иҷтимоиёт
РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ
Файзимо Алиеваро ҳама эҳтиром менамоянд - ҳамсояҳо, ҳамкорон, шогирдон, хусусан занҳои ҳамдеҳааш ва аз вай дар ҳама кор маслиҳат мепурсанд. Вақте соли 1975 синфи даҳумро хатм кард, падару модар розӣ набуданд, ки Файзимо таҳсилро дар донишгоҳи олӣ идома диҳад. Зеро он солҳо духтарони деҳаашонро падару модарон барои давом додани таҳсил иҷозат намедоданд. Ҷавондухтаронро зуд ба шавҳар медоданду намегузоштанд донишу таҷриба андӯзанд. Аз ин рӯ, кам духтароне буданд, ки ба орзуҳои ширинашон мерасиданд.
Аммо Файзимои ҷавон бовар дошт, ки агар талош намояд, ба мақсад мерасад, донишҷӯ мешавад. Ва инак, пас аз чандин кӯшишҳои бесамар чун охирин имконият ба идораи рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ” нома навишт. Ба ходимони ин даргоҳ арзи дил намуд, ки ӯ синфи даҳум ва хоҳараш синфи ҳаштумро хатм кардаанд, вале волидонашон намегузоранд, ки фарзандон барои идомаи таҳсил ба донишгоҳ раванд. Ҳамин тавр, бо мусоидати кормандони рӯзнома хоҳараш ба техникуми кооперативӣ ва Файзимо ба факултети таърихи Университети давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуданд.
Пас аз хотимаи таҳсил Файзимо аввалин коре, ки кард, мубориза бо андешаҳои куҳна ва хурофотпарастиву таассубгароӣ буд. Ин муборизаро аз деҳаи худ шурӯъ намуд. Барои дигар духтарони деҳа ҷиҳати идомаи илмомӯзӣ дар донишгоҳу техникумҳо роҳ кушода шуд.
Файзимо Алиева баъд аз хатми донишгоҳ соли 1981 фаъолияти омӯзгориро дар зодгоҳаш - ноҳияи Рӯдакӣ оғоз намуда, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе идома бахшид. Инак, беш аз чил сол мешавад, ки дар ҳамин соҳа содиқонаву софдилона заҳмат мекашад ва дар таълиму тарбияи насли наврас саҳм мегирад.
Ӯ на танҳо дарс мегуфт, ҳамзамон, барои беҳтар шудани сифати таълиму тарбия, парвариши ҷавонон дар рӯҳияи худшиносиву меҳанпарастӣ, ислоҳи камбудиҳои ҷомеа тавассути садову симо пайваста андешаҳояшро иброз медошт ва мақолаҳояш дар матбуоти даврӣ зуд – зуд ба нашр мерасиданд.
Муаллима дар баробари 4 фарзанди хушахлоқу соҳибмаърифат шогирди бисёр дорад, ки ҳамагӣ соҳиби маълумоти олианду имрӯз дар соҳаҳои гуногун ба Ватан содиқона хизмат менамоянд. Шогирдон низ барои ӯ фарзанданд ва аз онҳо чун инсонҳои худшиносу бофарҳанг ифтихор дорад.
Муносибату муомила бо инсонҳои гуногун ба Файзимо Алиева таҷрибаи ғанӣ бахшиду ӯро мушкилнописанд, меҳнатдӯст ва муваффақ гардонд. Ҳарчанд дар синни нафақа буду бояд давлати пирӣ меронд, вале, омӯзгори хубу ботаҷриба, ки буд, масъулони соҳа нагузоштанд хона нишинад, ӯро ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 33 – и ноҳияи Сино даъват намуданд, то аз донишу маърифат ва малакаву маҳораташ омӯзгорони ҷавон ва ҳам шогирдон бенасиб намонанд.
Бахтовар КАРИМЗОДА, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.08.2020 №: 148 Мутолиа карданд: 227