иҷтимоиёт
ОИЛА ТАКЯГОҲИ АСОСИИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ
Оила бақои давлат ва ҷамъият буда, пойдевори тарбияи насли наврас маҳз дар он гузошта мешавад. Яке аз масъалаҳои мубрами имрӯзи ҷомеа бунёди оилаи солим ва тарбияи насли ояндасоз ба шумор меравад, ки ҳалли дурусти он ба рафти инкишофи худи инсон ва рушди ҷомеа вобаста мебошад.
Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар он ташаккул меёбанд. Миллати тоҷик дар бунёди оила ва танзими муносибатҳо байни аъзоёни он мактаби бузурги худро дорад. Нақши калидии оила ҳамчун як ҷузъи асосии ҷамъият дар тарбияи фарзанди солим, бомаърифату ватандӯст басо калон аст. Бинобар ин, бунёди оила масъулият ва муносибати ҷиддиро тақозо менамояд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин бобат чунин фармудаанд: «Давлат дар доираи талаботи Конститутсия ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла ҳимояи оила, ҳифзи кӯдакони ятиму маъюб ва таҳсилу табобати шаҳрвандонро кафолат дода, оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад”. Заҳмату кӯшишҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат ба яке аз масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ва ҳаётии миллат – таҳкиму пойдории оила ва муносибатҳои оиладорӣ нигаронда шудааст. Зеро мустаҳкамӣ ва устувории оила маҳаки асосии субот ва назму тартиби ҷомеа мебошад.
Барои солим будани оилаҳо, рафъи косташавии маърифати оиладорӣ талоши давлату ҷамъият ва худи шаҳрвандон зарур аст. Чунки оила ҳамчун мактаби аввалини рӯзгор барои ҳифзи соҳибистиқлолии давлат ва ҷомеаи шаҳрвандии муосир нақши назаррас дорад. Ҳаёт боисрор талаб мекунад, ки мо бояд барои бунёди оила ва ҷомеаи солим фарзандонро барои ҳаёти мустақилона омода намоем. Дар давраи ҷаҳонишавӣ масъалаи аз рӯи принсипҳои ахлоқи ҷамъиятӣ устувор гаштани ақди никоҳ, оила ва муносибатҳои оилавӣ, дар руҳияи садоқат ба Ватан, халқ, муносибати бошуурона ба заҳмати муфиди ҷамъиятӣ, тарбия кардани насли наврас эътибори махсусро тақозо менамояд, зеро пешрафти иҷтимоии ҷомеа ба устувории оила вобастагӣ дорад.
Оила аз замони офариниши инсон, арзи ҳастӣ дошта, дар ҳар давру замон ҳамчун воҳиди асосии ҷомеа маҳсуб меёбад. Муҳимтарин коре, ки инсон дар ҳаёти худ анҷом медиҳад, ин бунёди оила аст. Муқаддасоти оила, пеш аз ҳама, дар покии ахлоқӣ ва ҷисмонӣ зуҳур меёбад. Оромиш, муҳаббат ва эҳтироми якдигар дар оила бузургтарин ва муқаддастарин рисолати иҷтимоӣ буда, ба ин васила ба ташаккули инсон ҳамчун шахсияти бархӯрдор аз одобу фарҳанг сурат мепазирад.
Дар бораи нақш ва саҳми оила дар рушду такомули ҷомеа ва миллат бузургтарин ҷомеашиносон ва равоншиносону муаллимони ахлоқ беҳтарин суханҳо гуфтаанд. Бо вуҷуд ин ба назари мо ҳар рӯз таҳлили муқаддасоти оила ва арҷ гузоштан ба нақши он дар ташаккули ҳар як аъзои ҷомеа метавонад ҷойгоҳи созандаи хонаводаро бештар таҳким бахшад. Бешубҳа, талоши ҳар яки мо барои такмили асоси оила гиромидошти ҷойгоҳи муқаддаси он маҳсуб мегардад.
Миллати тоҷик дар ташкили оила ва муносибатҳои байни аъзоёни оила мактаби бузурги худро дошта, дар тарбияи фарзанди солим, бомаърифату ватандӯст нақши калидии оила ҳамчун як ҷузъи асосии ҷамъият басо калон аст. Ба ҳамагон маълум аст, ки бо назардошти муҳимияти масъала ва нақши оила дар ҷамъият Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015 - ро Соли оила эълон намуданд.
Аз ин рӯ, дар ин лаҳзаҳои ҳассос, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро бо паҳншавии бемории сироятии коронавирус нигарон кардааст, беш аз ҳарвақта ба саломатии худ ва аъзоёни хонаводаи худ аҳамияти ҷиддӣ равона намуда, нисбат ба якдигар ғамхору меҳрубон бошем. Дастури мутахассисони соҳаи тиб вобаста ба пешгирӣ аз сироятшавиро риоя намуда, ба масъалаи тозагиву қоидаҳои беҳдоштӣ ҷиддӣ муносибат намоем. Дар ҳамбастагӣ бар зидди ин вабои аср истодагарӣ кардан далолат аз сарҷамъию иттифоқу иттиҳоди мост. Содиқонаву софдилона заҳмат кашем ва садоқату ҷоннисории худро нисбат ба Ватан, давлат ва халқамон исбот намоем. Маҳз бо ҳамин хислатҳои ҳамидаи инсонӣ мо метавонем аз тамоми мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ раҳо ёфта, зиндагии осоиштаю бомароми худро идома диҳем ва дар рушду нумӯи кишвари азизи худ саҳмгузорӣ намоем.
Париноз УЛФАТШОЕВА,
омӯзгори МТМУ № 77, ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 06.08.2020 №: 146 Мутолиа карданд: 114