logo

ҳуқуқ

КОРРУПСИЯ. РЕШАИ ИН ВАБОРО БОЯД БО ҲАМ БИКАНЕМ!

Коррупсия ё аниқтараш амалҳои коррупсиониро аз сабаби дар саросари ҷаҳон ҷое зиёд, ҷое кам реша давондан ва новобаста ба эҳтимомоти густурдаи институтҳои вижаи байналмилалию дохиликишварӣ аз байн нарафтан, “вабои аср” мегӯянд. Гурӯҳе аз соҳибназарон бар инанд, ки барои муваффақ шудан дар ҷодаи мубориза бо ин “вабо...” “ситораи нав кашф кардан” лозим намеояд. Балки он амалро дар назари аҳли ҷамъият зишт ҷилва додан аз муассиртарин тадобир аст.

Ҳамсуҳбати мо Саидҷалол Сатторов, собиқадори матбуот ва мақомоти идораи давлатӣ, сокини ноҳияи Ховалинг, фарде, ки ҳама умр нони ҳалолро бартар донистааст, ҷонибдори аршади ҳамин мавқеъ аст.
– Коррупсия ё худ ришваситонӣ аз одатҳои бадест, ки ба пешрафту тараққиёти кишвар монеа эҷод намуда, обрӯи давлатро дар арсаи байналмилалӣ коҳиш медиҳад. Дар кадом соҳае ришваситонӣ ҷой дошта бошад, дар он ҷо кормандонаш дар бораи пешрафт ва сифати кор фикр намекунанд. Дар бораи он фикр мекунанд,  ки имрӯз чӣ гуна ва ба кадом роҳ пули бе дарди миён ба даст биоранд...
Амалҳои коррупсиониро бо роҳи зӯрӣ аз байн бурдан мумкин нест. Роҳи аз байн бурдани он танҳо тарбияи зиддикоррупсионӣ мебошад. Агар дурусттар назар намоем, ба коррупсия мо худамон аз оила, аз хурдии фарзандонамон роҳ мекушоем.
Қариб ҳама барои иҷрои ин ё он кор ба фарзанди хурдсоли худ додани маблағ ва ҳеҷ набошад конфет ва ягон чизи дигарро ваъда мекунем. Вақте кӯдак дар ивази ин ё он кор ба гирифтани (ин амал дар назари падару модар туҳфа ҳисоб меёбад. Ҳол он ки он ришва ва ба ибораи дигар коррупсия аст) ришва одат кард, дигар бе пул ягон корро иҷро намекунад ва то охири умр  ба ин хислати бад одат мекунад ва нафси саркаш оқибат ӯро ба содир намудани ҷиноят мебарад.
Мисоли дигар. Барои иҷрои коре ба назди ин ё он роҳбари ташкилоту муассиса ва хоҷагӣ меравем. Баъди салому алейк ва баёни мақсади ташриф чунин муроҷиат мекунем: “Ака, ҳамин кори маро иҷро кунед, хизматашро мекунам”.
Дар ботини он роҳбар баъди чунин ваъда хоҳ-нохоҳ хоҳиши гирифтани пули ҳаром пайдо мегардад ва мо бо ин хизмати хирсона он роҳбарро порахӯр мекунем ва ба коррупсия роҳ мекушоем. Як бор фикр намекунем, ки он роҳбар барои иҷрои вазифа маош мегирад ва вазифадор аст, ки дар асоси муроҷиат корро иҷро намояд. 
Баъди хатми мактаби миёна дар сохтмони пул кор мекардам. Аксари коргарон рус буданд, аз ҷумла хазинадор ҳам. Ҳар гоҳе хазинадор - зани рус  маоши коргаронро меовард, ба ӯ бе он ки талаб намояд, ҳар як коргари тоҷик аз 5 то 10 сӯм медод. Аввал намегирифт. Вақте дид, ки барои гирифтани маблағ ҳатто ӯро маҷбур ҳам мекунанд,  маблағи бе дарди миёнро қабул кардан гирифт.
Пулро ихтиёран бароварда медиҳем, вале фикр намекунем, ки барои ин маблағ мо меҳнат сарф мекунем ва дар хона зану фарзандамон ба он эҳтиёҷ доранд. Агар ҳамин маблағро зану кӯдаконамон барои хариди ашёи хониш талаб намоянд, барои пул надоштан сад баҳона пеш меоварем.
Хуллас, мубориза ба коррупсия фаъолияти дастаҷамъона ва ҳамоҳангии ҳамаи мақомоти масъули давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дар маҷмӯъ, ҳамаи қишрҳои ҷамъиятро тақозо менамояд. Аз ин рӯ, агар мо рушди давлат, саодати мардум ва таъмини зиндагии пуршарафи ҳар як фарди кишварро хоҳем, бояд пеш аз ҳама, мафкураи худро тағйир диҳем ва чун инсони боирода, соҳибмаърифат ва адолатпарвар бо коррупсия дар ҳамоҳангӣ бо ҳамаи мақомоти масъули давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мубориза барем. 

Зокир ҲАСАН,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.08.2020    №: 154 - 155    Мутолиа карданд: 240
22.10.2020


"РАВШАН" – ҒОЛИБИ ЛИГАИ ЯКУМ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. СОЛИ ЧАРОҒОНКУНӢ

ПОМПЕО ИМА ВА РОССИЯРО БА ОҒОЗИ ҲАРЧИ ТЕЗТАРИ ГУФТУШУНИД ОИД БА МСС-3 ДАЪВАТ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.10.2020


90 СОЛИ ПУРБАРОР

САРАЗМ. АЗ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ ТО ТАНТАНАИ ЗИНДАГӢ

ҶАШНИ МЕҲРГОН ВА ФЕСТИВАЛИ ШОЛИЮ БИРИНҶ

19.10.2020


ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. "РАВШАН" БАРАНДАИ ОН ГАРДИД

16.10.2020


МОЛИЯЧИЁНИ ХАТЛОН: МО ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

ТАСАРРУФИ 430 000 ДОЛЛАР. ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ НИСБАТ БА ҚАЛЛОБЕ, КИ ДАР АВРУПО ПАНОҲ МЕБАРАД

14.10.2020


«ҲАБДАҲ ЧАМАН»

13.10.2020


ХАТЛОН. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ТОҶИКИСТОН. 88,7 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО – 2020 «БАРСЕЛОНА» ҚАҲРАМОНИ ОН

ОҒОЗИ МАШҚҲОИ СААД ДАР БЕЛАРУС

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛЕВАКАНТ. ТАҶДИДУ НАВСОЗИИ РОҲҲО

НОБОЛИҒОН. ҚОНУНШИКАНӢ ҲАНӮЗ АЗ БАЙН НАРАФТААСТ

ОЗАРБОЙҶОН ВА АРМАНИСТОН ОТАШБАС ЭЪЛОН НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФИЛМИ “ХИЁНАТ” АСРОРИ ДУШМАНИВУ ХОИНИРО ИФШО КАРД

12.10.2020


ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ - 2020. ФУТЗАЛБОЗОНИ ТОҶИК БАРОИ ИШТИРОК ОМОДАГӢ МЕГИРАНД

ХАЙКО МААС: "ИТТИҲОДИ АВРУПО МУКОЛАМА БО РОССИЯРО НАБОЯД ҚАТЪ КУНАД"

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.10.2020


БЕҲТАРИНҲО МУАЙЯН ШУДАНД

ҲАВЗАИ ИШКОШИМ БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ

ВОХӮРӢ БО НОМЗАДҲО

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ 56 654 ТОННА ПАХТА

ЗАРКОРОНИ ЛЕВАКАНТ АВВАЛИН ШУДА НАҚШАРО ИҶРО КАРДАНД

ММВЗО «СОЛОР» – ЧЕМПИОНИ ТОҶИКИСТОН БАЙНИ НАВРАСОНИ ТО 14 - СОЛА

07.10.2020


МОИ “СУҒД”. КОРХОНАИ КОРКАРДИ МЕВАИ ХУШК БУНЁД МЕГАРДАД

ҶАМЪОВАРИИ 2660 ТОННА ПАХТА ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ

ДАНҒАРА. ОМОДАГИҲО МУТАШАККИЛОНА ИДОМА ДОРАНД

06.10.2020


ЛИГАИ ОЛӢ. КМВА ҶОИ СЕЮМРО ГИРИФТ ВА «ЛОКОМОТИВ – ПОМИР» БА ЛИГАИ АВВАЛ РАФТ

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИИ ТОҶИКИСТОН: 122 НОЗИР ВА 258 РӮЗНОМАНИГОР АККРЕДИТАТСИЯ ГИРИФТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед