logo

иҷтимоиёт

КУЛӮХАНДОЗРО. ПОДОШ САНГ АСТ

Имрӯз мо шоҳидем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати оқилонаву дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушд намуда, дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеи шоистаро касб кардааст. Аммо нотавонбинон аз курдилӣ ин ҳамаро нодида гирифта, паси бому дари хоҷагони аҷнабӣ пинҳон шуда, ба сӯи ватани аҷдодиашон санги маломат мезананд. Сангашон вазну қимате надорад. Чунки зиндагии мардум чун ҳамеша ба сӯи ободкориву созандагӣ равона аст. Барои онҳо осудагии миллату давлат заррае арзиш надорад.
Онҳо барои пул хизмати хоҷагони худро карда, мехоҳанд вазъияти кишварро ноором созанд. Ягона ҳадафашон мансабхоҳӣ мебошад. Худро тавре вонамуд мекунанд, ки гӯё дар мамлакат пуштибони зиёд доранд. Вале мардум хуб медонанд, ки бидуни якчанд нафари хиёнаткорони фирорӣ, дигар касе онҳоро дастгирӣ намекунад. Роҳбарияти ТТЭ ҲНИ имрӯзҳо тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба сӯи Тоҷикистон санги маломат зада, ба сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар доғ овардан мехоҳад. Бояд гуфт, ки дар шаҳри Лос – Анҷелеси ИМА зиёда аз  1 миллион шаҳрвандони Эрон баъди инқилоби исломӣ ҳамчун гуреза, сукунати муқимӣ доранд. Аммо онҳо боре ҳам ба ҷониби давлати худ санги маломат назаданд. Чунки ба давлату миллаташон арҷ мегузоранд. Бадхоҳиву хиёнатҳои ТТЭ ҲНИ аз хотироти халқу таърих фаромӯш нахоҳад шуд.
Иғвогарону дасисабозон бояд донанд, ки мардуми тоҷик сидқан сиёсати халқпарваронаи Пешвои миллати худро ҷонибдорӣ мекунанд. Сардори давлат дар ҳар як суханрониашон ба ҷавонон таъкид мекунанд, ки фирефтаи динситезон нашавед, зиракии сиёсиро аз даст надиҳед, бо миллату давлати хеш арҷ гузоред. Дӯст бошед, иттифоқ бошед, шукронаи ҳамин сарзамин кунед, шукронаи ҳамин давлат кунед, шукрона кунед, ки чунин ватани азизу маҳбуб доред.
Маврид ба таъкид аст, филми мустанади «Хиёнат», ки дар асоси далелу гуфтаҳои амиқи шаръӣ таҳия гардида, тавассути шабакаҳои телевизионӣ намоиш дода шуд, бори дигар на танҳо чеҳраҳои манфури бадхоҳони давлату миллати тоҷикро пардакушо намуд, балки ҳақиқати ҳикмати «гургзода оқибат гург шавад» - ро бори дигар собит сохт.
Воқеан, аз наворҳои оҷилӣ, сабтҳои хазинавӣ, парвандаҳои кушодаву нокушодаи ҷиноятӣ ва хотироту воқеаҳои таърихии начандон гузаштаи ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар ба таври воқеъбинона бандубаст намуда, чеҳраҳои сиёҳкорони собиқ ҲНИ - ро бознамоӣ кардаанд. Дар филм манзараҳои ваҳшатангези солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз пеши чашм мегузаранд. Кушторҳои бераҳмонаи одамон, гуруснагию ғурбат, қабристонҳои гурезаҳои тоҷик ва қатли орифону рӯзноманигорон, шахсиятҳои шинохтаи кишвар ва дигар амалҳои нангину разилона ҳеҷ як инсони соҳибдилро бетафовут гузошта наметавонад. Муҳимтарин ҷавҳари инсонӣ эҳтироми одам, раҳму шафқат ба насли инсон дар замири наҳзатиҳо мавҷуд нест.
Қатли бузургмардони миллат, ки муаррифгари илму адаби тоҷик дар арсаи ҷаҳон буданд, бо дасти хуношоми наҳзатиён амали терористист. Бо теғи хунхоронаи наҳзатӣ Қаҳрамони ИҶШС Ҳайдар Қосимов, олими шуҳратёр Муҳаммад Осимӣ, равонпизишки маъруф Минҳоҷ  Ғуломов, ҷарроҳи номдор Юсуфхон Исҳоқӣ, адиби сермаҳсул Сайф Раҳимзоди Афардӣ, рӯзноманигори оташинсухан Отахон Латифӣ, аксбардори маъруф Муҳиддин Олимпур, сиёсатмадори ҷасур Сафаралӣ Кенҷаев, рӯзноманигори нуктасанҷ Муродулло Шерализода, собиқ Прокурори генералӣ Нурулло Ҳувайдуллоев ва даҳҳо олимону донишмандон, ки ба ҷуз қаламу дафтар чизе надоштанд, бераҳмонаву ваҳшиёна ба қатл расонда шуданд.
Нафаре аз саркардагону аъзои собиқ ҳизби наҳзати исломӣ барои пешрафти сарзамини тоҷикон хиште болои хишт нагузошта, бо ниятҳои нопок ба сари миллати тоҷик иллату касофатҳои зиёде оварда, боз ҳам аз дур фитнаангезона сӯи давлату миллати хеш санги нифоқу туҳмату дурӯғ мепартоянд.
Наҳзатиҳои фирорӣ дур аз ватан ҳам бо ёди Ватан набуда, балки дар орзуи ранҷурию бемории мардуми диёранд. Аз расман сабт шудани бемории сироятии COVID – 19 дар Тоҷикистон табли шодӣ зада, ба ҷойи тасаллияту ҳамдардӣ аз гиребони ҳукуматдорон «доштанд». Бо суиистифода аз ин вирус тавассути интернет мехоҳанд вазъияти ороми кишварро халалдор сохта, мақсадҳои ғаразноки худро идома дода, саҳму талош ва кӯшишҳои Пешвои муаззами миллат ва Ҳукуматро оид ба кумакҳои иҷтимоӣ ба аҳолии табақаи осебпазир аз пешгирии бемории сироятии коронавирус нодида гиранд.
Миллати тоҷик бо ақлу заковати азалии худ борҳо ин мушкилоту имтиҳонҳоро паси сар кардааст. Аз ин рӯ, онҳо аз ин овозаҳои бардурӯғу беасосу бепояи бадхоҳон, ки имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ интишор мешаванд, бовар надоранд. Мардуми Тоҷикистон ба ояндаи дурахшони давлати худ бовар дошта, дар ваҳдату муттаҳидӣ бо Пешвои маҳбуби миллат намегузоранд, ки нохалафе ба решаи миллат табар занад.

Холназар КАСИРОВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.08.2020    №: 163    Мутолиа карданд: 135
25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РАШТ. ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ ЗИНДАГИРО РАНГИ ДИГАР МЕБАХШАД

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРҲОИ ОРОИШӢ АЗ САНГ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БЕШ АЗ 108 000 ТОННА МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

ЭКОЛОГИЯ. НАҚШАИ НИҲОЛШИНОНӢ 30 ДАРСАД ЗИЁД ИҶРО ГАШТ

НОРАК. АВЛАВИЯТ БА КИШТИ ТАКРОРӢ

16.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

Навидҳои фарҳанг

15.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед