иҷтимоиёт
МАНБАИ ИЛҲОМ. ДАР ВАСФИ ВАТАНИ БИҲИШТОСОЕ, КИ ДОРЕМ
Кӯҳҳои сарбафалаккашидаву осмонбӯс, дараҳои зебоманзар, водиҳои дорои иқлими мусоиду муътадил, ки дар онҳо киштҳои пахта, токзор, боғҳои меваҳои шаҳдбор доман густардаанд, дар ҳудуди биҳиштосои Тоҷикистони азиз воқеъ гардидаанд. Табиати афсункораш ҳар бинандаро шайдо месозад. Душанбе - қалби Ҷумҳурии Тоҷикистон, бузургтарин шаҳри кишвар бо зебоиҳои нотакрор, Гулистон бо қолину фаршҳои зебову мунаққашу марғуб, Норак ҳамчун манбаи об бо неругоҳи барқии беназири худ шуҳратёр мебошанд. Чакану фалак, ки рамзи Кӯлобшаҳр аст, имрӯз вориди рӯйхати мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО гаштаанд. Ҳунармандии чирадасти ин сарзамин дар ҳар нафасу ҳар қадам эҳсос мешавад. Ҳамин буд, ки Кӯлобро ба муддати 5 сол чун пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил интихоб намуданд. Ҳисор бо қалъаи таърихӣ, Роғун бо сарбанди баландтарин, Панҷакент бо Саразми бостонӣ, Истаравшан бо қалъаи Муғу Қадамҷой ва ёдгориҳои таърихиву сайёҳӣ мӯҷиби нуфузи Тоҷикистон дар минтақа ва ҷаҳон гаштаанд.
Кишвари мо дар миёни дигар мамолики сайёра имрӯзҳо бо мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва истироҳатию ҳунармандии хеш шуҳратёр гардидааст. Гувоҳи ин гуфтаҳо вуруди шумораи зиёди сайёҳони хориҷӣ дар соли 2018, яъне Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба хоки Тоҷикистони соҳибтамаддун аст. Маҳз ҳамин ҷанбаро ба инобат гирифта, солҳои 2019 – 2021 бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Агар як сабаби пешниҳоди мазкур ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ва равнақи соҳаи сайёҳӣ бошад, ҷанбаи дигари он, бешак, рушди деҳоту маҳаллаҳо, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, эҳёи ҳунарҳои зудудашуда ва муаррифии ҳунармандони кишвар мебошад. Ҳар ду ҷанба низ мувофиқ ба табиати Тоҷикистон аст ва маҳз ба шарофати эълони мазкур маҳсулоти дастии ҳунармандони мо, аллакай, вориди рақобатҳои бозори ҷаҳонӣ гаштаанду ҷаҳониён эътирофамон менамоянд.
Душанбе қалби Тоҷикистони бузург мебошад. Ин шаҳри таърихӣ шурӯъ аз соли 1924 чун маркази маъмурии Тоҷикистон шинохта шудааст. Душанбеи афсонавӣ рӯз ба рӯз тараққӣ карда, аз як деҳи хурд ба бузургтарин маркази иқтисодию сиёсӣ ва илмию фарҳангии тоҷикон мубаддал гашта истодааст. Иттиҳоду марказҳои бузурги санъат ва илму фарҳанг, савдо ва тиҷорат, коргоҳҳои бузурги саноатӣ, гулгашту боғҳои фарҳангиву фароғатӣ, бинову иморатҳои муҳташам ва дигар иншооти муосир бунёд гардидаанд.
Хуллас, Тоҷикистони азизу беназири мо арзанда ба ҳама каломи булуғу фасеҳ аст, зеро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ шуда, бо иқдому ташаббусҳои наҷибонаи Пешвои хирадманду созандааш мешукуфад. Месазад гуфт, ки чашмаи ҳунару истеъдод, малакаву маҳорат ва таҷрибаи ғании халқи тоҷик маншаъ аз гузаштагон гирифта, саршори меҳр мебошаду ихлосу боварӣ ва ба ҷониби оянда ҷараён дорад. Бигузор ин чашма ҳаргиз хушк нагардаду чашмаҳои дигар ба он зам шаванд ва он табдил ба баҳри азими ҳунару истеъдод гардида, табъи оламиёнро солиёни сол болида гардонад.
Ҷаҳонгир МАҲКАМОВ,
омӯзгори МТМУ № 40, шаҳри Истаравшан
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 06.08.2020 №: 146 Мутолиа карданд: 104