иҷтимоиёт
ДАНҒАРА АЗ ДИДГОҲИ БОСТОНШИНОСОН
Моҳи декабри соли 2019 барои таҳқиқи ёдгориҳои атиқаи ноҳияи Данғара таҳти роҳбарии банда аз Тоҷикистон ва доктор Матилд Желин аз Фаронса экспедитсияи якҷояи Тоҷикистону Фаронса гузаронда шуд. Кор аз деҳаи Пушинг оғоз ёфт. Пушинг яке аз деҳаҳои қадим ва калони ноҳияи Данғара ба шумор меравад. Деҳаи мазкур дар домани кӯҳҳои Вахш, дар баландии 1100 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Калимаи “пушинг” хеле қадима буда, аз ду бахш: пуш(т) ва инг иборат аст. Бахши аввал пуш ба маънои пушт, пушта омада, бахши дувум ба маънои баландӣ, теппа мебошад. Яъне, номи деҳа мавзеи дар пушти баландиҳо бударо ифода мекунад.
Бояд гуфт, ки деҳаи қадимаи Пушинг имрӯз ба гӯристон табдил ёфта, аз ду бахш - Пушинг I ва II иборат мебошад. Чокирчашма, ки дар қадим дарёча буд, деҳаро ба ду бахш ҷудо менамояд. Соли 1961 ҳамроҳи экспедитсияи археологии Эркиной Ғуломова дар сафар ба Ҳулбук дар бахши дувуми харобаи Пушинг, яъне соҳили рост таваққуф намуда будем. Сафари дувуми мо соли 1970 ҳамроҳи Б. А. Литвинсий ба вуқӯъ пайваст. Он дам аз харобаи Пушинг дидан намуда, зерсутунҳои асрҳои III пеш аз милод ва III милодии аз оҳаксанг тарошидашудаи дар гӯристон парешонро дида будем.
Аввали моҳи декабри соли 2019 ду сафар ба деҳаи Пушинг доштем. Дар сафари якум аз харобаи қадими Пушинги I дидан намудем. Он ҷо бо сафолпораҳои болои турбати гӯрҳои навканда, зерсутуни сангини замони атиқа ва гаҳворасангҳои болои гӯрҳои асрҳои XV - XVI нисбатдошта шинос шудем. Масоҳати ин бахши ёдгорӣ 12 гектар буда, аз кӯшк ва деҳистон иборат аст.
Дар сафари дуюми илмӣ дар доираи экспедитсияи якҷояи Тоҷикистону Фаронса аз 2 то 12 декабр бахши дуюми харобаи қадими Пушингро таҳқиқ кардем. Ин бахш низ аз кӯшк ва деҳистони калон иборат мебошад, ки дар беш аз 20 гектар доман густурдааст. Бахши қадимиаш асрҳо боз ҳамчун гӯристон истифода мешавад. Ба ин дар ҷанубу ғарбии он як гӯри бо гаҳворасанг ва навиштаҷоти хати настаълиқи зебои ба асрҳои миёна нисбатдошта гувоҳӣ медиҳад. Болои гӯрҳо зерсутунҳои порашудаи замони Юнону Бохтар мушоҳида мешаванд. Бахши ҷанубии онро роҳи мошин бурида мегузарад. Дар ин буриш сафолпораҳои замонҳои Ҳахоманишҳо, Юнону Бохтар, Кӯшониён ва замони исломро ба даст овардем.
Зерсутунҳои сангии Пушинг имрӯз дар осорхонаи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш ва осорхонаи Данғара мавҷуданд, ки онҳоро ҷамъу таҳқиқ кардан амри замон аст.
Се поясутуни дигар яке бузург ва дуи дигар хурд буда, аз лиҳози сохт ба якдигар монанд мебошанд. Яъне, онҳо маҳсули дасти як усто буда, дар як бино, вале дар ҷойҳои гуногун истифода шудаанд. Зерсутунҳои хурд пора - пора буда, аз ду нимдоира ва асоси чоркунҷа иборат мебошанд. Зерсутуни калон аз нимқавсии фурӯрафта ва асоси мураббаъ иборат аст. Ин зерсутунҳо осоре аз биноҳои бунёдии Пушинг мебошанд. Зерсутунҳо шоҳиди онанд, ин деҳа дар замони пешин яке аз марказҳои фарҳангии зардуштиён будааст.
Дар замони Сомониён низ Пушинг яке аз деҳаҳои бузургу обод маҳсуб меёфт. Ба ин сарсутуни кандакоришудаи аз қабристон ёфтгардида гувоҳӣ медиҳад. Сарсутун аз берун тарҳи 8 - таркаи нимсутундорро дошта, бо гулҳои барҷастаи ба замони Сомониён хос кандакорӣ шудааст. Дарозии сарсутун 2 метр ва қутраш 35 сантиметр мебошад. Аз лиҳози нақшбандӣ ба сарсутуни чӯбии асрҳои ХI милодии деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ (Фалғар) шабоҳат дорад. Сарсутун нодир буда, аз санъати баланди ҳунари наҷҷории пушингиҳо дарак медиҳад. Дар баъзе ҷойҳо гаҳворасангҳои мунаққаши болои қабр ба назар мерасанд, ки аз маркази динӣ ва фарҳангӣ будани деҳа дар асрҳои миёна гувоҳӣ медиҳад.
Солҳои 1972 ва 1973 дар Пушинг экспедитсияи археологӣ ва мардумшиносии Донишгоҳи давлатии Москва дар болои харобаи Пушинги асрҳои Х - XI милодӣ ҳафриёт гузаронда, онро деҳаи туркони қарлуқ ва ӯзбек эълон карда буд, ки ин комилан нодуруст мебошад. Аввалан, номи деҳа пурра тоҷикӣ буда, аз гӯишҳои забони авестоӣ сарчашма мегирад. Тавре харобаҳои бахши атиқаи ин мавзеъ низ гувоҳӣ медиҳанд, деҳа таърихи беш аз 2300 - сола дорад, ки дар он замонҳо мардуми муғулнажод ба ин сарзаминҳо наомада буданд.
Деҳаҳои Паркамчӣ ва Ғуҷоваки ноҳия ҳамзамони Пушинг мебошанд. Дар Паркамчӣ ду қалъа ҷой дорад, ки яке аз онҳо ба асрҳои IV - III пеш аз милод нисбат дорад. Дар деҳаи Ғуҷовак пайконҳои аз оташсанг сохтаи замони неолит ва зарфҳои асри биринҷӣ ёфт шуданд.
Вожаи “ғуҷовак” қадимӣ буда, маънояш ҷои сероб аст. Вожаи “паркамчӣ” бошад, аз решаи пара - паҳлу гирифта шуда, маънои гӯша, канораро дорад. Дар замони ҳуҷуми Искандари Мақдунӣ сокинони ин диёр ба муқобили ӯ шӯрида буданд, ки он дар таърих бо номи Шӯриши Паракана ёд мешавад. Шӯриши Параканаро ду қаҳрамони ҳамсафи Спитамен – Катан ва Овсиан роҳбарӣ менамуданд ва дар ин ҷанг қаҳрамонона ҳалок шудаанд. Яъне, дар ин мубориза фарзандони ин мавзеъ фаъолона ширкат варзидаанд, ки бояд ҳеҷ ҷойи шакку шубҳа набошад.
Дар натиҷаи экспедитсияи имсола дар ёдгориҳои атиқаи деҳаҳои Ғуҷовак, Паркамчӣ, Маликова, Вахшу (Ёхсу) ва Золи Зард маводи зиёд ба даст омад. Бояд зикр намуд, ки дар замонҳои пеш шаҳраки Вахшу (Ёхсу) калотарин макони зисти одамон ба шумор мерафт ва дорои биноҳои маъмурӣ буд. Меҳроби маъбади оташи Вахшуро сутунчаҳои дорои зер ва сарсутунҳои аз оҳаксанг тарошида оро медоданд. Мутаассифона, дар солҳои 70 - уми асри гузашта боқимондаҳои шаҳракро бо булдозер ҳамвор намуда, дар ҷояш обанбор ва ҳавз сохтанд. Баъзе зерсутунҳои онро ба масҷиди маҳалла бурда, бештарашро зери хок карданд, ки ҳоло ёфтани онҳо хеле душвор аст. Чунин поясутунҳоро дар гӯристони Ёхсу партофтаю шикаста дидем. Таҳқиқот нишон дод, ки дар болои бошишгоҳҳои асри биринҷ биноҳои замони Юнону Бохтар ҷойгир будаанд, ки баъдан ба гӯристон табдил ёфтаанд. Мо аз болои турбатҳо осори асри биринҷ ва атиқаву кӯшониро ҷамъоварӣ намуда, ба осорхонаи Данғара супурдем.
Бозёфтҳо аз мавзеъҳои Кангурт, Ғарғара, Пушинг, Ғуҷовак, Паркамчӣ, Маликова, Вахшу, Чоркӯл (Золи Зард), Данғара, Чашмаи Тор (Торбулоқ) ва Буроби Поён (Булён) гувоҳӣ медиҳанд, ки дар замонҳои қадим ва асрҳои миёна ҳудуди имрӯзаи ноҳияи Данғара ободтарин мавзеи Хуталон будааст.
Дар замони Мавлоно Тоҷиддин ва Хоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ ин ҷо маркази илму фарҳанги Хуталон маҳсуб меёфт.
Соли оянда экспедитсияи якҷояи Тоҷикистону Фаронса ба омӯзиши мунтазами ёдгориҳои атиқаи ноҳияи Данғара, аз ҷумла ёдгории Золи Зард, шурӯъ намуда, таҳқиқотро дар дигар бахшҳо идома медиҳад.
Юсуфшоҳи ЁҚУБШОҲ,
академик
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 07.08.2020 №: 147 Мутолиа карданд: 391