logo

ҳуқуқ

ҲИСОР. «МУЛЛО» - И БАДАХЛОҚ ДАСТГИР ВА МУҶОЗОТ ШУД

Мутаассифона, дар ҷомеа баъзе ашхоси фиребгару бадахлоқ вомехӯранд, ки бо суиистифода аз эътиқоди динии мардум худро муллои ҷинбарор,  фолбину дуохон ва ҳатто бахткушо муаррифӣ карда, ба хотири манфиати шахсӣ ва амалӣ намудани мақсадҳои нопоки худ бо корҳои зиддидинӣ ва зиддиқонунӣ даст мезананд. Маҳз чунин «муллоҳо» ба номи ислом иснод меоранд.
Ҷӯрабой Сочаев, сокини шаҳри Ҳисор, аз моҳҳои сентябр - октябри соли 2019 инҷониб дар маҳали зисташ худро муллои ҷинбарор эълон намуда, табобати шаҳрвандонро бе доштани маълумоти расмии динӣ дар намуди маҳсгарӣ, дуохонӣ, ҷинбарорӣ, сеҳру ҷоду ва бахткушоӣ ба роҳ монда, бо суиистифода аз боварии мизоҷон барои чунин аъмолаш маблағҳои пулӣ гирифта, ба шаҳрвандон зарари моддӣ расондааст.
Тавре маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, номбурда аввалҳои моҳи октябри соли 2019 ба боварии шаҳрванд «А» даромада, ваъда медиҳад, ки аз баданаш ҷин ва сеҳру ҷодуро мебарорад ва ӯ шифо меёбад. Арзиши табобатро 3000 сомонӣ муқаррар кардааст. Шурӯъ аз ҳамон лаҳза то аввалҳои моҳи январи соли 2020 Ҷӯрабой Сочаев бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ ҳафтае як-ду ва дар маҷмӯъ, даҳ маротиба дар манзили истиқоматиаш нисбат ба номбурда ҳаракатҳои бадахлоқона анҷом медиҳад. Инчунин, ӯ бо ин роҳ шаҳрванд «А» - ро ба гумроҳӣ андохта, барои маҳси бадан ва табобат аз маблағи болозикр 1600 сомониро тасарруф менамояд. Аммо аз ин табобат дар саломатии шаҳрванд «А» ягон беҳбудӣ пайдо намегардад.
Ғайр аз ин, зимни тафтиши пешакӣ 5 лаҳзаи содир гардидани чунин ҷиноятҳо аз ҷониби Ҷӯрабой Сочаев муайян ва ошкор шуд. Аз ҷумла, ӯ аз охирҳои моҳи январ то 25 феврали соли равон, чунин амалҳои зишти худро нисбат ба 5 нафари дигар анҷом додааст. Вобаста ба ин, нисбат ба Ҷ. Сочаев парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол шуд.
Бо ҳукми суди шаҳри Ҳисор нисбат ба Ҷӯрабой Сочаев бо дастрасии моддаҳои 1421 қисми 1 (алоқаи ҷинсӣ, дигар ҳаракатҳои хусусияти шаҳвонидошта ё ҳаракатҳои бадахлоқона бо суиистифода аз ҳиссиёт ва боварии динӣ) ва 247 қисми 3 банди “а” (қаллобӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 6 моҳ ва ҷарима ба андозаи 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 5800 сомонӣ бо маҳрум кардан  аз ҳуқуқи фаъолияти муайян таъйин карда шуд.

Лашкар ШАРИФЗОДА,
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.08.2020    №: 151    Мутолиа карданд: 734
28.10.2020


ЛАХШ. РУШДИ ТОЗАИ БОҒДОРӢ

САНОАТИ МАЪДАНҲОИ КӮҲӢ. СУРЪАТИ РУШД БА 12,5 ДАРСАД РАСИД

ПАНҶ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ ФАРХУНДА

СҶТ АЗ КОҲИШИ СИРОЯТИ COVID-19 ДАР ҶАҲОН БАЪДИ ХУРУҶИ БЕСОБИҚА ХАБАР ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.10.2020


СУҒД. 73 КОРХОНАВУ КОРГОҲИ НАВ БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ КАРД

ТАҒЙИРОТ ДАР ФАЪОЛИЯТИ ЖУРНАЛИСТӢ

ПАРВОЗҲОИ МУСТАҚИМ МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БАРҚАРОР МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

"СИПАР" – ҚАҲРАМОНИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛ

26.10.2020


Дар Қирғизистон интихоботи парламентиро мавқуф гузоштанд

Кремл шарти ҷалби Туркияро ба музокироти Қарябоғ гуфт

Ҷавоби Путин ба рақибоне, ки интизори фанои Россия ҳастанд

Табиби олмонӣ барои табобати беморони SARS-CoV-2 ба Тоҷикистон омад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

СПИТАМЕН. БУНЁДИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНӢ ВА ЧОЙХОНАИ “РОҲАТ”

94 ҲАЗОРУ 262,2 ТОННА ПАХТА ҶАМЪОВАРӢ ШУД

ХУҶАНД. БОЗ ЯК ШУЪБАИ ТАБОБАТӢ ДАР ХИЗМАТИ МАРДУМ

22.10.2020


"РАВШАН" – ҒОЛИБИ ЛИГАИ ЯКУМ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. СОЛИ ЧАРОҒОНКУНӢ

ПОМПЕО ИМА ВА РОССИЯРО БА ОҒОЗИ ҲАРЧИ ТЕЗТАРИ ГУФТУШУНИД ОИД БА МСС-3 ДАЪВАТ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.10.2020


90 СОЛИ ПУРБАРОР

САРАЗМ. АЗ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ ТО ТАНТАНАИ ЗИНДАГӢ

ҶАШНИ МЕҲРГОН ВА ФЕСТИВАЛИ ШОЛИЮ БИРИНҶ

19.10.2020


ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. "РАВШАН" БАРАНДАИ ОН ГАРДИД

16.10.2020


МОЛИЯЧИЁНИ ХАТЛОН: МО ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

ТАСАРРУФИ 430 000 ДОЛЛАР. ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ НИСБАТ БА ҚАЛЛОБЕ, КИ ДАР АВРУПО ПАНОҲ МЕБАРАД

14.10.2020


«ҲАБДАҲ ЧАМАН»

13.10.2020


ХАТЛОН. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ТОҶИКИСТОН. 88,7 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО – 2020 «БАРСЕЛОНА» ҚАҲРАМОНИ ОН

ОҒОЗИ МАШҚҲОИ СААД ДАР БЕЛАРУС

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛЕВАКАНТ. ТАҶДИДУ НАВСОЗИИ РОҲҲО


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед