иҷтимоиёт
БӮСТОН. ШАҲРЕ ДАР МАСИРИ РУШД
Агар ба нишондиҳандаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар назар афканем, баръало маълум мегардад, ки дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 дарсад таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 45,6 миллиард то 78 миллиард сомонӣ афзудааст.
Дар ин марҳила дар тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат тағйироти куллӣ ба миён омада, барои кору зиндагии арзандаи сокинон ҳамчун яке аз ҳадафҳои аввалиндараҷаи давлату Ҳукумати кишвар шароити мусоиду устувор фароҳам оварда шуд.
Дар шаҳри Бӯстон низ дар заминаи татбиқи бонизоми дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ҷиҳати ободониву созандагӣ, бунёди коргоҳу муассисаҳои наву замонавӣ, марказҳои хизматрасонӣ, фароҳам намудани шароити кору зиндагии шоиста барои сокинон ва амсоли инҳо иқдомҳои судманд рӯи кор омаданд. Нишондиҳандаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр сол ба сол тамоюли афзоиш касб намуда истодаанд. Масалан, нақшаи буҷети шаҳр соли 2013 - ум 13 миллиону 843 ҳазор сомониро ташкил медод ва ин нишондод соли ҷорӣ ба 42 миллиону 990 ҳазор сомонӣ баробар гардид, яъне дар 7 соли охир ба андозаи 3,1 маротиба афзуд. Шумораи корхонаҳои саноатии шаҳр низ дар 7 сол аз 7 ба 32 адад расид.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ низ (бо назардошти хизматрасониҳои пулакии барқу об ва бахши хусусӣ) аз 18 миллион сомонии нимсолаи аввали соли 2013 ба 272,2 миллион сомонӣ дар нимсолаи аввали соли равон баробар гардид, ки дар қиёс 15 маротиба зиёд аст.
Дар натиҷаи таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои пайвастаи Роҳбари давлат шаҳр босубот рушд намуда, сол ба сол ободу шукуфотар мешавад ва дар тамоми соҳаҳо нишондиҳандаҳои чашмрас ба мушоҳида мерасанд. Бунёд ва мавриди истифода қарор додани корхонаву коргоҳҳои азим дар шаҳри Бӯстон ҳамчун шаҳри саноатӣ дар мадди назари ҳамешагии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ин аст, ки корхонаҳои истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ (“Суғд - Пак”), нах ва ришта аз сангҳои вулканӣ (“Элегант”), дорусозӣ (“Фарм Суғд”), истеҳсоли орд (“Анҳор”), либос ва пойафзол ("Палос"), масолеҳи сохтмон (“Тоҷфилиз”), маҳсулоти коғазӣ (“Дурахшон - Бӯстон”), лӯлаҳои пластикӣ (“Сифатпласт”), маҳсулоти полиэтиленӣ (“Суғдполитекс”), шифер ва лӯлаҳои асбестӣ (“Воситзода”) аз қабили он корхонаҳое мебошанд, ки дар шаҳри Бӯстон бо ҳузури мубораки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Инчунин, дар ин давра меҳмонхонаи муосири “Сипеҳр”, маҷмааи хизматрасонии “Баҳор”, маркази хизматрасонии “Бӯстон” ба истифода дода шуданд ва баҳри қабули меҳмонону сайёҳон шароити мусоид фароҳам гардид.
Таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба раванди таъмини шароити мусоиди хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва фароҳам намудани шароити зисти хизматчиёни ҳарбӣ низ хеле зиёд аст. Аз ҷумла, Сарвари давлат моҳи октябри соли 2013 ба шифохонаи Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, воқеъ дар шаҳри Бӯстон, ташриф оварда, аз ҳоли сарбозон хабар гирифтанд, кумакҳои моддӣ расонданд ва ҷиҳати пешниҳоди хизмати хушсифати тиббӣ ба онҳо супоришҳои мушаххас доданд.
Инчунин, Ҷаноби Олӣ моҳи сентябри соли 2014 аз қароргоҳи доимии дастаи таъйиноти махсуси милитсияи раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд, ки бо харҷи беш аз 3 миллион сомонӣ мавриди навсозии куллӣ қарор гирифт, дидан ба амал оварданд ва хизматчиёни ин ниҳодро баҳри хизмати софдилонаю содиқона ба халқу Ватан ҳидоят намуданд.
Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон маркази таълимии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати 1,5 гектар бо зиёда аз 10 иншооти таъйиноти оинномавӣ, бинои маъмурию таълимии дуошёна, таҳхона, синфхонаҳои таълимӣ, 2 толори машқҳои ҳарбӣ - варзишӣ ва маҷлисгоҳ, ду майдончаи машқҳои амалиёти ҳарбӣ барои таҳкиму татбиқи донишҳои назариявӣ, обутоби ҷисмонӣ ва омӯзиши роҳу усулҳои ҷангӣ бунёд гардида, соли 2016 дар остонаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо ҳузури Сарвари давлат мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Соли 2016 дар остонаи таҷлили Ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон бинои истиқоматӣ барои хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода шуд. Он аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ бо харҷи беш аз 4 миллион сомонӣ бунёд шуда, 32 хонаи истиқоматии як, ду ва сеҳуҷрагии бино бо ҷиҳози зарурии рӯзгор таъминанд.
Таваҷҷуҳи Ҷаноби Олӣ нисбати шахсони дорои имкониятҳои маҳдуди шаҳри Бӯстон низ беандоза аст. Моҳи октябри соли 2015 Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти ҷамъияти маъюбони шаҳр шинос шуда, ба онҳо кумаки моддӣ расонданд.
Бо мақсади баланд бардоштани эҳсоси хештаншиносиву худогоҳии насли наврасу ҷавон майдони Парчами давлатӣ бо баландии 48, паҳноии 7 ва дарозии 14 метр қомат афрохт. Иншооти Нишони давлатӣ ва боғҳои фарҳангу фароғатӣ бунёд гардиданд.
Дар доираи омодагӣ ҷиҳати истиқболи сазовори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр бунёду навсозии 167 иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Аз 42 иншооти нақшавии соли ҷорӣ давоми шаш моҳ 21 иншоот бунёду навсозӣ гардид. Дар маҷмӯъ, 126 иншооти ҷашнӣ бунёду навсозӣ шудааст, ки 75,4 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.
Раъно ҲОШИМЗОДА, раиси шаҳри Бӯстон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.08.2020 №: 164 Мутолиа карданд: 245