logo

иҷтимоиёт

ТОҶИКИСТОН. ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ ВА ТАЪМИНИ ҲУҚУҚҲОИ ШАХСОНИ ДОРОИ ИМКОНИЯТИ МАҲДУД

Шахсони дорои имконияти маҳдуд категорияи ба ҳимоя эҳтиёҷманди аҳолӣ ба шумор рафта, ғамхории махсуси давлатро дар тамоми соҳаҳои ҳаётии онҳо талаб менамояд. Чунки ин қишри ҷомеа вобаста ба доштани имкониятҳои маҳдуд ҳуқуқу манфиатҳои қонунии хешро ба таври зарурӣ ба амал бароварда наметавонанд. Бинобар ин, сиёсати давлат ҳамеша ба самти дастгирии ин қишри ҷомеа нигаронда шудааст ва ба таври доимӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат чораҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои онҳо андешида мешавад.
Ҳуқуқу озодиҳои шахсони дорои имконияти маҳдуд чун дигар шахсон дар қонунгузории миллӣ ва санадҳои байналмилалӣ муқаррар гардидааст. Яъне, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалӣ иштироки васеи шахсони дорои имконияти маҳдудро дар ҳаёти сиёсӣ ва идоракунии давлатӣ, аз ҷумла ҳуқуқи иштироки онҳоро дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешбинӣ менамоянд.
Кафолати иштироки шахсони дорои имконияти маҳдудро дар ҳаёти сиёсӣ моддаҳои 1, 6, 27, 65 ва дигар меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. Дар моддаи 6 - и Конститутсия пешбинӣ гардидааст: “Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст”. Дар зери мафҳуми халқи Тоҷикистон шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон фаҳмида мешаванд. Аз ин рӯ, шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, метавонанд дар амалигардонии ҳокимияти давлатӣ иштирок намуда, иродаи худро тавассути интихоботи озоду шаффоф иброз намоянд. Яъне, ин қишри ҷомеа метавонанд ба таври озод дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, сарвари давлати худро тавассути овоздиҳии умумӣ, пинҳонӣ, бевосита ва баробар интихоб намоянд.
Моддаи 65 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ба принсипҳои интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талабот нисбати номзад ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Принсипҳои асосии ҳуқуқи интихоботӣ ин овоздиҳии умумӣ, баробар, бевосита ва пинҳонӣ мебошанд. Талаботи мазкур дар моддаи 1 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз соли 1994 низ пешбинӣ гардидааст. Шахсони дорои имконияти маҳдуд ба таври умумӣ ва баробар дар интихобот иштирок намуда, бевосита ва пинҳонӣ ақидаи худро иброз менамоянд. Шахсони дорои имкониятҳои маҳуд чун дигар қишри ҷомеа ба таври баробар дар интихобот иштирок менамоянд ва тамоми талаботи қонунгузории интихоботӣ нисбат ба онҳо низ татбиқ мешавад, яъне онҳо низ дар сурати расидан ба синни 18 ва доштани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфи назар аз миллат, нажод, ҷинс, моликият, ақида ва ғайра метавонанд дар интихобот иштирок намуда, овоз диҳанд. Хусусияти махсуси иштироки шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он аст, ки комиссияҳои интихоботӣ вазифадор мебошанд, ки иштироки бевоситаи ин табақаро таъмин намоянд. Яъне, дар сурати имконияти ба участкаҳои интихоботӣ омаданро надошта бошанд, аз ҷониби комиссияҳои участкавӣ қуттиҳои сайёр ташкил гардида, онҳо бевосита шахсан овоз дода, ба қуттии сайёр меандозанд. Дар сурати ҳозир шудан ба участкаҳои интихоботӣ,  аммо  имкони пур кардани  бллютенро надоштан ба онҳо кумак расонда мешавад, вале ба шарти вайрон нашудани овоздиҳии пинҳонӣ. Яъне, дар сурати худи овоздиҳанда имконияти пур кардани бллютенро надошта бошад, ба истиснои аъзои комиссияҳои интихоботӣ, намояндагони ВАО, мушоҳидони миллӣ ва байналмилалӣ ва дигар шахсони манфиатдор, дигар шахсон метавонанд кумак расонанд, аз ҷумла ҷалби волонтёрон аз ҷониби комиссияҳои интихоботӣ дар рӯзи овоздиҳӣ, ба мақсад мувофиқ аст. Инчунин, барои боз ҳам хубтар намудани шароити овоздиҳии шахсони дорои имконияти маҳдуд дар назди биноҳои комиссияҳои участкавӣ роҳравҳо (пандусҳо) барои шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд сохта мешавад. Инчунин, кабинаи алоҳида бо нишони аробачаи маъюбӣ ташкил ва дохили кабина махсус барои шахсони маъюб сохта мешавад.
Дар сатҳи байналмилалӣ ягона санаде, ки тамоми паҳлуҳои ҳаёти сиёсии маъюбонро танзим менамояд, Конвенсия дар бораи маъюбон ба ҳисоб меравад. Чунки дигар санадҳои байналмилалӣ хусусияти умумӣ доранд. Конвенсия аз ҷониби Маҷмааи кулли Созмони Милали Муттаҳид моҳи декабри соли 2006 қабул гардида, моҳи майи соли 2008 мавриди амал қарор дода шудааст. Ба ҳолати имрӯза 175 давлати дунё узви ин Конвенсия мебошад. Конвенсияи мазкур соли 2018 аз ҷониби Сарвари давлати Тоҷикистон имзо гардид, ки ин як марҳилаи нав дар инкишофи ҳуқуқу озодиҳои шахсони дорои имконияти маҳдуддошта  ва  иштироки фаъоли онҳо дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла ҳаёти сиёсиро, ба бор овард. Моддаи 5-и Конвенсия оид ба ҳуқуқи шахсони маъюб «Баробарӣ ва манъи табъиз» ном дошта, уҳдадории давлатҳоро бобати манъи тамоми шаклҳои табъиз нисбат ба маъюбон пешбинӣ мекунад. Аз ҷумла, давлатҳои аъзо тамоми намудҳои табъизро аз рӯи нишонаи маъюбӣ манъ мекунанд ва ба маъюбон ҳимояи босамару баробари ҳуқуқиро аз табъизи гуногунасос кафолат медиҳанд.
Моддаи 29 конвенсияи  мазкур  бошад,  иштироки  маъюбонро дар ҳаёти сиёсию ҷамъиятӣ муқаррар менамояд. Дар асоси муқаррароти моддаи зикршуда давлатҳои аъзо ба маъюбон ҳуқуқҳои сиёсӣ ва имкониятҳои истифодаи онҳоро дар қатори дигарон кафолат медиҳанд.
Дар ҳамин асно, бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 июли соли 2020, № 93 Дастурамал барои комиссияҳои интихоботӣ ҷиҳати таъмини ҳуқуқҳои шахсони имконияташон маҳдуд дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки ба сифати роҳнамои асосии комиссияҳои интихоботӣ баромад мекунад. Чунки дар он тамоми паҳлуҳои таъмини иштироки шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст ва уҳдадориҳои комиссияҳои интихоботӣ ҷиҳати таъмини иштироки маъюбон дар интихоботӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст.
Таъмини ҳуқуқҳои интихоботии шахсони имконияташон маҳдуд аз ҷониби комиссияҳои интихоботӣ имконият медиҳад:
- ҳуқуқи интихоботии умумӣ, ки принсипи конститутсионӣ мебошад, амалӣ карда шавад;
- дастрасӣ ва имконияти баробар барои ҳамаи интихобкунандагон таъмин карда шавад;
- табъиз вобаста ба имконияти ҷисмонӣ аз байн бурда шавад;
- ба қишри осебпазир имконият дода шавад, ки дар раванди қабули қарор ширкат варзад.
Дар асоси дастурамали мазкур комиссияи ҳавзавии интихобот вазифадор аст:
- бо ташкилотҳои ҷамъиятии шахсони имконияташон маҳдуд ва ё филиалҳои онҳо дар ҳудуди ҳавза ҳамкорӣ намояд;
- рӯйхати шахсони имконияташон маҳдудро тавассути ташкилотҳои ҷамъиятии маъюбон, сохторҳои Агентии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар маҳал, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дастрас намояд;
- дар бинои ҳавза шароити зарурии инфрасохториро барои шахсони имконияташон маҳдуд муҳайё созад;
- ҳангоми тақсимоти вазифаҳо як нафар аз узви комиссияи ҳавзавиро махсус барои масъалаи назорати таъмини ҳуқуқи интихоботии шахсони имконияташон маҳдуд вазифадор намояд.
Комиссияи участкавии интихобот дар самти таъмини ҳуқуқи интихоботии шахсони имконияташон маҳдуд вазифадор аст:
1. Рӯйхати шахсони имконияташон маҳдудро омода ва эҳтиёҷоти ҷисмонии онҳоро муайян намояд;
2. Дархости хаттӣ ё шифоҳии шахсони имконияташон маҳдудро дар бораи овоздиҳӣ дар хона на камтар аз даҳ рӯз пеш аз овоздиҳӣ қабул намояд;
3. Дар ҳолате, ки агар шахси номбурда дар рӯзи интихобот дар маҳали истиқомати худ вобаста ба зарурати пешомада, аз ҷумла сафар ба дигар минтақа ё хориҷи кишвар, сафар бо мақсадҳои дигари шахсӣ ба берун аз ҳудуди ҳавзаи интихобот,  ба монанди табобат, саёҳат ва муҳоҷират, ки имконияти ба таъхир гузоштани онро надорад,  ҳоҳиши шахси имконияташ маҳдудро дар бораи овоздиҳии пешакӣ муайян кунад ва ба ӯ фаҳмонда диҳад, ки тибқи қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати 5 рӯз то интихобот ба бинои комиссияи участкавии интихобот омада, бо пур кардани варақаи интихобот овоз диҳад;
4. Дар сурате, ки интихобкунанда – шахси имконияташ маҳдуд дар давраи байни пешниҳоди рӯйхати интихобкунандагон барои шиносоии умумӣ ва рӯзи овоздиҳӣ, яъне дар давоми 15 рӯз то овоздиҳӣ, ҷойи будубоши худро тағйир диҳад (ба табобат ё санатория равад), комиссияи участкавӣ бо дархости ӯ ва бо пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияташ ба интихобкунанда шаҳодатномаи ҳуқуқи овоздиҳӣ диҳад;
5. Барои ташкили пандусҳо дар участкаи интихоботӣ ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва роҳбари ташкилоте, ки бино дар ихтиёри ӯ мебошад, муроҷиат намояд;
6. Кабинаи алоҳидаро дар участкаи интихоботӣ ҷиҳозонида, андозаи зарурии миз ва меъёри зарурии равшаниро дар дохили кабинаи овоздиҳӣ таъмин намояд;
7. Аз ҳисоби узви комиссияи участкавӣ ва волонтёрон шахсони мутасаддиро барои кумак расондан ҳангоми наздик шудан ба участка, ворид шудан ба участкаи интихоботӣ, кабинаи овоздиҳӣ ва гусели шахси имконияташ маҳдуд вазифадор намояд;
8. Бо дархости шахси имконияташ маҳдуд шахси беғараз ва холисро барои кумак намудан дар пур кардани бюллетен ҷалб намояд;
9. Бе дархост ва розигии шахси дорои имконияташ маҳдуд шахсони холисро ҷалб накунад ва махфияти овоздиҳии ӯро таъмин намояд;
10.  Арзу шикояти шахси имконияташ маҳдудро оид ба масъалаҳои вобаста ба интихобот қабул ва сари вақт баррасӣ кунад.
Амалӣ намудани вазифаҳои дар назди комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихобот вобаста ба таъмини ҳуқуқи шахсони имконияташон маҳдуд дар интихобот гузошта шудаанд, иҷрои муқаррароти Конвенсия оид ба ҳуқуқи маъюбонро таъмин карда, баҳри иштироки фаъолонаи онҳо дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат мекунад.
Барои мусоидат ҷиҳати иштироки шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд, ташкилотҳои ҷамъиятӣ низ фаъолона иштирок менамоянд. Вобаста ба таъмини иштироки фаъолонаи ин қишри ҷомеа дар ҳаёти ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор ташкилотҳои ҷамъиятӣ фаъолият менамоянд, ки яке аз самтҳои асосии онҳо мусоидат ба ин категорияи ба ҳимоя эҳтиёҷманд, ҷиҳати иштирок дар ҳаёти сиёсӣ мебошад.  Аз ҷумла, дар мамлакат чунин ташкилотҳои ҷамъиятӣ оид ба ҳифзи манфиатҳои шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд фаъолият менамоянд: Ташкилоти (иттиҳоди) собиқадорони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти ношунавоён, Ҷамъияти нобиноён, Иттиҳоди миллии маъюбон, Ҷамъияти нобиноён ва ғайра.
Хулоса, шахсони дорои имконияти маҳдуд аз тамоми ҳуқуқу озодиҳое, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, санадҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст ва санадҳои зерқонунӣ пешбинӣ намудаанд, ба таври фаъол истифода бурда, дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ иштирок доранд.

ЭМОМАЛӢ МИРАЛИЕВ,
муаллими калони кафедраи ҳуқуқи
ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсияи
факултети ҳуқуқшиносии ДМТ,
коршиноси КМИР Ҷумҳурии Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.08.2020    №: 163    Мутолиа карданд: 261
25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РАШТ. ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ ЗИНДАГИРО РАНГИ ДИГАР МЕБАХШАД

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРҲОИ ОРОИШӢ АЗ САНГ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БЕШ АЗ 108 000 ТОННА МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

ЭКОЛОГИЯ. НАҚШАИ НИҲОЛШИНОНӢ 30 ДАРСАД ЗИЁД ИҶРО ГАШТ

НОРАК. АВЛАВИЯТ БА КИШТИ ТАКРОРӢ

16.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

Навидҳои фарҳанг

15.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед