иҷтимоиёт
РОҲАТИ РӮҲОНӢ ВА ҶИСМОНӢ. ЯЪНЕ ЧӢ?
Ҳар ҷомеае, ки мубталои макру фиреб гаштаву мешавад, ба ин сабаб аст, ки танҳо аз роҳати ҷисмонӣ меандешад ва дар хусуси роҳати рӯҳонӣ саъй ба харҷ намедиҳад. Дар натиҷа онро ба куллӣ ё аз ёд мебарад ва ё гирифтори ранҷу азобҳо мегардад, ки ислоҳи онҳо ҳеҷ ба осонӣ, балки ба мушкилӣ ҳам даст намедиҳад. Ин хатарро ҷомеа замоне ба ҷон эҳсос менамояд, ки умеди наҷот аз ғарқшавиро дар вуҷуду зеҳну андешаи худ намеёбад. Бо дарки ин гуна пешомадҳои муҳлик ё худ ҳалокатбор ниёгони барӯманди мо ҳамеша дар ҳар давру замон масъалаи мазкурро пеши назар доштанд ва дар маркази диққат қарор доданд. Ҳамзамон, таъкид менамуданд, ки дар ин маврид андак ғафлат низ наварзанд.
Мутаассифона, ҳолиё ин доғест, ки бар дилу рӯи ҷаҳониён ҷой ва мавқеи устувор пайдо кардааст. Аз ин бадтар он аст, ки ин доғро ҳусн пиндоштаанду ба он нозидаанд.
Тамоми саъю талош ба хотири соҳиб гардидану расидан ба роҳати ҷисмонӣ аст. Аксар вақт ин амалҳо бо тағйири сурати рӯй ба маънии манфиаш таъсир мекунад ва зебоии онро аз миён мебарад. Оре, ҳарчанд, ки он боиси дарозумриашон шояд бигардад.
Ҳар кор, хосса роҳати ҷисмонӣ, ки сухан дар мавриди он аст, меъёру андоза ва фурсати мувофиқ дорад.
Бузургони пешини мо ҷисмро маркаб ва рӯҳро рокиб, яъне якеро саворӣ ва дигареро савора донистаанд. Агар маркаб пайваста дар роҳат қарор бигирад, саркаш мешавад ва низ қудрати рафтору хоҳиши итоатро аз даст медиҳад. Аз ин рӯст, ки рокиб ё худ савора ҳаргиз намегузорад маркаб ва ё саворияш ба роҳати ҷисмонӣ дил бибандад.
Рӯҳ бар ҷисм бояд ҳамеша ғолиб бошад. Агар ғолиб нагардад, ҷисм амркунанда мешавад ва дар натиҷа зуди зуд ҳар ду ба ҳалокат мерасанд.
Як масали хуби чинӣ аст. Миёни дум ва сари мор баҳс мешавад. Дум худро дар манзалат ва мартаба нисбат ба сар болотар медонаду меҳисобад. Сар ҳақиқатро баён месозад, аммо дум онро намепазирад ва барои исботи ҳаққонияташ худро бар дарахте мепечад. Пас аз он бар сар амр мекунад, ки агар ҳақ асту қудрат дорад, бе ӯ ба роҳ бибарояд. Оқибат бо эълони ғолибият дум пешрав мешаваду ба алангаи оташ ворид мегардаду сару баданро низ хокистар месозад.
Барои роҳати ҷисмонӣ ин гуна андешаи ғалат роиҷ аст, ки бояд сарват андӯхт. Ба ҳангоми андӯхтан муҳаббати он дар дил ҷой мегирад ва вуҷудро ба тадриҷ фосид месозад. Дар ин ҳол аст, ки ба ҳазору як роҳи номатлуб меравад ва дар ин роҳ кибр, ғорат, кушторро барои иҷрои мақсадҳои нопокаш як амали муқаррариву зарурӣ меҳисобад. Рӯҳ, ақлу хираду дониш, ки дар пушти дар мемонанд, барои наҷоти ин гуна шахс ҳеҷ гуна тадбире андешида наметавонанд.
Аксар бо дидани роҳатталабони ҷисмонӣ ва имконоти зиёдашон орзуи бо онҳо баробарӣ карданро дар дил мепарваранд. Ин орзу баъд ба ҳасад табдил меёбад. Ҳасад низ, фаромӯш мекунанд, ки фосидкунандаи ҷисм аст. Бо ин ҳол ва андеша рӯҳро дар азоб мегузоранд. Он роҳатеро, ки барои рӯҳ вуҷуд дошт, аз миён мебарад. Дар натиҷа ҳар ду роҳат: ҳам рӯҳонӣ ва ҳам ҷисмониро аз зиндагии худ салб мекунад.
Эй рӯбаҳак, чаро нанишастӣ ба ҷойи хеш?
Бо шер панҷа кардиву дидӣ сазои хеш.
Оқибат хунашро барои қолии султон бирехтанд, дар ҳоле ки беҳтар буд, бар бурёи хеш менишасту бо амну тандуруст мезист.
Ҳолиё бисёр бемориҳо бар ин асар пайдо шудаву дар оянда ба авҷи аълои худ мерасанду густариш пайдо мекунанд. Табобати ҷисм он гоҳ ва баъдҳо натиҷаи неку мусбат намедиҳад. Агар дарёбанд, ки он ба рӯҳ иртибот дорад, давобахшии рӯҳ нисбат ба ҷисм пур мушкил аст. Шояд ба ин дастовард ноил бигарданд, ки рӯҳи чанд нафарро шифо бубахшанд. Аммо тиб ва бузургтарину ҳозиқтарин табибон ин қудратро доранд, ки ҷомеаи беморро ба табобат фаро бигиранд? Албатта, не.
Ҷойи таассуфи бештар он аст, ки қариб ҳар нафар бо пайдо кардани андак пулу сарват худ ва аҳли хонадону пайвандонашро барои рӯ овардан ба роҳати ҷисмонӣ талқин мекунад. Ин кор аллакай ба ҳукми як мусобиқаву озмун даромадааст.
Ин ҳақиқатро аз ёд бурдаанд, ки ҷисми солим бо рӯҳи бемор бемор дониста мешавад ва эътибор надорад. Зарур аст, ки аз парвариши рӯҳ андаке ҳам ғафлат наварзему корро ба худу ҷомеа душвор нагардонем. Ин парвариш ба василаи иҷрои амалҳои нек, бо шинохти ҳақиқат, донишандӯзӣ, нигоҳ доштани адлу инсоф, дурӣ ҷустан аз корҳои номатлубу шанеъ сурат мегиранд.
Агар фарзандонамонро дӯст медорему муҳаббати онҳо дар диламон ҷой доранду барои ояндаи некашон тамоми тадбирҳоро меандешем, набояд надонем ва фаромӯш бикунем, ки онҳо ба тарбияи рӯҳӣ бештар ниёзманданд. Ва барои ин ҳар чизе, ки зарур аст, бояд муҳайё бикунем. Солимии худи мо ва фарзандон солимии ҷомеа мебошад. Вазифаи мо – зиёиёни асил аст, ки авомро, ки танҳо ба осоиш ва роҳати ҷисмонӣ машғуланд, аз ин хоби ғафлат бедор бисозем, ҳақиқатро ошкоро баён бинамоем. Лаззатҳои дунёӣ чун биафзояду аз эътидол бигузарад, музир ё зараровар мешаванд.
Имрӯз бузургтарин хавфе, ки ба инсоният аз ҳама бештар таҳдид дорад, ҳамин хостгории роҳати ҷисмонӣ аст. Ҳатто ҳеҷ пурқудраттарин силоҳ ва қаттолтарин душман ба он баробарӣ карда наметавонанд. Пас, барои пешгирӣ аз ин хавф, наҷоти худ, миллат ва инсоният бо шинохти рисолати аслиамон ҳарчи зудтар тадбир биандешем, тадбири дурусту муассир.
Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.08.2020 №: 162 Мутолиа карданд: 212