logo

сиёсат

АМНИЯТИ МИНТАҚАРО НООРОМ НАКУНЕД!

Ҷаҳони имрӯзаи зудтағйирёбанда пур аз муаммо, масъала ва тазодҳост. Раванди ҷаҳонишавӣ тамоми миллату давлатҳои ҷаҳонро водор месозад, ки бо назардошти эҳтиром ба арзишҳои миллӣ якҷоя рушду такомул ёбанд. Зеро ягон давлат ба танҳоӣ рушду нумӯ намекунад ва аз ҳалли проблемаҳои минтақаву ҷаҳон намебарояд. Аз ҳама арзишмандтарин неъмат барои халқу миллату давлатҳо сулҳу амният маҳсуб мегардад. Дар маконе, ки сулҳу оромӣ ва якдигарфаҳмӣ ҳукмрон аст, он ҷо пешрафт низ ба назар мерасад. Имрӯзҳо дар гӯшаҳои гуногуни дунё низоъҳои мухталиф сар зада истодааст. Сабабҳои ба вуҷуд омадани онҳо гуногунанд. Яке аз пушти об, дигаре барои замин, сеюмин аз ҷониби манфиатҳои динӣ - миллии хеш ва ғайра.
Муддатест, ки дар Ҷумҳурии Беларус нооромиҳо ва зиддиятҳо сар задаанд, ки боиси нигарониҳо дар минтақа гаштааст. Ин зиддиятҳо пас аз эълони натиҷаҳои интихоботи президентӣ дар ин кишвар ба миён омаданд. Интихоботи президентӣ дар ин кишвар тибқи меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ анҷом пазируфт, вале мухолифини сиёсӣ ба он андешаанд, ки дар интихобот тақаллубкорӣ ва найранг ҷой дошт. Мутаассифона, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар «дӯстон» - и Ҷумҳурии Белорусия андешаҳои мухолифони сиёсиро ҷонибдорӣ карда, ба ихтилофангезон паноҳгоҳи сиёсӣ медиҳанд. Аз амалкарди Иттиҳоди Аврупо ва ҳаммаслаконаш бармеояд, ки онҳо аз вазъияти баамаломада манфиатдор мебошанд, вагарна чаро ҷонибдори андешаҳои мухолифони сиёсии ин ё он давлат мегарданд? Чаро ба хиёнатпешагони миллати беларус маъвои амонӣ медиҳанду онҳоро дастгирӣ менамоянд? Чаро ба ашхоси ватанфурӯши ҲНИ, Гурӯҳи 24 ва дигар мухолифони сиёсии кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон низ дасти кумак ва васоити озоди баёни андешаро муҳайё сохтаанд? Чаро? Ин ҷо, ба масал «зери коса нимкосае ҳаст».
Аз воқеаву ҳаводиси дар Ҷумҳурии Беларус сарзада, ҷонибдорони мухолифони сиёсии миллати тоҷик таблу танбӯри шодиву сурур мезананд ва ин рафтори хиёнатпешагони миллати беларусро дастгирӣ менамоянд. Онҳо вазъро ноором ва суботи сиёсиро вайрон карданианд.        
Дар ин ҷо, бояд тазаккур дод, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро яке аз вазифаҳои меҳварии фаъолияти худ қарор додааст ва пайваста барои ҳифзи ҳуқуқи инсон барномаҳои давлатиро қабул ва амалӣ менамояд. Ҳамчунин, дар моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин гуфта мешавад: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд.  Ҳаёт,  қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд».
Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сиёсати «дарҳои кушода» ва бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бисёре аз кишварҳои минтақаву ҷаҳон ва созмонҳо ҳамкориҳои судманди тарафайн ва робитаҳои дипломатӣ барқарор кардааст. Ҳамкории Тоҷикистон дар миқёси ҷаҳон бо ташкилотҳои минтақавиву  ҷаҳонӣ,  алалхусус  бо  Иттиҳоди  Аврупо ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо хеле назаррас ва ба таври густурда ба роҳ монда шудааст. Ҳамкорию ҳамгироӣ бо ин созмонҳо бештар дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон тавсеа меёбанд.
Як қатор кишварҳои Ғарб хилофи қонунҳои байналмилалӣ амал карда, тасмим доранд, ки барои қонеъ кардани манфиатҳои худ ҳамаи воситаҳоро мавриди истифода қарор диҳанд. Дар ин «бозиҳо» дасти Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо бо даъвоҳои беасоси баъзе аз гурӯҳҳо болотар дар назар аст.
Дар ин росто, таҳлилҳои воқеӣ нишон медиҳанд, ки рушди бонизом ва суботи сиёсии Тоҷикистонро Иттиҳоди Аврупо ва САҲА бо такя ба андешаҳои гурӯҳҳои ғайриқонунӣ дар мисоли ТТЭ ҲНИ ва  Гурӯҳи 24  нодида мегиранд ва ин гурӯҳҳои иғвоангезро дастгирӣ намуда, ба онҳо фаъолияти озод медиҳанд. Фаъолияти гурӯҳҳои болозикр дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯ мебошад, аммо таассуфовар аст, ки бо сабабҳое ин гурӯҳҳо аз ҷониби кишварҳо ва созмонҳои ғарбӣ дастгирӣ  меёбанд. Ин гуна рафтори онҳо хилофи шартномаҳои ҳамкорист.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ иброз намуданд: «Арзиши муқаддасу таърихӣ ва омили муҳимтарини ҳамаи дастовардҳои миллати мо баъди Истиқлолияти давлатӣ, бешубҳа, ваҳдати миллӣ, сулҳ, оромӣ ва суботи сиёсӣ мебошад».
Мардуми шарифи Тоҷикистон ба арзишҳои давлату миллати хеш эҳтиром қоил аст ва онро чун гавҳараки чашм муҳофизат хоҳад кард. Ҳама ин тараққиёт, пешрафт, ободониву созандагӣ, амнияту бехатарӣ магар аз сулҳу ваҳдат нест? Воқеан, шахси ватандӯсту фарҳангсолор метавонад ба нафъи ҷомеаву давлати хеш хизмат кунад ва амнияти онро ҳифз намояд, на худкомаву худбину ғуломи зархарид.

Шамил НАЗАРЗОДА, таҳлилгар
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.08.2020    №: 164    Мутолиа карданд: 461
23.04.2021


Ҳамкорӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ матраҳ шуд

ҲИНДУСТОН. РЕКОРДИ НАВИ СИРОЯТЁБӢ БА ПАНДЕМИЯИ КОРОНАВИРУС

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2021


ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. ДАР БИСТ РӮЗ 82 ДАРСАДИ НАҚША ИҶРО ШУД

ВАЗЪИ БОЗОРИ ДОХИЛИИ АСЪОР

РОҒУН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

2020. Пешгирии 44 амали террористӣ дар Россия

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДЗЮДО

Навиди фарҳанг

ДАР ХУҶАНД МАКТАБИ ОКСФОРД БУНЁД МЕШАВАД

“МИРЗО ТУРСУНЗОДА ВА ҲИНДУСТОН”

21.04.2021


ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНИПАРЛУМОНӢ ТАЪКИД ГАРДИД

20.04.2021


САФАРИ КОРИИ МИШЕЛ ТАРРАН БА ШАҲРИ КӮЛОБ

ЛИГАИ ОЛӢ

Конфронси Истанбул – шонси таърихӣ барои Афғонистон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.04.2021


МАШВАРАТИ ГУРӮҲИ КИШВАРҲОИ ВИШЕГРАД ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ

АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ. РӮЗИ ПОЙТАХТ ХОТИРМОН ГУЗАШТ

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи илми тоҷик

«ДУШАНБЕ - ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН»

САҲМИ АЙНӢ ДАР РУШДИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

МАРД БОЯД ТАНДУРУСТ БОШАД

ҲАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОҶИКОБОД

9 ИНШООТИ ТАЪРИХИВУ ФАРҲАНГӢ БА ФЕҲРИСТИ ПЕШАКИИ ЮНЕСКО ШОМИЛ ШУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО

Даъвати Байден аз Путин

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.04.2021


ВМКБ. ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ РОССИЯ

ВАО: РАИСИ ҶМЧ БА ИШТИРОК ДАР САММИТ ОИД БА ИҚЛИМ МАЙЛ ДОРАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

НАВБАҲОР ГУЛ МЕКУНАД

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

“ПАРВИН”. БЕҲТАРИНҲО ҚАДР ШУДАНД

14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед