logo

иҷтимоиёт

ГАРМШАВИИ ИҚЛИМ. ИЛОҶИ ВОҚЕА ПЕШ АЗ ВУҚӮЪ

Мувофиқи маълумоти расмӣ, январи соли 2020 дар таърихи Тоҷикистон аз ҳама моҳи гармтарини зимистонӣ буд. Солҳои 2010 - 2019 даҳсолаи гармтарин ва 2015 - 2019 панҷсолаи гармтарин арзёбӣ мешаванд. Ба андешаи коршиносон, ба раванди гармшавии глобалӣ омилҳои гуногун, хусусан партофти газҳои гармхонаӣ ба ҳавои атмосфера, таъсири манфӣ мерасонанд. Масъалаи мавриди назар, бахусус чанд соли охир, ба проблемаи глобалии ҷаҳон табдил ёфтааст.  
Коршиносони ҷаҳон бар он назаранд, ки дар панҷ соли оянда гармии ҳаво рекорди нав мегузорад. Кумитаи обуҳавосанҷии Англия иттилоъ медиҳад,  ки ҳарорати иқлими ҷаҳон солҳои 2020 - 2024 назар ба солҳои 1850 -1900  тақрибан ба 1,5° C  боло  хоҳад рафт. Ин ба обшавии минбаъдаи пиряхҳо, баланд шудани сатҳи оби баҳр, хушксолӣ ва мавҷҳои гармӣ оварда мерасонад. То охири аср ҳарорати ҳаво нисбат ба меъёр то 4 - 5 дараҷа гармтар мешавад. Аллакай, раванди обшавии пиряхҳо оғоз ёфтааст.
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш дар бораи вазъи иқлими ҷаҳон гуфт, ки соли 2020 яке аз солҳои муҳим дар тағйири иқлим ба шумор хоҳад рафт ва бояд ба оқибатҳои аз ин ҳам бадтар шудани нишондиҳандаҳои тағйирёбии иқлим омодагӣ гирем ва тадбир ҷӯем.
Таҳлилҳои маълумоти иқлимии Россия, ИМА, Ҷопон ва кишварҳои Аврупо нишон медиҳанд, ки имсол дар фасли тобистон ҳарорати ҳаво аз меъёр 1- 2 дараҷа гармтар шудааст. Тибқи таҳлилҳои коршиносони сатҳи байналмилалӣ, сабаби асосии гарм омадани тобистони соли 2020 дар  Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, дар зери таъсири фишори пасти бефронталӣ ва фишори гармии баланд қарор гирифтани минтақа аст. Анбӯҳи ҳавои тропикии континенталии дорои ҳарорати баланд ва намии кам аз болои биёбонҳои гарм гузашта, ҳавои абрнок, хушк ва гармро дар нимаи тобистон ба вуҷуд меоранд. Қатъ гардидани ҳаракати ҷараёнҳо аз минтақаҳои Сибир, Урал, қисмати аврупоии Россия , яъне қатъ гардидани дохилшавии ҳавои нисбатан сард ва намнокӣ аз ин минтақаҳо, омили асосии гарм омадани тобистони имсола мебошад.
Мувофиқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, бо сабаби кам шудани ҳаракати ҷараёнҳои атмосферӣ дар кишвар ба амал омадани боришоти аз меъёр кам пешгӯӣ карда мешавад. Торафт гармтар шудани ҳарорати миёнаи солонаи ҳаво ва боришоти аз меъёр кам натиҷаи таъсири тағйирёбии иқлим мебошад.
Тоҷикистон баҳри иҷрои уҳдадориҳои худ оид ба тағйирёбии иқлим тадбирҳои муассирро роҳандозӣ намудааст. Ҳоло амалисозии лоиҳаи муштараки Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид “Омода намудани нахустин ҳисоботи дусола ҷиҳати барӯйхатдарории (инвентаризатсияи) газҳои гармхонаӣ” идома ёфта, гузориши чаҳоруми Тоҷикистон дар доираи Конвенсияи қолабии СММ “Оид ба тағйирёбии иқлим” омода мегардад.
Тавре Насриддин Миниқулов, роҳбари лоиҳаи ҳисоботи чоруми миллӣ оид ба тағйирёбии иқлим, изҳор дошт, нахустин ҳисоботи дусолаи Тоҷикистон дар бораи барӯйхатдарории партовҳои газҳои гармхонаӣ тартиб дода шуд ва моҳи июни соли 2019 ба котиботи Конвенсияи СММ “Оид ба тағйирёбии иқлим” ирсол гардид. Таҳияи ҳисоботи якуми дусола дар бораи баҳисобгирии партовҳои газҳои гармхонаӣ вобаста ба конвенсияи номбурда уҳдадории базиммагирифтаи кишвар дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба фаъолият дар ҳалли масъалаҳои тағйирёбии иқлим ба ҳисоб меравад. Дар доираи ин лоиҳа, савияи дониши 50 муаллим ва 600 хонандаи 10 муассисаи таълимии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ ба оқибатҳои он баланд бардошта, бо сокинони ин минтақаҳо вохӯрию семинарҳо гузаронда шуданд.
Дар доираи лоиҳаи зикргардида, инчунин, ҳаҷми партови газҳои гармхонаӣ то соли 2030 пешгӯӣ карда мешавад. Ин нишондиҳанда барои андешидани чораҳо ҷиҳати коҳиш додани таъсири тағйирёбии иқлим ва кам намудани талафоти молиявӣ заминаи асосӣ мегузорад.

Нигина РАҲМОН, “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.08.2020    №: 143    Мутолиа карданд: 108
22.01.2021


ҶАЛАСАИ XVII ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ КИШВАРҲОИ УЗВИ МУКОЛАМАИ ҲАМКОРИҲОИ ОСИЁ

21.01.2021


ДАР КӮЛОБ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ВАҚТИ ПАЙВАНДИ ИЛМ БО АМАЛ АСТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ФИФА. ТОҶИКИСТОНРО 14 ДОВАР МУАРРИФӢ МЕКУНАД

НАХУСТИН ФИЛМИ ТОҶИКИЮ БРИТАНӢ АЗ РӮИ ФИЛМНОМАИ АНИСА СОБИРӢ НАВОРБАРДОРӢ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАР РОССИЯ АЗ КОРОНАВИРУС ЗИЁДА АЗ 3 МИЛЛИОН БЕМОР ШИФО ЁФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУ БОЗИИ РАФИҚОНАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН

КОМЁБИИ ДАСТПАРВАРОНИ МТМУ № 45

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед