иҷтимоиёт
«ПОМИР ЭНЕРҶИ». БОМИ ҶАҲОНРО ЧАРОҒОН МЕНАМОЯД
Кормандони ширкати «Помир энерҷи» дар доираи сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мушкилоти сокинони ноҳияҳои Ванҷу Дарвозро осон намуданд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки кормандони ширкат баҳри ба амал баровардани дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - «Бадахшон ба дарвозаи тиллоии Тоҷикистон табдил меёбад» фаъолият бурда, як қатор корҳои шоистаро ба ҷо оварданд.
Дар партави ҳидоятҳои Роҳбари давлат хати барқи баландшиддати Рӯшон – Шидз – Деҳ - Язгулом ба ҳашт деҳаи Ҷамоати деҳоти Язгулом кашида шуд. Ҳамчунин, масъулони соҳа азнавсозии хати барқро ба деҳаҳои баландкӯҳи Ширговад, Мудехарв, Ғуҷоваст, Сумгаду Мурғудга, Поимазору Ванван бо сифати баланд дар ҳамкорӣ бо барқчиёни мамлакат ба ҷо оварданд. Имрӯз аҳолии деҳаҳои подомони пиряхҳои Федченко, Хирсон ва деҳаҳои Язгулом бо барқи доимӣ таъминанд. Ба ғайр аз ин хати барқи Курговади ноҳияи Дарвоз – Даштак - Рохарв азнавсозӣ гардида, тавоноиаш аз 10 киловатт - соат ба 35 киловатт - соат расонда шуд.
Дар ноҳияи Дарвоз низ ба гуфтаи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Дарвоз Саидбурҳон Абдураҳмонзода чор сол пеш сели калон маҷрои дарёи Панҷро чанд соате банд намуд, сел 22 оилаи деҳаҳои Хостав ва Ширговади деҳоти Нулвандро бехонаву дар намуд. Барои зисти доимӣ дар мавзеи Тангнои Дарвоз деҳаи қадимаи Яхчисор барои онҳо аз нав эҳё гардид. Сокинони бидуни манзили зистмонда ба ин деҳаи хушобу ҳаво ва дорои замину боғоти дилпазир кӯчонда шуда, барояшон биноҳои истиқоматӣ, маркази саломатӣ, мактаб, мағоза ва чойхона - ошхона сохтанд. Ширкати «Помир энерҷи» дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллатро ба зудӣ ба ҷо оварда, хати баландшиддати барқи Зиғар - Яхчисорро дар масофаи 15 километр кашиданд. Ҳоло сокинони деҳа хонаҳои равшан дошта, аз чизе танқисӣ надоранд. Барои ҳамаи ин ғамхориҳо ва иқдомҳои шоиста мардуми ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз шукронаи ғамхориҳои Роҳбари давлат ва файзу баракати даврони истиқлолиятро менамоянд.
Имрӯзҳо кормандони маҷмааҳои минтақавии энергетикии ноҳияҳои Ванҷу Дарвози ширкати «Помир энерҷи» баҳри дар фаслҳои тирамоҳу зимистони солҳои 2020 - 2021 мураттаб кор кардани неругоҳҳои барқи обии «Ванҷ-1», «Ванҷ- 2», «Андарбак», «Техарв», «Поимазор»-и ноҳияи Ванҷ, «Ширг-1», «Ширг-2» ва «Хумбиварӣ» таъмири хатҳои баландшиддати барқи Рӯшон - Язгулом, Рохарв - Поимазор ва Шугнов - Сағирдашт – Қалъаихумб - Ванҷ, инчунин, трансформаторҳо ва дигар таҷҳизотро хушсифат ба ҷо оварда истодаанд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»,
Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 05.08.2020 №: 145 Мутолиа карданд: 233