logo

Хабарҳо

САНГВОР. ДЕҲАҲО ТАРОВАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Ба шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ солҳои охир дар ноҳияи Сангвор даҳҳо деҳаи нав бунёд гардид. Ҳоло бо мақсади фароҳам овардани инфрасохтори зарурӣ – таъминот бо неруи барқ, оби нӯшокию полизӣ, бунёду навсозии роҳҳои мошингард ва шароити дигари зисту зиндагии шоиста дар ноҳия тадбирҳои зиёде  мавриди амал қарор гирифта истодаанд.
Бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (зимни сафари кориашон ба ноҳия, 26 июни соли гузашта) вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ вазифадор шуда буданд, ки барои таъмини сокинони 18 деҳаи навбунёди ноҳия бо неруи барқ сохтмони хатҳои барқу зеристгоҳ ва дигар корҳои заруриро дар муҳлати муайяншуда ва бо сифати баланд ба анҷом расонанд.
Тавре Сайфулло Наҷмиддинов, сардори шабакаҳои барқи ноҳия, зимни суҳбат гуфт, ҳоло сохтмону насби хатҳои барқу зеристгоҳ дар деҳаҳои навбунёд дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Ба гуфтаи ӯ, фармоишгари сохтмони хатҳои барқу таҷҳизоти дигари зарурӣ барои маҳаллаҳои навбунёди ноҳия ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» ба шумор рафта, иншоот аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ бунёд шуда истодаанд. Корҳои пешбинишударо асосан мутахассисону коргарони ҶДММ «Наҷҷор» марҳила ба марҳила бо назардошти шароити маҳал анҷом дода истодаанд, зеро масофаи сохтмони хатҳои барқи гуногуншиддат беш аз 86 километрро ташкил медиҳад.
- Сохтмони хатҳои барқ ва насби таҷҳизот дар 8 деҳаи дурдаст - Санглох, Пағула, Кафтаргузар, Муридони Ағба, Чашмаи Кабуд  (Гирдоб), Шӯри Боло (Калпак), Дашти Найхо (Деҳаи Боло) ва Шаҳринав ба анҷом расида, дар деҳаҳои Скат, Роға, Арзинг ва Найгуфт дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Дар 6 деҳаи дигар корҳои сохтмонию васлгарӣ оғоз гардида, марҳила ба марҳила  ба анҷом расонда мешаванд, - гуфт Сайфулло Наҷмиддинов.

Худодод ЗАЙНИДДИН, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 340
21.09.2020


БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ҶИНОЯТКОРИҲО

ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲО МАТРАҲ ГАРДИД

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПУРЗӮР НАМУДАНИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИЯВӢ

ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТОҶИКИСТОН. 86,7 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ COVID – 19 ШИФО ЁФТАНД

МАРЗҲОИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ АВВАЛИ МОҲИ ОКТЯБР БОЗ МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

ЛЕВАКАНТ. ПАХТАЧИНӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД

ТОҶИКИСТОН НОЗИРОНИ ИДМ-РО БА ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАЪВАТ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,4 дарсади беморон шифо ёфтанд

НОҲИЯИ ВОСЕЪ. БОЗ 82 ШАҲРВАНД БО КОР ТАЪМИН ГАРДИД

ТАЪСИСИ 86 КОРХОНА ДАР ҲАФТ МОҲ

«ЛИДАР». АКНУН ТАРКИБИ МОЛЕКУЛАВИИ ҲАВО САНҶИДА МЕШАВАД

14.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 7816 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ПАЙВАНДГАРИ ДИРӮЗУ ИМРӮЗ. БАРДОШТ АЗ ҲАМОИШИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАХШИДА БА 90-СОЛАГИИ "ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН"

US OPEN. ТИМ ВА НАОМИ ҒОЛИБОНИ ИН МУСОБИҚА

СММ КИШВАРҲОИ ПЕШРАФТАРО ДАЪВАТ НАМУД, КИ АЗ ТАҲРИМОТ АЛАЙҲИ МАМЛАКАТҲОИ РУШДКУНАНДА ДАСТ КАШАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

11.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 7 ҲАЗОРУ 714 СИРОЯТЁФТА АЗ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ЛИГАИ БОНУВОН. «ЗЕБОНИСО» БОРИ ДУЮМ ЧЕМПИОНИ ТОҶИКИСТОН ШУД

САФОРАТ ВА ДОМОДЕДОВО ХАБАРҲО ДАР БОРАИ БАНД МОНДАНИ ТОҶИКОНРО ДАР ФУРУДГОҲ РАД КАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

10.09.2020


НИСФИ КӮДАКОНИ РУСИЯГӢ COVID-19-РО САБУК ГУЗАРОНДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ОҒОЗИ НАШРИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ

08.09.2020


ТОҶИКИСТОН. ШАБОНАРӮЗИ ОХИР 32 ҲОДИСАИ НАВИ БЕМОРИИ COVID – 19 ОШКОР ШУД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед