logo

Хабарҳо

ВМКБ. ШИНОСОИИ АЗИМ ИБРОҲИМ БО ҶАРАЁНИ КОР ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ

Гурӯҳи кории Ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ шинос шуд.
Шиносоӣ аз ноҳияи Дарвоз, ки дар замони соҳибистиқлолӣ симои худро комилан дигар намуда, рӯз то рӯз ба “дарвозаи тиллоии Бадахшон” бештар шабоҳат пайдо мекунад, оғоз гардид.  Таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти  кишвар, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаҳои кӯҳистон, фазои орому осоиштаи кишвар ва сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба авҷ гирифтани корҳои ободонию созандагӣ дар деҳоти ноҳия мусоидат намудаанд.
Маркази ноҳия – шаҳраки Қалъаихумб бо қомат афрохтани иншооти баландошёна, бунёди боғу гулгаштҳои сабзу хуррам, марказҳои муосири хизматрасонӣ таваҷҷуҳи сайёҳони зиёди ватанию хориҷиро ҳарчи бештар ба худ ҷалб менамояд.
Тавре аъзои ҳайати гурӯҳи корӣ мушоҳида намуданд, аз мадди назари соҳибкорони ноҳия ҳадафи чоруми стратегии миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат низ берун намондааст. Дар Ҷамоати деҳоти Қалъаихумб бунёди «Парки инноватсионӣ», ки дорои корхонаҳои саноатӣ ва гармхонаҳо барои парвариши сабзавоти тару тоза мебошад, дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Айни  ҳол корҳои васлу насби таҷҳизоти  парк ва сабзу хуррамгардонии  ҳудуди ин иншооти ҷашнӣ босуръат идома доранд.
Муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим ва раиси вилоят Ёдгор Файзов зимни боздид аз бунёди корхонаҳои саноатӣ ба мутахассисон тавсия доданд, ки ба сифати корҳои васлу насб аҳамияти махсус диҳанд, то коргоҳҳо тавонанд солҳои зиёд бо иқтидори пурра фаъолият  намоянд. Яке аз ин коргоҳҳо, ки «Помир Аква» ном дорад, дар як сол то 30 тонна об барои содирот истеҳсол менамояд.
Гурӯҳи корӣ аз коргоҳи дигари «Парки инноватсионӣ», ки дар он коркард ва тавлиди асалро ба роҳ мемонанд, боздид намуд. Ба   муовини Сарвазири ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ки дар ин коргоҳ чор номгӯи маҳсулоти истеҳсоли худӣ дар зарфҳои махсус барои содирот бо бренди “Кӯҳистон” омода мегарданд.
Гурӯҳи корӣ, ҳамчунин, аз коргоҳи истеҳсоли ниқоб, маводи антисептикӣ ва сӯзандору боздид ба амал овард. Дар ин коргоҳ истеҳсоли 12 намуди маҳсулоти антисептикӣ ба роҳ монда мешавад. Дар шафати ин бино бо технологияи чинӣ ва туркӣ ду гармхонаи калон барои парвариши сабзавоти барвақтӣ бунёд мегардад. Зикр шуд, ки барои бунёди як гармхона 150 ҳазор доллар сарф шуда, ба гуфтаи мутахассисон, баъди ба кор андохтани ин гармхонаҳо маблағи сарфшуда давоми як сол пурра бармегардад. Аз як гармхона то 300 тонна помидору бодиринг ба даст овардан мумкин аст.
Барои бунёди корхонаҳои коркарду бандубасти об, асал, тавлиди маводи антисептикӣ ва сӯзандорую ниқоб беш аз 200 нафар бинокорон дар се баст кор мекунанд.
Корхонаи коркарди хокаи санги мармари деҳаи Вишхарвак  низ дар остонаи Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода мешавад.   Зимни  шиносоӣ бо ҷараёни корҳои  сохтмонӣ  ба муовини Сарвазири ҷумҳурӣ маълумот  дода шуд, ки ба  маҳсулоти ин корхона дар баробари Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ҳамчунин, дигар мамлакатҳо, аз ҷумла Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҳавасмандӣ зоҳир намудаанд. Корхона метавонад  дар  як  сол 100 ҳазор тонна  микрокалсит истеҳсол намояд, ки ин эҳтиёҷоти ҳар ду кишварро таъмин  мекунад. 

Раҳмони  ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 284
17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

ЛЕВАКАНТ. ПАХТАЧИНӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД

ТОҶИКИСТОН НОЗИРОНИ ИДМ-РО БА ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАЪВАТ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,4 дарсади беморон шифо ёфтанд

НОҲИЯИ ВОСЕЪ. БОЗ 82 ШАҲРВАНД БО КОР ТАЪМИН ГАРДИД

ТАЪСИСИ 86 КОРХОНА ДАР ҲАФТ МОҲ

«ЛИДАР». АКНУН ТАРКИБИ МОЛЕКУЛАВИИ ҲАВО САНҶИДА МЕШАВАД

14.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 7816 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ПАЙВАНДГАРИ ДИРӮЗУ ИМРӮЗ. БАРДОШТ АЗ ҲАМОИШИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАХШИДА БА 90-СОЛАГИИ "ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН"

US OPEN. ТИМ ВА НАОМИ ҒОЛИБОНИ ИН МУСОБИҚА

СММ КИШВАРҲОИ ПЕШРАФТАРО ДАЪВАТ НАМУД, КИ АЗ ТАҲРИМОТ АЛАЙҲИ МАМЛАКАТҲОИ РУШДКУНАНДА ДАСТ КАШАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

11.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 7 ҲАЗОРУ 714 СИРОЯТЁФТА АЗ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ЛИГАИ БОНУВОН. «ЗЕБОНИСО» БОРИ ДУЮМ ЧЕМПИОНИ ТОҶИКИСТОН ШУД

САФОРАТ ВА ДОМОДЕДОВО ХАБАРҲО ДАР БОРАИ БАНД МОНДАНИ ТОҶИКОНРО ДАР ФУРУДГОҲ РАД КАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

10.09.2020


НИСФИ КӮДАКОНИ РУСИЯГӢ COVID-19-РО САБУК ГУЗАРОНДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ОҒОЗИ НАШРИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ

08.09.2020


ТОҶИКИСТОН. ШАБОНАРӮЗИ ОХИР 32 ҲОДИСАИ НАВИ БЕМОРИИ COVID – 19 ОШКОР ШУД

СҲШ, ИДМ ВА СААД БОРИ АВВАЛ АЛАЙҲИ ТЕРРОРИЗМ МАШҚҲОИ МУШТАРАК МЕГУЗАРОНАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ТОҶИКИСТОН БАР ТИМИ ӮЗБЕКИСТОН ҒОЛИБ ОМАД

ТОҶИКИСТОН. 7 ҲАЗОРУ 581 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

04.09.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 7 ҲАЗОРУ 482 КАС РАСИД

ОЗМУНИ XVII БАЙНАЛМИЛАЛИИ «САНЪАТИ КИТОБ». «УФУҚҲОИ ИСТИҚЛОЛ» СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА ГАРДИД

ПЕСКОВ БА АЙБДОРСОЗИИ МОСКВА ДАР ҲОДИСА БО НАВАЛНИЙ ҶАВОБ ГАРДОНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед