иҷтимоиёт
ТОҶИКИСТОН ОСОРХОНАИ ҶОВИДОНАИ ТАЪРИХ
Фазои озоди давраи Истиқлолияти давлатӣ ба пажӯҳиши таърихи пурошӯбу серҳаводиси миллат роҳи фарроху муҳити созгор муҳайё намуд, ки муҳимтарин натиҷаи он рӯ овардан ба ғояҳо ва арзишҳои миллӣ, оину суннатҳои аҷдодӣ, эҳёи низоми давлатдории миллӣ ва назари пурвусъат ба таъриху тамаддунофарии тоҷикон аст. Ҳидоятсозу таҷаддудгари мафкураи миллӣ дар пояи омӯзиши сармояи бузурги таърихии гузаштагон, пеш аз ҳама ва беш аз дигарон, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Маҳз тавассути фарҳанги волои давлатдории ӯ пас аз Сомониён дар таърихи миллати куҳанбунёди тоҷик манфиатҳо ва ҳадафҳои миллӣ дар сиёсати давлат мақоми марказӣ пайдо намуданд.
Бояд гуфт, ки Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ҳудуди Тоҷикистони соҳибистиқлол, тибқи маълумоти бостоншиносӣ ба ҳавзаи қадимтарини пайдоиши инсон ва ташаккули ҷамоаи инсонӣ шомил мебошад. Ҳафриёти бостоншиносии ҳудуди Тоҷикистони имрӯза, ки теъдодаш на кам аз се ҳазорро дар бар мегирад ва қадимтарини он осори давраи палеолити поёни Кӯлдараи ноҳияи Ховалинг аст, аз ин шаҳодат медиҳад. Омӯзиши мунтазам ва пайвастаи археологии Осиёи Миёна ва ҳудуди Тоҷикистон, ки ҳанӯз охири солҳои сиюми асри бист оғоз ёфта буд, дар баробари Кӯлдара осори зиёди тамаддуни қадимтарин ва қадими ҷомеаи инсониро дар ин минтақа ошкор сохт. Имрӯз Осиёи Миёна аз лиҳози бостоншиносӣ яке аз ҳавзаҳои омӯхташуда маҳсуб меёбад.
Бозёфтҳои бостоншиносӣ, пеш аз ҳама, шаҳодат аз он медиҳанд, ки Осиёи Миёна ҳамаи марҳалаҳои технологии рушди ҷамоаи қадимтарин - асри санг, мису биринҷ ва оҳанро тай намудааст. Яке аз марҳалаҳои муҳимтарини рушди ҷамоаи ибтидоиро мутахассисон асри биринҷ меҳисобанд. Зеро дар ҳамин давра, чи дар рушди қувваҳои истеҳсолкунанда ва чи дар сохти иҷтимоии ҷомеаи инсонӣ тағйироти куллӣ ба вуқӯъ меояд. Ба андешаи академик Бобоҷон Ғафуров, дар ҳамин давра истихроҷ ва гудозиши маъдан, сохтани олоти филизӣ, обёрии сунъӣ, гузариши пурра ба хоҷагии истеҳсолкунанда, бунёди масканҳои бузурги истиқоматӣ ба мисли нахустшаҳрҳо шурӯъ мегарданд.
Ибтидои асри биринҷро энеолит - асри сангу мис меноманд ва ин давра тақрибан ҳудуди ҳазораҳои IV - III пеш аз мелодро фаро гирифта, дар баъзе минтақаҳо то ҳазораи II пеш аз мелод идома ёфтааст. Асри биринҷ бошад, тибқи маводи бостоншиносӣ аз охири ҳазораи III пеш аз милод ибтидо гирифта, то асрҳои IX - VIII пеш аз милод давом ёфтааст. Омӯзиши осори аҳди энеолит ва асри биринҷ дар Осиёи Миёна ҳанӯз солҳои 80 - уми асри XIX ибтидо гирифта бошад ҳам, пажӯҳиши пайвастаи он солҳои 50 - уми асри XX аз тарафи бостоншиносон ба роҳ монда шуд. Дар ҳудуди Тоҷикистони имрӯза низ омӯзиши мунтазами илмии ёдгориҳои асри биринҷ, новобаста аз бозёфтҳои тасодуфӣ, миёнаҳои солҳои 50 – уми асри XX шурӯъ гардид. Аввалин таҳқиқоти ҷиддӣ таҳти роҳбарии бостоншиноси шинохта Б. А. Литвинский солҳои 1955 - 1956 дар ҳудуди Қайроққум ва солҳои 1955 - 1959 бо сарварии А. М. Манделштам дар водии Бешкент гузаронда шуданд. Баъдан осори асри биринҷ аз ҳудуди Истаравшан, миёноб ва поёноби дарёи Вахш ва дигар маҳалҳои Тоҷикистони ҷанубӣ ва Бадахшон дарёфт шуданд. Соли 1977 калонтарин ва қадимтарин осори аҳди энеолит ва асри биринҷ бо сарварии Абдуллоҷон Исҳоқов аз Саразми Панҷакент дарёфт гардид.
Солҳои охири давлати шӯравӣ ва дар давраи Истиқлолияти давлатӣ осори дигари асри биринҷ аз ҳудуди Тоҷикистон ба мисли Кангурттут, Баракикурук, Тегузак, Даҳана, инчунин, ёдгориҳои миёноб ва поёноби Вахш, водии Ҳисор ва ахиран Фархор кашф шуданд, ки имрӯз мавриди пажӯҳиши мутахассисони дохилию хориҷӣ қарор доранд. Умуман, дар ҳудуди Тоҷикистон ёдгориҳои бостонию таърихӣ, ки таҷассумгари таърихи ниҳоят тӯлонию ғанӣ ва тамаддунофарии тоҷикон мебошанд, хеле зиёданд. Баробари табиати зебову иқлими муътадил, таърихи ғанӣ ва ёдгориҳои нодири бостонӣ, анъанаву суннатҳои фаровони мардумӣ Тоҷикистонро ба сифати як кишвари сайёҳии ҷаҳони имрӯза муаррифӣ менамоянд.
Руҷӯи Пешвои муаззами миллат ба таърих аз ибтидои ба симмати Сарвари ҷумҳурии соҳибистиқлол интихоб шуданашон бе ҳикмат набуд. Аввалан, дар давраи ниҳоят ҳассоси солҳои 90-уми асри гузашта, ки будан ва ё набудани ҷумҳурии тозаистиқлол ва порашавии миллати куҳанбунёди тоҷик масъалаи доғ буд, танҳо рӯ овардан ба гузаштаи миллат, оину суннатҳои арзишманди аҷдодӣ ва худогоҳию худшиносии миллӣ метавонист наҷотбахши кишвару миллат гардад. Бо эътирофи қавии худи Пешвои муаззами миллат: «Ашхоси аз решаву насаби хеш канда, одатан, аз хотираи таърихӣ, гузаштаи пурифтихор ва мероси фарҳангии миллати худ бенасиб монда, чун махлуқи худпараст, бемасъулият ва бегонапарвар ба камол мерасанд ва гирифтори тафаккури ғуломона мегарданд». Аз ин рӯ, таҳқиқу омӯзиши таърихи миллату кишвар, эҳё ва ҳифзи ёдгориҳои таърихии бостонии халқи тоҷик дар фаъолият ва сиёсати хирадмандонаю миллатпарваронаи Пешвои миллат нақш ва манзалати алоҳидаро ишғол менамояд.
Таҳқиқи пайваставу мунтазами мероси таърихӣ ва тарғиби суннатҳои мардумиро Пешвои миллат вазифаи муҳимтарини намояндагони илму маориф, аҳли эҷод ва ҳамаи зиёиёни кишвар эълон намуданд. Дар ҳақиқат, тавре Пешвои миллат изҳор менамоянд: «Сарзамини аҷдодии тоҷиконро метавон осорхонаи ҷовидонаи таърих номид. Ва ин осорхона бароямон аз афтидану хестанҳо, сӯхтану сохтанҳо, шикастану пайвастанҳо ва чун мурғи самандар аз хоку хокистар эҳё шудану бори қисмат ба дӯш кашидани миллати ҷонсахту сарбаланди тоҷик қиссаҳо мегӯяд».
Насрулло УБАЙДУЛЛО, директори Институти таърих, бостоншиносӣ
ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш, профессор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.08.2020 №: 149 - 150 Мутолиа карданд: 493