иҷтимоиёт
ВАРЗИШ. ТОҶИКИСТОН НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДОРАД!
Яке аз рӯйдодҳои муҳими соли ҷорӣ дар соҳаи варзиши кишвар бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ мебошад. Ин воқеа шаҳодати он аст, ки тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Тоҷикистон буда, барои оммавигардонии варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим ва омодасозии варзишгарони касбӣ ба мусобиқаҳои байналмилалӣ равона гардидааст.
БУНЁДИ 58 ИНШООТ ДАР АСОСИ ЯК ТАШАББУС
Тавре Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, гуфт, ҳоло дар кишвар қариб 11 ҳазор иншооти варзиш фаъолият мекунад. Илова бар ин, бо мақсади ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш ва омода кардани варзишгарони касбӣ, дар ҷумҳурӣ 128 мактаби тахассусӣ амал мекунад.
Яке аз нуктаҳои муҳиме, ки дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, давоми даҳ соли оянда ба мақсади оммавӣ шудани варзиш ва солимгардонии аҳолӣ бунёд гардидани муассисаҳои томактабӣ, толор ва майдони варзиш дар ҳар як деҳа аст.
Бешубҳа, ин иқдоми роҳбарияти олии мамлакат барои боз ҳам ривоҷу равнақи соҳа, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва тандурустии сокинони кишвар шароити арзанда муҳайё месозад. Ташаббуси мазкур барои илмомӯзӣ, дар рӯҳияи солиму созгор тарбия намудани насли наврас ва, пеш аз ҳама, пешгирии онҳо аз гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Абдулло Раҳмонзода зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти нимсолаи аввал иброз дошт, ки дар пайравӣ ба ин ташаббус давоми шаш моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ бо харҷи қариб 14 миллион сомонӣ 58 иншооти варзиш (17-то дар Хатлон, 21-то дар Суғд ва 20-то дар НТҶ) бунёд ёфт.
4 МИЛЛИОН СОМОНӢ БАРОИ ВАРЗИШГАРОН ДАР 5 СОЛ
Бо мақсади ҳавасманд намудани ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва дар ин робита баланд бардоштани сатҳи иштироки варзишгарони кишвар дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ва Бозиҳои олимпӣ аз соли 2015 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Маблағи он аз 15 то 300 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Масалан, варзишгароне, ки дар олимпиада медали тилло ба даст меоранд, соҳиби 300 ҳазор, нуқра 250 ҳазор ва биринҷӣ 200 ҳазор сомонӣ мешаванд. Дар баробари ин, барандагони медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии Бозиҳои Осиё, Универсиадаи ҷаҳонӣ, чемпионати ҷаҳон (намуди олимпӣ ва ғайриолимпӣ) ва чемпионати Осиё (намуди олимпӣ ва ғайриолимпӣ) бо маблағҳои муайян мукофотонда мешаванд. Боиси тазаккур аст, ки 20 дарсади ин маблағ ба мураббиён дода мешавад.
СТИПЕНДИЯИ ОЛИМПӢ БА 15 ВАРЗИШГАРИ МУВАФФАҚИ ТОҶИК
Бино ба маълумоти директори генералии Кумитаи миллии олимпӣ Эркин Латипов, бо сабаби ба соли 2021 гузарондани Бозиҳои олимпии Токио – 2020 Кумитаи байналмилалии олимпӣ муҳлати Барномаи дастгирии молиявии варзишгаронро як сол тамдид кард. КБО ба кумитаҳои миллии олимпӣ имкон дод, ки бо назардошти талаботи нав – рӯйхати варзишгаронеро, ки роҳхати Бозиҳои олимпиро ба даст овардаанд ё имкони гирифтани онро доранд, бозбинӣ намоянд. Бо ин мақсад, федератсияҳои миллии варзишии кишвар номзадии 27 варзишгарро пешниҳод карданд. Тибқи талаботи КБО ва натиҷаҳои солҳои охири варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, аъзои Кумитаи иҷроияи КМОТ номзадии Баҳодур Усмонов, Шаббос Негматуллоев (ҳар ду бокс), Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода, Комроншоҳи Устопириён, Темур Раҳимов, Шакармамад Мирмамадов (ҳама дзюдо), Шаҳриёр Даминов (қаиқронӣ), Гулсунбӣ Шарифова (варзиши сабук), Моҳрӯ Ҳалимова, Муҳаммадҳасан Шомаҳмадов, Муниса Ойматова (ҳама таэквондо ВТФ), Муҳаммад Икромов (гӯштии тарзи озод), Мубинҷон Ахмедов (гӯштии юнонӣ-римӣ) ва Миҷгона Самадоваро (бокс) барои гирифтани стипендия (аз 200 то 600 доллари ИМА) пешбарӣ кард.
92 МЕДАЛ ВА ДУ РОҲХАТИ ОЛИМПӢ
Тибқи иттилои Абдулло Раҳмонзода, сарфи назар аз паҳншавии коронавирус дар ҷаҳон, тайи шаш моҳи аввали соли равон варзишгарони кишвар 92 медал ба даст оварданд, ки 27-тояш тилло мебошад. Инчунин, ду боксёри тоҷик – Баҳодур Усмонов ва Шаббос Негматуллоев ба Бозиҳои олимпии Токио роҳхат гирифтанд.
Дилшод Назаров, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ, гуфт, ки варзишгарони тоҷик бояд 5 – 6 роҳхати дигари олимпиадаро соҳиб шаванд. Ғайр аз ин, КБО барои варзишгарони кишвар боз ду квота (шиноварӣ ва варзиши сабук) ҷудо намудааст.
Маҳмуд БАҲРОМ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.08.2020 №: 148 Мутолиа карданд: 249