касбии суруд ва мусиқиро омода месозем, аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳишу талаб дорем, ки барномаи таълимии синфи 7-ум аз нав дида баромада ва ба ин синф таълиму тадриси фанни мазкур баргардонда шавад.
Бешак, дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ шумораи хоҳишмандоне, ки сурудану навохтанро омӯхтан мехоҳанд, кам нестанд. Инчунин, ин амал боиси он мегардад, ки аксар наврасони мо бо ҳар гуна бозиҳои фаҳшу зӯроварии компютерӣ машғул намешаванд.
Аз ин лиҳоз, якчанд таклифҳо дорем, ки ба ақидаи мо дар боло бурдани сатҳи дониши хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои махсуси мусиқӣ, хусусан синфҳои болоӣ (7-11), мусоидат карда  метавонанд. Аз ҷумла,  пешниҳод менамоем: омӯзиши фанни «Суруд ва мусиқӣ» дар синфи 7-уми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барқарор карда шавад ва барои таълифи Барномаи таълимӣ ва китоби «Суруд ва мусиқӣ» барои синфи 7 озмун эълон карда шавад.
Дигар пешниҳодамон ин аст, ки ба барномаҳову китобҳои дарсии мусиқии ҳамаи синфҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои махсуси мусиқӣ дар баробари ворид намудани асарҳои мусиқии композиторони шинохтаву муаллифони китобҳо, бо назардошти хусусиятҳои синнусолии кӯдакону наврасон ва имкониятҳои овози сарояндагии онҳо асарҳо аз эҷодиёти халқи тоҷик ва сурудҳои халқиятҳои дигар низ ворид карда шаванд. Зеро ин омил боиси наздик шудан ба фарҳангу санъати миллӣ ва халқиятҳои дигар гашта, кумаки зиёд мерасонад.
Аз ин рӯ, ҳолати воқеии бо кадрҳо ва созҳои зарурии мусиқӣ таъмин будани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои махсуси мусиқии ҷумҳурӣ омӯхта шавад.
Ҳамзамон, шуъбаҳои маориф ва маъмурияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ муаллимони суруд ва мусиқиро дастгирӣ намуда, онҳоро бо синфхонаи алоҳида, лавозимоти техникӣ, созҳои гуногуни миллию аврупоӣ ва асбобҳои аёнии соҳавӣ таъмин намоянд, зеро бе синфи алоҳида, созҳои мусиқиву лавозимоти техникӣ сифати таълими фанни мазкурро таъмин намудан имконнопазир аст.
Ҳамчунин, мувофиқи мақсад аст, агар барои  синфҳои болоӣ (8 - 11) ҳатмӣ маҳфилҳои (факултативҳои) беруназсинфии мусиқӣ, аз ҷумлаи ансамблҳои навозандагон, сарояндагон ва дигар маҳфилҳо ҷорӣ карда шаванд, зеро ин амал алоқамандии табиии хонандагонро бо санъати мусиқӣ таъмин намуда, боиси шуғли босамари хонандагон ва аз ҳар гуна равияҳои номатлуб боз доштани онҳо мегардад.

Саидмаҳмуд САИДҲОМИДОВ,
Хосият ШАРИФОВА,
омӯзгорони факултети мусиқӣ-омӯзгории
ДДФСТ ба номи М.Турсунзода


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.08.2020    №: 143    Мутолиа карданд: 114
22.01.2021


ҶАЛАСАИ XVII ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ КИШВАРҲОИ УЗВИ МУКОЛАМАИ ҲАМКОРИҲОИ ОСИЁ

21.01.2021


ДАР КӮЛОБ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ВАҚТИ ПАЙВАНДИ ИЛМ БО АМАЛ АСТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ФИФА. ТОҶИКИСТОНРО 14 ДОВАР МУАРРИФӢ МЕКУНАД

НАХУСТИН ФИЛМИ ТОҶИКИЮ БРИТАНӢ АЗ РӮИ ФИЛМНОМАИ АНИСА СОБИРӢ НАВОРБАРДОРӢ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАР РОССИЯ АЗ КОРОНАВИРУС ЗИЁДА АЗ 3 МИЛЛИОН БЕМОР ШИФО ЁФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУ БОЗИИ РАФИҚОНАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН

КОМЁБИИ ДАСТПАРВАРОНИ МТМУ № 45

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед