иҷтимоиёт
ТОҶИКИСТОН. ФАРДО АЗ ИМРӮЗ ДУРАХШОНТАР МЕШАВАД
Мардуми шарафманди Тоҷикистон сол ба сол шоҳиди дастовардҳои азими таърихӣ мегардад, ки дар таърихи давлатдории навин ҳамчун марҳилаи нави фатҳи уфуқҳои тозаи рушд сабт хоҳад шуд. Ва онҳо яке аз дигаре рангинтар ва фаромӯшнашаванда мебошанд. Зеро маҷмӯи амалҳои созандагие, ки бо пешкории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷом дода мешавад, ҳар сол фасли нави саодати миллиро рақам мезанад.
Агар ба роҳи тайкардаи халқамон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ назар андозем, мебинем, ки як силсила мушкилоту монеаҳо бартараф гардида, таҳкурсии давлати соҳибихтиёр гузошта шуд, корҳои азими бунёдкориву созандагӣ ва ислоҳоти амиқи иқтисодиву иҷтимоӣ оғоз гашта, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар ба самтҳои асосии сиёсати давлатӣ табдил дода шуданд. Бо саъю талошҳои хастанопазири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба ин ҳадафҳо гомҳои устувор гузошта шуда, дар кишвар иншооти зиёди иқтисодию иҷтимоӣ, аз қабили корхонаҳои бузурги саноатӣ, хатҳои баландшиддату миёнашиддати интиқоли барқ, зеристгоҳҳои пуриқтидор, нақбҳои «Озодӣ», «Хатлон», «Истиқлол», «Шаҳристон», шоҳроҳҳои зиёди автомобилгард, ба монанди Душанбе - Хуҷанд - Чаноқ, Кӯлоб - Қалъаи Хумб - Хоруғ - Кулма - Қароқурум, Душанбе - Рашт - Лахш - сарҳади Қирғизистон, Душанбе - Турсунзода - сарҳади Ӯзбекистон, Айнӣ - Панҷакент, роҳҳои оҳани Бохтар - Кӯлоб, Ёвон - Ваҳдат сохта, мавриди истифода қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, бо мақсади таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар бунёд ёфтани неругоҳҳои барқи обӣ, аз ҷумла «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», ду чархаи НБО «Роғун» ва неругоҳҳои зиёди хурду миёна, барои пешрафти иқтисодию иҷтимоии кишвар аҳамияти хосса доранд. Ҳоло дар соҳаи энергетика 12 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 16,1 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст, ки истиқлолияти энергетикии кишварро боз ҳам таҳким мебахшад. Дар доираи ин лоиҳаҳо соли 2019 таҷдиди неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Қайроққум» ба маблағи 5,5 миллиард сомонӣ оғоз гардида, татбиқи чунин лоиҳа дар НБО «Сарбанд» ба маблағи 1,3 миллиард сомонӣ идома дорад.
Чуноне Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ иброз намуданд: «Мо саноатикунонии босуръатро ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар қабул кардем, зеро рушди саноат барои таъмин намудани устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии он замина мегузорад. Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар 7 соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ қариб 3 баробар (аз 10 миллиард сомонӣ ба 27,5 миллиард сомонӣ) ва ҳиссаи соҳа дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар 5,1 банди фоизӣ (аз 12,6 ба 17,7 фоиз) зиёд гардидааст».
Бояд гуфт, ки дар саргаҳи ҳамаи ин муваффақиятҳои кишвар сулҳу суботи комил қарор дорад. Ва ҳамагон шоҳид будем, ки то расидан ба ин неъмати бебаҳо фарзандони барӯманди халқи тоҷик чи ҷонбозиҳо карданд. Ҳарчанд ду даҳсола пеш дар мамлакат ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ буд, хушбахтона, имрӯз кишвари мо дар қатори давлатҳои амнтарини сайёра мақоми намоёнро касб мекунад. Инро тадқиқоти ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ собит намудаанд. Яке аз онҳо тадқиқоти Нашрияи «The Independent» (Британияи Кабир) буд. Ин нашрия байни 142 ҳазор шаҳрванди 141 кишвари ҷаҳон дар мавриди «Оё шумо худро ҳангоми сайругашти шабона дар шаҳратон бехавф ва бехатар ҳис мекунед?», пурсиш гузаронд. Дар натиҷа, Тоҷикистон ба қатори даҳгонаи мамлакатҳои бехатар шомил шуд. Ин худ гувоҳи пойдории амнияти комил ва бехавфии Тоҷикистон миёни дигар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон аст, ки боиси сарфарозии ҳар як тоҷику тоҷикистонист.
Дар охир метавон суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дод, ки гуфтаанд: «Ҳар як нафар бояд шукрона кунад, ки баъди ҳазорсолаҳо мо соҳиби давлати соҳибистиқлол шудем ва тақдири худро ба дасти худамон гирифтем. Ҳар яки мо вазифадорем, ки ин неъмат, яъне истиқлолиятро содиқона ҳифз кунем. Ҳамзамон, бо ин, хотирнишон месозам, ки барои ҳифзу посдории ваҳдату ягонагӣ ва ободии минбаъдаи кишвар мо бояд хеле корҳои созандаву ватандӯстонаро анҷом диҳем».
Содиқ будан ба арзишҳои Истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи ҳар зарра обу хоки ин сарзамини биҳиштосо ва таҳкими ваҳдати миллӣ кафолати он аст, ки минбаъд низ рӯзгори хушу осуда дошта бошем ва дар фазои Тоҷикистони азиз – ин хонаи умеди мо сулҳу оромӣ ҳукмфармо ва корҳои созандагӣ дар авҷи аъло идома ёбанд.
Қумринисо МАҲМУДЗОДА,
ҷонишини директори муассисаи давлатии
таълимии коллеҷи тиббии шаҳри
Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳаматулло Азиз
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 07.08.2020 №: 147 Мутолиа карданд: 296