logo

иҷтимоиёт

САДОҚАТ

Ҳар гоҳи рӯ ба рӯ омадан бо шиносону қадрдонҳо, аввал дар лабонаш табассум гул мекард ва баъд гарм оғӯш кушода, ҳоли онҳоро мепурсид. Механдид, ки ғамро шодию мотамро ҷашн ва оби сарчашмаи хандаашро ҷойгири борони ашкҳо гардонад. Мехост, ки касе аз хони пурнеъмати умр бебаҳра ва мусофире дар нимаи роҳи ҳаёт намонад. Ободии кишвару осудагии халқро таманно дошт ва дар ин ҷода ба қадри тавон саҳм мегузошт.
Дар роҳу кӯча ва дар гулгашту хиёбон ӯро дар либоси ҳарбӣ, ки пеши бараш пур аз нишону орден ва медалҳо буд, медидам. Либоси касбӣ ба танаш шинаму зебанда буд ва салобатнокаш мегирифт. Ӯ дар фасли гармо ҳам либоси ғафси сарбозиро аз тан бадар намекард. Пиру ҷавон ӯро аз дур ҳам, ки медиданд, аз рӯи ҳамеша дар як либос гаштанаш, ки аз садоқат ба вазифаи хизматӣ қисса мекард, мешинохтанд ва мегуфтанд: "Абдусаттори Гулаҳмад аст" ва ному насабашро ба забон гирифта, эҳтиромашро баҷо меоварданд. Ман низ ҳангоми вохӯрӣ  дидори неку либоси пурситораашро дида, аз ҳавас мисли дигарон полковникро "Генерал" мегуфтам. Шояд  дар дил орзуи генерал шудан дошт, ки аз шунидани ин тахаллуси пурдабдабаю рутбаи баланд ифтихор менамуд. Ӯ ҳам маро устод гуфта, нахуст  аз банда дар мавзӯи Тоҷикистону Ватан шеъри нав талаб мекард.
- Надошта бошӣ, бинавис, агар писанд ояд,  онро дар саҳифаи аввали моҳномаи  "Марзбони Ватан" ё ки  дар маҷаллаи "Марзбон"  чоп мекунам, сарбозон хонда, худшиносу ватандӯст мешаванд, - мегуфт. Суханашро дар замин намонда, хоҳишашро зуд иҷро мекардам. Гоҳе, ки вобаста ба мавзӯи рӯз шеъри табъи дил намеёфт, барои обрӯю хонданбоб шудани моҳномаву маҷалла худаш эҷод мекард.
Абдусаттор, ки хабарнигори заҳматкаш ҳатто барои як мавод ба мавзеъҳои дур рафта, супориши идораро сари вақт иҷро мекард. Ҳар гоҳе ки телефонаш карда, супоришаш медоданд, аз ҷой хеста, дасташро ба рӯи қафаси сина гузошта, гап мезад:
- Парво накунед, аз осмон ситора овардан нест, ки мушкил бошад, роҳи ҳаллашро меёбам. Шабона матнашро омода ва пагоҳӣ сабташ карда, то нисфирӯзӣ ба дасти шумо мерасонам. Ба ҳамин монанд суханҳо гуфта, пеш аз вақти ваъдакарда супориши идораро иҷро мекард. Боре баъди ба поён расидани гуфтораш, гуфтем:
- Аз ҷоят нахес-та, дастатро ба рӯи қафаси сина нагузошта, гап занӣ, намешавад, охир он кас туро набинад?
- Мебахшед, ин қафаси сина нест, балки садафест, ки ба ҷои гавҳар қубаи дил дорад ва ман  хислатамро дигар кардаву дастамро аз рӯи зари меҳру ихлосам гирифта наметавонам. Дар ҳузури сардор аз ҷой хестан, шояд як навъ хушомад тобад, вале дар ғайбаш ин амал нишонаи эътиқоду эҳтиром аст, - посух гардонд он ҷавони ҳозирҷавоб.
Он солҳо Абдусаттор хабарнигори "Радиои Тоҷикистон" дар вилояти Кӯлоб ва ҷойи нишасташ бинои радиои вилоят буд. Ҳар рӯз ҳамқаламон ранҷу азоб, такудаву навиштану сабт кардани овозашро медиданд. Ҳамин, ки хабару гузориш ва мақолаҳои омодакардаашро тавассути нақлиёти умумӣ ва гоҳо бо ҳавопаймо ба марказ мефиристоду  андаке осуда мешуд, вақтро ба мутолиаи китобҳои бадеиву касбӣ сарф менамуд. Аз офаридаҳои нависандагони машҳури ҷаҳон хуб огоҳӣ дошт. Шеърҳои бисёр шоиронро аз ёд медонист ва дар навиштаҳояш бакор мебурд. Сухандон, ки буд, маъракадорон низ инони ҷашнҳои хонаободии фарзандонашонро ба дасташ медоданд ва ӯ аз ҳисоби сухандонию ширинзабонӣ ҳам, ризқашро пайдо мекард. Хулоса, кораш мутолиаву ҷустуҷӯю рӯи коғаз овардани мақсаду маромаш буд.
Ба ҳайси хабарнигори музофотӣ дар “Радиои Тоҷикистон” чанд сол кор карданашро аниқ намедонам, вале медонам, ки дар ҳамон ҷо маҳорати касб пайдо карда, ҳунарашро сайқал дод. Кору эҷодашро дида, ӯро ба қисми ҳарбӣ даъват ва хоҳиш намуданд, ки аввал дар таъсиси моҳнома, пасон дар ташкили маҷалла ёрӣ расонад. Баъди иҷрои он  супоришҳо бори вазифаи  сармуҳарририи ҳар ду идораро  низ ба дӯшаш гузоштанд. Соҳибкасби мумтоз дар андак вақт мазмуну муҳтаво ва ороиши моҳномаву маҷалларо мардумписанд гардонд, ки сарбозон ҳар шумораашро бетоқатона интизорӣ мекашиданд. Ҳар дуи он тарғибгари ҳаёти сарбозӣ ва сабақомӯзи мактаби худшиносию ватандорӣ  аз соли 1997 пайваста чоп шуда, сарбозону дигар ҳаводоронро бо ғизои маънавӣ таъмин мекунад. Алҳол иқдоми неки ҳамқалами зиндаёдашонро ҳамкорон идома дода, барои ба мақсадҳои наҷиб расидан заҳмат кашида истодаанд.
Абдусаттори Гулаҳмад то лаҳзаи охирини умр сармуҳаррири ҳамон моҳномаву маҷаллаи маърифатомӯз буд. ”Роҳбарӣ ба дастаи эҷодкорон кори сангин аст. Агар аз онҳо бартарӣ надошта бошӣ, беҳтараш вазифаро ба  уҳда нагир, ки муродат ҳосил намешавад”, - мегуфт ӯ. Аз ин рӯ, ӯ ҷонашро азоб дода, ҳар лаҳзаи ҳисобиашро ба омӯзишу такудав ва сафари хизматӣ мегузаронд. ” Ҷӯстуҷӯ кардан, мубориза бурдан ва таслим нашудан” - ро шиори ҳастӣ намуда, рӯзона мавод мекофту шабона менавишту пешниҳодкардаи дигаронро таҳрир ва ба чоп омода мекард. Яъне, қисми зиёди умраш ба бедорӣ мегузашт. Гоҳо аз минбари ҷаласаҳо  таъкидкунон мегуфт:
- То дами субҳи абад зиндадилон бедоранд. Сарбози ҳақиқӣ ҳам чашми бедори замон аст, бояд шабзиндадор бошад, кам хоб бикунад...
Бори нахуст ӯро дар ҳамон либоси сабз хуфта дида, хостанд, ки бедораш карда, бигӯянд: “Абдусаттор, акнун фаҳмидем, ки туро ҳам гуфтор дигару кирдор дигар будааст”, вале бедораш карда натавонистанд. Ночор гирдашро ҳалқавор печонда, ашки ҳасрат рехтанд ва аз дил гузарондаанд, ки ҳамкори бонангу номусашон дар роҳи бедорӣ ва ибрати ватандорӣ ҷон додааст. Тобути полковники содиқи шастсоларо низ низомиёни ҳамтақдир аз як гӯшаи дохили қисми ҳарбӣ, ки ҳам ҷои кору ҳам манзили зисти аҳли хонаводааш буд, бароварда, ба роҳи охират гусел намуданд...

Муҳаммад ҒОИБ,
Шоири халқии Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.08.2020    №: 146    Мутолиа карданд: 213
15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ

МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БОЗ ЯК БУНГОҲИ НАЗОРАТӢ КУШОДА ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУШАНБЕ. ОЗМУНИ МАЪРИФАТАФЗО ҶАМЪБАСТ ШУД

БМТ АЗ ИҚДОМИ НАҶИБИ САРВАРИ ДАВЛАТ ҶОНИБДОРӢ КАРД

07.01.2021


ДАНҒАРА. ВУСЪАТИ КОРҲОИ НИҲОЛШИНОНӢ

ВАРЗИШ

САТҲИ ҶАҲОНИИ ФАҚР БОРИ АВВАЛ ДАР 22 СОЛИ ОХИР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

06.01.2021


ТАҚДИМИ ТЕХНИКА БА КИШОВАРЗОНИ НОҲИЯҲОИ ДЕВАШТИЧ ВА ШАҲРИСТОН

СУҒД. 92 ИНШООТИ ТАНДУРУСТӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҲАР КӢ ХАНДОНАД ЯТИМИ ХАСТАРО...

ПУТИН ВА МЕРКЕЛ МАСЪАЛАИ ИСТЕҲСОЛИ ВАКСИНАИ ЗИДДИ COVID-19 - РО БАРРАСӢ КАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

05.01.2021


ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

МАЪМУРИЯТИ БАЙДЕН НИЯТИ БО РОССИЯ ДОИР БА ССҲ БА МУВОФИҚА РАСИДАН ДОРАД

WORLD JUDO MASTERS

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «КИТОБИ СОЛ – 2020». ҒОЛИБОН МУАЙЯН ШУДАНД

04.01.2021


ХОВАЛИНГ БА ҶАШНИ 30 - СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ОМОДА МЕШАВАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед