logo

иҷтимоиёт

ВАТАНИ БУЗУРГ. ДАР ВАСФИ ТОҶИКИСТОН, КИ ХОНАИ УМЕДИ МАНУ МОСТ

Имрӯзҳо шукрона дар лаби ҳар як фард, қалбҳо бегона аз ғаму дард ва чеҳраҳо дур аз ранги зард аст. Зеро дар кишвари биҳиштосо ва мубарро бо ном Тоҷикистон зиндагӣ ва умр ба сар мебарем. Чашмаҳои мусаффо, кӯҳҳои осмонбӯс, гиёҳҳои давобахш ва табиати нозанини он ба чашмҳо нуру ба чеҳраҳо сурур ва ба қалбҳо ғурур мебахшад. Агарчӣ саросари диёри моро кӯҳҳо печонда бошанд ҳам, баракате дар он ҳувайдост. Баракате, ки нодиданисту ногуфтанист ва танҳо шамиданисту чашиданист.
Дар зери ҳар як буттаю санги кӯҳистони он рисқи мардуми меҳнатқарин пинҳон аст. Гиёҳҳои шифобахш маҳз барои даво бахшидан ба оризаҳои инсон аз хоки пок рӯидаанд. Парандагон дар шохаи дарахтон нишаста бо овози хуши худ тақлидгароӣ аз садои рӯдҳои ҷонбахш, ки баҳри сероб кардани заминҳои ташналаб ҷорианд, менамоянд. Кӯҳҳоят чун ҳисорҳо заминатро печонда, онро аз панҷаи нохалафон ва адуён ҳифз месозанд. Накҳати чаманзоронат чун бӯйи мушк хушу дилрабоянд. Сарбозон ва афсарони шуҷоу паҳлавон ҳамчун, Рустами достон ва санги хоро дар азм сахту мустаҳкаманд, шабзиндадорӣ ва ҷоннисорӣ баҳри ҳифзат хоҳанд кард. Родмарду некномон, қаҳрамону тезқаламон ва нуктасанҷу  нуктадононат шуҳраи баҳру баранд.
Пас туи Ватани бузурги ман шуҳратёр, шукӯҳбор, фурӯтану файзбор ва маскани ба илму фарҳанг ёр. Ҳар як фарди дар канорат зиста, аз ҳавои софат нафаскашида ва дар хоки покат бадунёомада бояд аз ту сипосгузору миннатдор ва арҷгузор бошад. Дар канори ту чун гадо  зистан беҳ аз дар мулки ғайр шоҳу малик будан. Косаи оби ту зулол ва софу сафобахш чун оби Кавсар аст. Пас туи ризвонам кишвари ҷаннатмаконам, каъбаи имонам, роҳатбахши қалбу ҷонам.
Ман омӯзгорам. Рисолати худро дар назди ту адо хоҳам кард. На бо сухан, балки бо амал. Ҳар як дарси худро  нахуст бо замзамаи муҳаббати ту, каломи саршори меҳру ватанпарастӣ ва меҳнатдӯстӣ оғоз месозам. Меҳри беандозаи тифлони кӯчаку содаи худро ба ту бедор хоҳам кард. Қадри ту ва шинохти бузургони зиндаёду ширинкаломатро ба онҳо талқин хоҳам сохт. Меандешам, дар тифлӣ, дар лаҳзаҳои нахустини мактабхонии тифл ҳар як устод бояд дар қалби атфол шикастанафсӣ ва хоксориро таблиғ намояд. Аммо бедор намудани ғурури миллӣ ва ҳисси меҳанпарастӣ вазифаи ҷонии мост. Бигзор кӯдак пайрави Пешвои миллат, кони хайру сахо ва мустаҳкам дар аҳду вафо бошад.
Имрӯз мутаассифона, дар замини поки ту нақши пои беморие арзи ҳастӣ дорад. Аммо мусалламам, ки ба зудӣ ин хастагӣ аз мо меравад. Дабистонат бо садои хандаи тифлони беғаш пур хоҳанд шуд. Занону модарон аз рафтани ин беморӣ дафи хурсандӣ хоҳанд зад. Кӯчаҳоят бо мардуми бениқоб моломол хоҳад гашт. Зеро ин як муддати муваққатист. Табибон ва ашхоси саховатпешаат аз сарвари оқилу дурандеши худ ибрат гирифта, барои рафъи ин бало кӯшиш хоҳанд кард. Пас сабурии туро хоҳонам. Миллати бузурги ман, аз ин имтиҳони тақдир ба хубӣ раҳо мегардад.
Бо амри Яздон мо ба рӯзҳои неку орӣ аз коронавирус хоҳем расид. Зеро:
Аз навмедиҳо басо умед аст,
Поёни шаби сияҳ сафед аст.

М. ҲОМИДЗОДА,
омӯзгори МТМУ №12, ноҳияи Зафаробод


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.08.2020    №: 148    Мутолиа карданд: 109
21.01.2021


ДАР КӮЛОБ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ВАҚТИ ПАЙВАНДИ ИЛМ БО АМАЛ АСТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ФИФА. ТОҶИКИСТОНРО 14 ДОВАР МУАРРИФӢ МЕКУНАД

НАХУСТИН ФИЛМИ ТОҶИКИЮ БРИТАНӢ АЗ РӮИ ФИЛМНОМАИ АНИСА СОБИРӢ НАВОРБАРДОРӢ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАР РОССИЯ АЗ КОРОНАВИРУС ЗИЁДА АЗ 3 МИЛЛИОН БЕМОР ШИФО ЁФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУ БОЗИИ РАФИҚОНАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН

КОМЁБИИ ДАСТПАРВАРОНИ МТМУ № 45

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ

МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БОЗ ЯК БУНГОҲИ НАЗОРАТӢ КУШОДА ШУД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед