logo

иҷтимоиёт

ИСТИҚЛОЛИЯТ. ҲАМ НУРУ ҲАМ ЗӮРИ МО

Нурест ба дидагони мо Истиқлол,
Зӯре ба тану равони мо Истиқлол.
Як миллати пошхӯрдаро ҷамъ овард,
Пайвандгари ҷаҳони мо Истиқлол.
Бо пайки хушаш ҳама ватансоз шудем,
Ному насабу забони мо Истиқлол.
Соҳибватанему соҳиби қисмати хеш,
Муъҷизаи шаъну шони мо Истиқлол.
Равшан шуда аз чароғи чашмаш раҳи мо,
Моҳест дар осмони мо Истиқлол.
Эй ҳамқалами азиз васфаш бисаро,
Зебоии достони мо Истиқлол.
Шукрона, ки дар канори ӯ масрурем,
Ободии хонадони мо Истиқлол.
«Шоҳнома» - ву Шаҳриёру Шаҳрия турост,
Тоҷи шарафу нишони мо Истиқлол.

Дар ин шеър шоир хиради воло, нангу ори миллии дар қалби ҳар тоҷики худшинос роҳёфтаро навиштааст. Воқеан, дар бораи Истиқлолияти кишвар соатҳо ҳарф занему садҳо китоб нависем кам аст.
Тоҷикистониён зери сиёсати сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даст ба дасти ҳам дода, хоки аҷдодӣ, таърихи пурғановат ва миллати соҳибтамаддунро аз вартаи маҳвшавӣ наҷот доданд. Маҳз ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ халқи шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эъмори давлати демократӣ мушарраф гардид.
Мехоҳам ҳамчун як ҷавонзан қаҳрамонию ҷоннисориҳои Сарвари тоҷикони оламро зикр созам ва дар канор набошам, зеро бояд ҳар тоҷики асил дирӯзро ба имрӯз муқоиса кунад, ки зиндагӣ он рӯзҳо чӣ гуна буд ва имруз чӣ гуна аст? Давраҳои сангине буданд, ки зан-модари тоҷик дар фироқи ҷигарбандаш ашк мерехт ва ҳуқуқи аз хона баромадану фикрашро баён карданро надошт, вале имрӯз ба шарофати сиёсати иҷтимоии Пешвои миллат зан соҳибмаълумоту соҳибкор гашт ва аз минбарҳои сатҳи баланд сухангӯ шуд.
Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», хони моро боз ҳам пурнозу неъмат ва масъулияти моро дар тарбияи дурусти фарзандон дучанд гардонданд. Фаъол гаштани ду агрегати НБО «Роғун» дар як давраи муборизаҳои идеологӣ, шарафи ҳар тоҷикистониро баланд кард. Эълон гардидани «Соли ҷавонон», (с. 2017) масъулияти ҷавононро зери шиори «Ҷавонон - пайравони Пешвои миллат» баҳри ободии кишвар дучанд бардошт. Ҷавононро ҳамчун ояндасози давлату миллат, қувваи пешбаранда ва неруи ҳаракатдиҳандаи ҷомеа эътироф кардани Сарвари давлат боиси болидарӯҳӣ ва ифтихори ин қишри ояндасоз гашт, эътимоди моро ба фардои дурахшон қавӣ ва масъулиятамонро баҳри ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ афзуд.
Иқдоми падаронаи Пешвои миллат таъсиси Квотаи президентӣ мебошад, ки тавассути он садҳо духтарону писарони кӯҳистонӣ аз оилаҳои ниёзманд соҳибмаълумот гардиданд.
Барномаҳои давлатӣ дар бораи дастгирии духтарону занон, аз ҷумла «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2016 - 2020» барои занҳои кӯҳистон як роҳу усули ҳифзи ҳуқуқҳои худ гардид.
Аз ҳама муҳим ба даст овардани амнияти озуқаворӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, ки 3 ҳадафи стратегии Сарвари давлат буд, шукр, ки имрӯз  ҷомаи амал пӯшид. Шукрона, ки ҳама раҳҳо кушода, неругоҳу нақбҳо дар истифода, хонаю кӯчаҳо чароғон ва хони мардум пур аз нон аст.
Зиндагӣ ба монанди дарё авҷу мавҷ дорад ва набояд фаромӯш кард, ки Сарвари давлати мо киштие сохтанд, ки миллати тоҷикро ба соҳили мурод расонд.
Партавафшонии Парчами давлатӣ, қомат афрохтани Нишони давлатӣ, садо додани Суруди миллӣ дар минбарҳои баланд қалби ҳар тоҷики асилро ба тапиш меорад. Ободкориҳо, ки дар пойтахти кишвар, шаҳри Душанбе ва дурдасттарин ноҳияҳо ба назар мерасанд, аз сиёсати ватандӯстонаи Пешвои миллат дарак медиҳанд.
Пас, бояд дар ин замон, ки кабӯтари сулҳ дар фазои Тоҷикистони азиз парафшонӣ мекунад, худамон зиндагии шоистаро барои хеш ва фарзандонамон муҳайё созем, забон омӯзем ва пайи ободии Меҳан бикӯшем.

Нодираи МАҲМАДИСО, ноҳияи Тоҷикобод
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.08.2020    №: 162    Мутолиа карданд: 184
04.03.2021


ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ЗАНОН

ШАҲРИНАВ. ГУЛГАШТИ НАЗДИ МУҶАССАМАИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА НАВСОЗӢ МЕШАВАД

КАМОНВАРӢ

Муассисаҳои таълимии олии Россия дарҳояшонро барои донишҷӯёни хориҷӣ боз намуданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.03.2021


Мулоқоти Зулфия Давлатзода бо Мирвайс Ноб

Дар Доғистон хотираи ҳалокшудагони ҷангро гиромӣ медоранд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. СИТОРАҲОИ ДУРАХШОНИ ВАРЗИШИ ТОҶИК

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН

ҚУЛЛАИ «РАҲИМ МАСОВ» ДАР ИШКОШИМ

ҶОМИ КФО – 2021

Путин ҷиҳати муколама бо ИМА ва дигар кишварҳо омода аст

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед