logo

иҷтимоиёт

COVID -19. БАРХӮРДОРИИ НИЁЗМАНДОН АЗ ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ИҶТИМОӢ

Дар мубориза бо вабои нави ҷаҳонӣ – COVID - 19  дар қатори кормандони соҳаи тандурустӣ, хусусан табибони ҳозиқ, ки баҳри пешгирии паҳншавии беморӣ, нигоҳдории сиҳатӣ ва табобати шаҳрвандони гирифтори сирояти коронавирус заҳматҳо мекашанд, кормандони ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар низ бо хизмати содиқонаву софдилона саҳми назарраси худро мегузоранд.
Кормандони Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақагирон ва маъюбони шаҳри Душанбе эмину солим нигоҳ доштани қишри осебпазири аҳолӣ, бошандагони хонаҳои пиронсолону маъюбон, тақвияти корҳои санитарию дезинфексионӣ, пешгирии интиқол ва паҳншавии  бемории коронавирусро дар меҳвари фаъолияти худ қарор додаанд.
Айни замон дар муассиса 100 нафар  шахсони ниёзманд, аз ҷумла 25 шахси танҳо ва бе ҷои зисти доимӣ дар будубоши муваққатӣ, 75 нафақагиру маъюб бо хизматрасониҳои иҷтимоӣ фаро гирифта шудаанд.
Кормандонро ба гурӯҳҳои корӣ ҷудо карда, гурӯҳҳо муддати 14 рӯз бо риояи пурраи низоми карантинӣ фаъолият менамоянд. Хизматрасонӣ ба тариқи фосилавӣ ба роҳ монда шудааст. Айни ҳол бошандагон аз чунин намудҳои хизматрасониҳои иҷтимоӣ истифода мебаранд:
маишӣ - таъмини 3 вақт хӯроки гарм, шустушӯи либосҳо, ҳафтае 2 маротиба шустушӯи бадан дар ҳаммом, ташхису муоинаҳои гуногуни тиббӣ, табобат ва бистарӣ кардани бошандагон дар беморхонаҳо, истифода аз кабинети табобат ва гӯшаи гиёҳдармонӣ;
ҳуқуқӣ - барқарорсозии ҳуҷҷатҳои гумшудаи истифодабарандагон, гирифтани РМА ва шиносномаҳои нав, гузоштани қайди муваққатии шиноснома, таъйини гурӯҳи маъюбӣ, барқарор ва таъйини нафақаҳои синусолӣ ва маъюбӣ, дарёфти наздикони бошандагон, баргардондани онҳо  барои зист дар муҳити оила, омодасозии ҳуҷҷатҳо барои ҷойгир кардан дар хона - интернатҳо;
фарҳангӣ - истифода аз китобхонаи марказ, ки дорои 1500 нусха китоб мебошад, рӯзномаву маҷаллаҳои даврӣ, тамошои фосилавии барномаҳои телевизионӣ, ширкат дар амалҳои ободонӣ, маҳфилҳои дӯзандагӣ, гулпарварӣ, шоҳмот, кори маҳсулнок дар коргоҳҳои кафшергарӣ ва қаннодӣ.
Бо дастури мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо шуъбаҳои ноҳиявии (ноҳияҳои шаҳри Душанбе)  хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона аз  24-уми  апрели соли 2020 хизматрасонии иҷтимоӣ ба истифодабарандагони  хизмати рӯзона дар ҷои зист муқаррар шудааст. Дар ин давра барои таъмини ниёзмандон бо маҳсулоти хӯрока ба  истифодабарандагони хизмати иҷтимоии рӯзона ва солхӯрдагони ниёзманди пойтахт  бо иштироки намояндагони Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 4 маротиба: 24 апрел бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе, 25 май ба муносибати Рӯзи Ғалаба, 28 май бахшида ба Иди Рамазон, 26 июн ба муносибати 23 - солагии  Рӯзи ваҳдати миллӣ маводи хӯрока тақсим карда шуд.
Айни ҳол дар муассиса ба ифтихори 30- юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои таъмири ҷорӣ, навсозӣ, сабзу хуррамгардонӣ, зиннатдиҳию пероиши бино ва атрофи муассиса идома дорад. Чунин корҳои сабуки аҳлона низ ба ҳолати рӯҳӣ ва саломатии бошандагону кормандон  таъсири хуб мерасонанд.

М. ЗАРИФОВА, директори
Маркази минтақавии хизмати
иҷтимоӣ ба нафақагирон ва
маъюбони шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.08.2020    №: 143    Мутолиа карданд: 205
15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ

МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БОЗ ЯК БУНГОҲИ НАЗОРАТӢ КУШОДА ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУШАНБЕ. ОЗМУНИ МАЪРИФАТАФЗО ҶАМЪБАСТ ШУД

БМТ АЗ ИҚДОМИ НАҶИБИ САРВАРИ ДАВЛАТ ҶОНИБДОРӢ КАРД

07.01.2021


ДАНҒАРА. ВУСЪАТИ КОРҲОИ НИҲОЛШИНОНӢ

ВАРЗИШ

САТҲИ ҶАҲОНИИ ФАҚР БОРИ АВВАЛ ДАР 22 СОЛИ ОХИР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

06.01.2021


ТАҚДИМИ ТЕХНИКА БА КИШОВАРЗОНИ НОҲИЯҲОИ ДЕВАШТИЧ ВА ШАҲРИСТОН

СУҒД. 92 ИНШООТИ ТАНДУРУСТӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҲАР КӢ ХАНДОНАД ЯТИМИ ХАСТАРО...

ПУТИН ВА МЕРКЕЛ МАСЪАЛАИ ИСТЕҲСОЛИ ВАКСИНАИ ЗИДДИ COVID-19 - РО БАРРАСӢ КАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

05.01.2021


ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

МАЪМУРИЯТИ БАЙДЕН НИЯТИ БО РОССИЯ ДОИР БА ССҲ БА МУВОФИҚА РАСИДАН ДОРАД

WORLD JUDO MASTERS

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «КИТОБИ СОЛ – 2020». ҒОЛИБОН МУАЙЯН ШУДАНД

04.01.2021


ХОВАЛИНГ БА ҶАШНИ 30 - СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ОМОДА МЕШАВАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед