иҷтимоиёт
ОБИ ПОКРО БО ПАРТОВ НАОМЕЗЕМ
Вақти ба ҷои кор омадану аз кор рафтан аз қитъаи шоҳроҳи байналмилалии Душанбе – Кӯлоб - Хоруғ – Қулма - Қароқурум мегузарам. Аз тирезаи мошин ба берун менигараму дилам аз шодӣ лабрез мешавад. Чӣ қадар пешравӣ, чӣ қадар ободониву созандагӣ, биноҳои боҳашамату боғҳои нав, корхонаи коркарди ғалла, Неругоҳи барқи обии “Помир - 1”, биноҳои замонавии муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, биноҳои маъмурӣ, терминалҳои нақлиёти мусофиркаш...
Аксари онҳо дар замони соҳибистиқлолӣ бунёд ёфта, корҳои созандагиву ободонӣ бомаром идома доранд. Кас аз тамошои ин манзараҳои дилфиреб ҳаловат мебарад. Вале баъзан чашми кас ба ҷузъиёти алоҳидае меафтад, ки ба як бор табъро хира месозанд. Масалан, вақте бегоҳиҳо аз ҷои кор тарафи хона роҳ мегирам, аз мавзеи Тахак тарафи водии Ғунди ноҳияи Шуғнон 200 -300 метр нагузашта, мебинам, ки мошини боркаш аз қади роҳи калон ба тарафи дарёи Ғунд ва канали Неругоҳи барқи обии шаҳри Хоруғ партовҳои сохтмонӣ ва ё хокрӯбаву ахлот мефарорад. Ин ҳолат дар ин мавзеъҳо як ҳодисаи муқаррарӣ шуда мондааст. Касе ба ин эътибор ҳам намедиҳад. Пиёдаву савора аз ин ҷо одамони зиёде мегузаранд, вале касе не ба мошину не ба бори он нигоҳ намекунад. Ҳол он ки ин одамон муҳитро ифлос мекунанд. Ахлоту партове, ки дар сари роҳи калон партофта мешавад, ба дарё мерезад. Дар поёноб бошад, садҳо хоҷагӣ оби дарёву каналро бо насосу қубури худҷорӣ ба хонаҳояшон кашида, солҳо боз чун оби ошомиданӣ истифода мекунанд. Аҷибаш он ки бештари партовпартоён худи истифодабарандагони ҳамон обеанд, ки аз таги ин мавзеъ мегузарад.
Вақте ба ронандаи як мошинаи боркаше, ки дар мавзеи номбурда ахлоту хокрӯба мефаровард, дар ин бобат эрод гирифтем, ӯ дар ҷавоб гуфт:
- Ман сохтмон дорам. Хоҳ - нохоҳ партов пайдо мешавад. Онро аз назди хонаам дур накунам, чӣ мешавад? Агар дар ин наздикиҳо як партовгоҳ мебуд, ман ҳам ба ин ҷо намеомадам. Як партовгоҳи тарафи Дарморахти ноҳияи Шуғнон ҳам дигар тавони ғунҷондани ин ҳама партову пасмондаҳоро надорад. Ин мушкили як ман нест, ҳамаи онҳое, ки хона ё иншооти дигар месозанд, ба ин мушкил мувоҷеҳанд. Мошинҳое, ки аз шаҳри Душанбе ва дигар манотиқ ба бозорҳои шаҳри Хоруғ бор меоранд, пасмондаву хокрӯба, маҳсулоти вайроншудаи дар мошинҳояшон мондаро куҷо мебаранд? Албатта, аз шаҳр каме берун бароварда, ҳамаашро дар сари роҳи калон холӣ мекунанд. Онро касе дар бозгашт ба Душанбе ё маҳали зисташ намебарад. Мо чӣ кор кунем?
Аз як тараф, гапи ҳамсуҳбати ман ҳам ҷон дошт. Зеро вазъияте, ки дар мавзеи Тунелен ба чашм мерасад, дар дигар самтҳои атрофи шаҳри Хоруғ ҳам ҷой дорад. Ба назарам, вақти он расидааст, ки дар наздикиҳои шаҳр бунёди як партовгоҳи замонавӣ бо корхонае, ки партовҳоро коркард мекунад, ба нақша гирифта шавад. Шояд ягон соҳибкори соҳибзавқе ба ин кор даст занад. Зеро давом ёфтани чунин ҳоли партовпартоӣ оқибати хуб надорад.
Вақте мо бо ронандаи қонуншикан суҳбат мекардем, бод селофану партовҳоро аз болои мошин бозӣ доронда, ба тарафи дарё ғелонда мебурд. То субҳ дар ин ҷо ба ғайр аз сангпораву хоки намкашида дигар чизе намемонад, ки он ҳам бо оби борон ба дарё мерезад, меомезаду ба поён ҳаракат мекунад. Дар поёноб, дар ошхонаву чойхона, манзилҳои истиқоматӣ обро ҳазорҳо нафар истеъмол мекунанд. Нӯши ҷон! Вале баъди истеъмоли чунин об аз саломатии одамон кас хавотир мекашад.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 04.08.2020 №: 144 Мутолиа карданд: 246