logo

Хабарҳо

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҶУФТҲОИ ДАВРИ 1/4 - ФИНАЛӢ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

Дастаҳои «Регар - ТадАЗ», «Истаравшан», «Кӯктош», «Локомотив - Помир», «Хатлон», «Равшан» (Кӯлоб), «Эсхата» ва «Истиқлол» пас аз шикаст додани рақибонашон дар даври 1/8 - финал ба даври 1/4 - ниҳоӣ баромаданд.
Тибқи иттилои ЛФТ, дар ин марҳила «Равшан» - «Истиқлол», «Локомотив - Помир» - «Регар - ТадАЗ», «Эсхата» - «Хатлон» ва «Истаравшан» - «Кӯктош» бо ҳам қувваозмоӣ мекунанд.


ФУТЗАЛ. РАҚОБАТИ "СОРО КОМПАНИЯ" ВА "СИПАР" ШИДДАТ МЕГИРАД
Дар даври сеюми Лигаи касбии футзали Тоҷикистон  муддаиёни асосии медалҳои тилло «Соро компания» ва «Сипар» рақибонашонро шикаст дода, бо нуҳхолӣ дар садри ҷадвали чемпионат қарор доранд.
Тавре аз департаменти футзали ФФТ хабар доданд, дар ин давр «Соро компания» бар дастаи «Муҳоҷир» бо ҳисоби 8:1 ғалаба карда, «Сипар» тими «Истаравшан» - ро шикаст дод (7:4). «Равшан» пас аз пирӯзӣ бар «Самандар» (10:5) аввалин ғалабаашро ба даст овард.
Бозиҳои даври навбатӣ 5 август баргузор мешаванд ва дар онҳо  «Самандар» бо «Сипар», «Муҳоҷир» бо «Истаравшан» ва «Соро компания» бо «Равшан» вомехӯранд.


СУПЕРҶОМИ БУЛҒОРИСТОН. УМАРБОЕВ БО ТИМАШ ОНРО СОҲИБ ШУД
Ниммуҳофизатгари тими миллии Тоҷикистон ва дастаи «Локомотив» Пловдиви Булғористон Парвизҷон Умарбоев бо бошгоҳаш соҳиби Суперҷоми Булғористон шуд.
Бино ба маълумоти сомонаи тим, дар вохӯрӣ барои суперҷом «Локомотив» қаҳрамони феълии Булғористон – «Лудогоретск» - ро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод.
Бояд тазаккур дод, ки барои П. Умарбоев ин ҷоизаи сеюм дар ҳайати дастааш мебошад. Қаблан, футболбози тоҷик ду сол пайи ҳам Ҷоми Булғористонро ба даст оварда буд.
Акнун, ин даста  дар даври интихобии Лигаи Аврупо – 2020/21 бозӣ мекунад.  

Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 209
17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

ЛЕВАКАНТ. ПАХТАЧИНӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД

ТОҶИКИСТОН НОЗИРОНИ ИДМ-РО БА ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАЪВАТ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,4 дарсади беморон шифо ёфтанд

НОҲИЯИ ВОСЕЪ. БОЗ 82 ШАҲРВАНД БО КОР ТАЪМИН ГАРДИД

ТАЪСИСИ 86 КОРХОНА ДАР ҲАФТ МОҲ

«ЛИДАР». АКНУН ТАРКИБИ МОЛЕКУЛАВИИ ҲАВО САНҶИДА МЕШАВАД

14.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 7816 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ПАЙВАНДГАРИ ДИРӮЗУ ИМРӮЗ. БАРДОШТ АЗ ҲАМОИШИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАХШИДА БА 90-СОЛАГИИ "ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН"

US OPEN. ТИМ ВА НАОМИ ҒОЛИБОНИ ИН МУСОБИҚА

СММ КИШВАРҲОИ ПЕШРАФТАРО ДАЪВАТ НАМУД, КИ АЗ ТАҲРИМОТ АЛАЙҲИ МАМЛАКАТҲОИ РУШДКУНАНДА ДАСТ КАШАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

11.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 7 ҲАЗОРУ 714 СИРОЯТЁФТА АЗ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ЛИГАИ БОНУВОН. «ЗЕБОНИСО» БОРИ ДУЮМ ЧЕМПИОНИ ТОҶИКИСТОН ШУД

САФОРАТ ВА ДОМОДЕДОВО ХАБАРҲО ДАР БОРАИ БАНД МОНДАНИ ТОҶИКОНРО ДАР ФУРУДГОҲ РАД КАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

10.09.2020


НИСФИ КӮДАКОНИ РУСИЯГӢ COVID-19-РО САБУК ГУЗАРОНДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ОҒОЗИ НАШРИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ

08.09.2020


ТОҶИКИСТОН. ШАБОНАРӮЗИ ОХИР 32 ҲОДИСАИ НАВИ БЕМОРИИ COVID – 19 ОШКОР ШУД

СҲШ, ИДМ ВА СААД БОРИ АВВАЛ АЛАЙҲИ ТЕРРОРИЗМ МАШҚҲОИ МУШТАРАК МЕГУЗАРОНАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ТОҶИКИСТОН БАР ТИМИ ӮЗБЕКИСТОН ҒОЛИБ ОМАД

ТОҶИКИСТОН. 7 ҲАЗОРУ 581 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

04.09.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 7 ҲАЗОРУ 482 КАС РАСИД

ОЗМУНИ XVII БАЙНАЛМИЛАЛИИ «САНЪАТИ КИТОБ». «УФУҚҲОИ ИСТИҚЛОЛ» СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА ГАРДИД

ПЕСКОВ БА АЙБДОРСОЗИИ МОСКВА ДАР ҲОДИСА БО НАВАЛНИЙ ҶАВОБ ГАРДОНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед