logo

иқтисод

ҲИСОР. САНОАТ РУШД МЕКУНАД

Татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат эътимоди шарикони рушд ва соҳибкорони хориҷиро ба кишвари мо афзуд. Дар ин муддат даҳҳо корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз намуда, истеҳсоли номгӯи нави маҳсулоти воридотивазкунанда ба роҳ монда шуд. Ҳамчунин, бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати кишвар, фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ, ҷалби сармояи мустақим, воридоти технологияҳои нави инноватсионӣ ва рушди соҳаҳои воқеӣ имкон фароҳам омад, ки раванди саноатикунонии мамлакат густариш пайдо карда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва шумораи ҷойҳои нави корӣ мунтазам афзоиш ёбад.

Ин тадбирҳо имкон доданд, ки дар доираи татбиқи стратегияи саноатикунонии кишвар, аз ҷумла дар шаҳри Ҳисор, дар баробари бунёди иншооти ҷашнии иҷтимоию фарҳангӣ, инчунин, корхонаҳои хурду миёнаи саноатӣ ба фаъолият шурӯъ намоянд. Ин аст, ки теъдоди умумии корхонаҳои саноатӣ то имрӯз ба 69 адад расидааст. Корхонаҳои саноатии шаҳр бо нархҳои амалкунанда дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба маблағи 105,7 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол ва коркард карданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Суръати афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 7,9 дарсад боло рафта, ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти умумии шаҳр 8,7 дарсадро ташкил дод.
- 14 октябри соли гузашта дар шаҳри Душанбе мулоқоти Пешвои муаззами миллат бо саноатчиёни ҷумҳурӣ баргузор гардид. Сарвари давлат вазъи кунунии соҳаи саноатро ҳамаҷониба таҳлил ва нишондиҳандаҳои асосии соҳаро нисбат ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ муқоиса намуда, аз рушди нокифояи саноати мамлакат изҳори нигаронӣ карданд ва ҷиҳати ҳалли мушкилоти соҳа дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Бо мақсади иҷрои ин супоришҳо нақшаи чорабиниҳо таҳия гардид, ки ҳоло бандҳои он амалӣ шуда истодаанд. Соли 1991 дар Ҳисор 6 корхона фаъолият дошт ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 33,7 миллион сомониро ташкил медод. Ҳоло 49 номгӯ маҳсулот истеҳсол мешавад, - гуфт Аҳмадҷон Исматуллозода, муовини якуми раиси шаҳри Ҳисор.
Аз соли 2018 то ҳол дар шаҳр бо ҷалби соҳибкорон 14 корхонаи хурду миёна, аз ҷумла корхонаҳои васлу насби трактор -  “Агротехсервис” бо иқтидори васлу насби 1700 адад трактор ва механизмҳои кишоварзӣ дар як сол, истеҳсоли коғази ташноб - “БФ Тиҷорат” бо иқтидори коркарди 600 тонна коғаз, коркарди пахта - “Тиллои сафеди Ҳисор” бо иқтидори коркарди 5 ҳазор тонна маҳсулот, истеҳсоли лӯлаҳои оҳанӣ, асбестӣ  ва бомпӯш - “Истеҳсоли лӯла ва профили тоҷик” бо иқтидори коркарди 5 ҳазор тонна оҳан ва истеҳсоли 500 ҳазор дона бомпӯш ва лӯлаҳои асбестӣ, коркарди маҳсулоти ширӣ - “Рустам - 2019” бо иқтидори коркарди 200 тонна шир,  истеҳсоли хишти пухта - “Санги дарё” бо иқтидори истеҳсоли 6 миллион дона хишт, истеҳсоли бомпӯшҳои асбестӣ -  “Анас Одина” бо иқтидори истеҳсоли 500 ҳазор дона, коркарди маҳсулоти ширӣ дар назди ҶСК “Авитсена” бо иқтидори коркарди 900 ҳазор тонна шир, истеҳсоли симтӯр ва симҳои сохтмонӣ - “Файзи Истеъдод”, истеҳсол ва коркарди гӯшти паранда -   “Мақсад - 2020”, “Мурғи Сабо” ва “Чӯҷаи Ҳисор”, коркарди пахта - “Ромиз” ва истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ - “Малика - 2018” ба фаъолият пардохт ва дар корхонаҳои мазкур беш аз 260 ҷойи кори нав таъсис ёфт.
Ҳамзамон, 3 корхонаи истеҳсоли хишти пухта “Абубакр - 88”, “Миррих”, “Муҳаммадҷони Рустам”, корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ - “Нарзӣ ва Ко” ва коркарди пахта - “Пахтаи Ҳисор” ба фаъолият оғоз намуданд ва дар мавсими кор дар корхонаҳои мазкур то 90 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардид.
- Гарчанде нишондиҳандаҳои соҳаи саноати шаҳр рӯ ба афзоиш бошанд ҳам, дар фаъолияти корхонаҳои саноатӣ мушкилоти зиёд, аз қабили ба меъёрҳои соҳавӣ ба пуррагӣ мутобиқ набудани воситаҳои истеҳсолӣ, нокифоягии ҳаҷми маблағгузорӣ, норасоии мутахассисони соҳибкасб, дастрасӣ надоштан ба қарзҳои дарозмуддати имтиёзнок бо фоизҳои паст, дар ҳаҷми зарурӣ истеҳсол нагардидани намудҳои алоҳидаи зироат ва маҳсулоти кишоварзӣ барои коркарди саноатӣ (пахта, зироатҳои равғандеҳ, гандум ва ғайра), надоштани маблағи гардон ва фарсудашавии дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолӣ, ҷой доранд. Барои дар амал татбиқ кардани ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар нақши корхонаҳои саноатии азими тавлидкунандаи маводи хӯрокворӣ, коркарду бастабандии маҳсулоти кишоварзӣ, ресандагию бофандагӣ, алюминийӣ ва масолеҳи сохтмонӣ калон аст. Татбиқи ҳадафҳои саноатикунонии кишвар имкон медиҳад, ки дар корхонаҳои саноатӣ ашёи хоми маҳаллӣ то ҳадди ниҳоӣ  коркард шуда, маҳсулоти ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ бо тамғаи истеҳсоли Тоҷикистон ба содирот равона карда шавад, - гуфт А. Исматуллозода.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор азм дорад, ки дар фаъолияти минбаъдаи худ бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда истеҳсоли маҳсулоти маҳаллиро афзун намуда, ба ин васила дар рушди иқтисодии ҷумҳурӣ, баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳли ҷомеа ва расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии кишвар саҳмгузор бошад.

Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
“Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.08.2020    №: 154 - 155    Мутолиа карданд: 310
01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед