logo

иҷтимоиёт

НУРОБОД. ВАҚТЕ КИ ДИЛ БА МЕҲНАТ ҶӮШ МЕЗАНАД...

Мусоҳибаи раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасан ДӮСТЗОДА бо хабарнигори «Ҷумҳурият» Гулнисои САЪДОНШО

ТАЪСИРИ ПАНДЕМИЯРО КОРИ ЗАРБДОР РАФЪ МЕСОЗАД
- Соли 2020 барои кишварҳои дунё душвор омад, зеро хуруҷи ғайричашмдошти COVID-19 маҷрои зиндагиро дигар кард. Диёри азизи мо низ аз ин беморӣ эмин намонд. Он ҷиҳат мояи ифтихор аст, ки баръакси ағлаби давлатҳо дар мамлакати мо тавассути чораҳои муассири Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талошҳои ҷоннисоронаи табибони тоҷик сирояти оммавӣ пешгирӣ шуд. Натиҷаҳои нимсолаи аввал шаҳодати онанд, ки ҳарчанд таъсири манфии пандемия то ба Нуробод низ расида бошад ҳам, таъсираш ба соҳаҳои ҳаётан муҳим чандон чашмрас нест. Шояд суҳбатамонро аз ҳамин нукта оғоз намоем?
- Албатта, имрӯз ҳам дар аксар кишварҳои ҷаҳон муборизаи шадид бо пандемияи коронавирус идома дорад ва то ҳол муассиртарин роҳи пешгирӣ ё бартарафсозии он пайдо нашудааст. Ҳарчанд дар кишвари маҳбуби мо ба шарофати дастурҳои саривақтӣ, дастгирӣ ва назорати қатъию доимии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои пешгирӣ аз паҳншавии вируси нав самараи хуб ба бор оварданд, ҳанӯз аз ғалабаи комил ба ин бемории мудҳиш сухан гуфтан бармаҳал аст. Худ шоҳидед, ки дар бисёр кишварҳои дунё карантин боиси буҳрони шадиди иқтисодию иҷтимоӣ гашт. Мубориза бо COVID-19 бидуни карантин ба Тоҷикистони мо имкон дод, ки таъсири пандемия ба иқтисоди миллӣ ба ҳадди ақал расонда шавад, ки Нурободро мисоли он метавон овард. Ду далел меорам. Дар ноҳия иҷрои нақшаи қисми даромади буҷет дар  шашмоҳаи аввали соли  2020 аз ҳисоби андозҳои худӣ 100,2 фоизро ташкил дод ва аз ин ҳисоб ба хазинаи ноҳия қариб 4 миллион сомонӣ ворид шуд. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 162 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

МАЙДОНИ КИШТИ КАРТОШКА 1010 ГЕКТАР АФЗУД
- Нуробод аз навоҳии аграрии ҷумҳурист. Ҳама шоҳидем, ки солҳои охир кишоварзони муваффақ бо заҳмати фидокорона ба натиҷаҳои баланд ноил мегарданд. Дар нимсолаи якум низ ин раванд идома ёфт?  
- Бешубҳа, кишоварзӣ воқеан, аз шуғлҳои асосии аҳолӣ ва соҳаи афзалиятноки иқтисоди ноҳия маҳсуб меёбад. Бо дастгириҳои доимии давлату Ҳукумати кишвар саҳми нурободиён дар тақвияти амнияти озуқавории мамлакат беш аз пеш меафзояд. Бо ҳамин мақсад, имсол дар ҳама шакли хоҷагидорӣ дар майдони 5 111 га зироати гуногун кишт шуд, аз ҷумла дар 1646 га ғалладона, дар бештар аз 2000 га картошка (нисбат ба ҳамин давраи соли 2019-ум 1010 га зиёд) ва 1028 га хӯроки чорво. Иқлим ва боду ҳавои ноҳия барои боғдорӣ басо мусоид аст ва боғдорони нурободӣ бо меваҳои шаҳдбор ном баровардаанд. Онҳо имсол 15 га боғи нав бунёд ва дар  19 га боғи куҳнаро барқарор намуданд.
Дар шаш моҳ маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳия ба 53,12 миллион сомонӣ расонда шуд, ки 103,3 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.
- Дар ҳақиқат, рақамҳои фараҳбахш. Махсусан, беш аз 1000 гектар зиёд шудани майдони кишти картошка.
- Ин амал тасодуфӣ нест. Дар ҷараёни чанд сафари худ ба шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ Сарвари давлат аз оқибатҳои ногувори коронавирус ба иқтисод ҳушдор дода, аҳамияту зарурати васеъсозии майдони картошка – “нони дуюм”-ро ҳам барои хоҷагиҳо ва ҳам аҳолӣ таъкид мекарданд. Роҳбарияти ноҳия маҳз дар асоси ҳамин дастури дурандешона тамоми тадбирҳоро андешид, ки хоҷагиҳо майдони ин зироатро бештар кунанд. Ба ин васила дар Нуробод имсол ҳосили картошка дучанд хоҳад шуд.                       

ФОИЗИ ҚАРЗИ БОНКҲО ҲАМОНО БАЛАНД АСТ
- Муҳтарам раис, дараҷаи рушди соҳибкориро дар ноҳия чӣ гуна арзёбӣ мекунед? Дар ним сол, масалан, филиали “Амонатбонк” дар ноҳия барои сокинон дар маҷмӯъ 3,2 миллион сомонӣ қарз додааст, ки аз он бештар аз 800 ҳазор сомонӣ барои дастгирии соҳибкорӣ мебошад. Шуморо таносуби ин рақамҳо қонеъ месозад?
- Дар Нуробод барои рушди соҳибкорӣ шароит торафт беҳтар мегардад. Маҳз бо ҳамин мақсад дар назди раиси ноҳия шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ фаъолият менамояд.
Дар нозироти андози ноҳия 1002 соҳибкор ва 730 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ сабт шудааст. Дар натиҷаи фаъолияти пурсамари онҳо дар нимсола ба буҷет наздики 600 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардид, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 290 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Мавриди зикр аст, ки дар ноҳия бо саҳмгузории соҳибкорон якчанд корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла корхонаҳои “Шири Нуробод”, парандапарварӣ, истеҳсоли нону маҳсулоти нонӣ, дару тирезаҳои пластикӣ, хиштҳои сементӣ ва тунукабарорӣ, фаъолият доранд, ки ба пешрафти ноҳия ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамоянд.
Яке аз мушкилоти мубрами соҳибкорӣ ҳамоно кам будани шумораи филиалу марказҳои хизматрасонии бонкҳо, баланд будани фоизи қарзҳои имтиёзнок, хусусан барои рушди соҳибкорӣ ва соҳаи кишоварзӣ боқӣ, мемонад.

КОРҲОИ НЕК РИВОҶ МЕЁБАНД
- Дар кишвар ҳамкории сохторҳои давлатӣ ва сектори хусусӣ торафт тақвият меёбад, ки ин раванд дар Нуробод низ мушоҳида мегардад. Тибқи маълумот, дар ноҳия ашхоси саховатманду ватандӯст ба маблағи 2,1 миллион сомонӣ корҳои хайрро анҷом додаанд. Тавзеҳи ҳамин амалҳои нек айни муддао мебуд.
Боиси хурсандист, ки рӯз ба рӯз сафи шахсони ватандӯсту хайрхоҳ ва саховатпеша, ки мехоҳанд, дар ободиву пешрафти диёр саҳмгузор бошанд, меафзояд.
Сокини деҳаи Холибек Ғиёсиддин Маҳмудов соли гузашта бунгоҳи тиббӣ сохт, имсол бо бародаронаш тавассути чоҳи амудӣ ҳамдиёронашро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд. Саховатпешаҳо Алишер Маҳмадёров, Изомиддин Абулҳаев ва чанде дигар ба ниёзмандон ёрии моддӣ намуда, ибрати ҳамдеҳаҳо шудаанд.
Бошандаи рустои Тегирмӣ Эмомалӣ Шеров аз ҳисоби маблағи барои сафари ҳаҷ ҷамъоварда пули мошингузар сохт. Аҳолии деҳаи Юст дастҷамъона пули мошингузари деҳаро таҷдид намуданд. Сокинони деҳаи Хуфак барои фарзандони худ мактаби замонавӣ бо 8 синфхона бунёд карданд.

ДАР НУРОБОД КАСЕ БА SARS-COV-2 ГИРИФТОР НАШУД
- Суҳбати мову Шумо аз коронавирус ибтидо ёфт. Хоҳишмандам, ба идомаи мавзӯъ аз ҷараёни мубориза бо он дар ноҳия чанд сухан мегуфтед.
- То имрӯз дар муассисаҳои тиббии ноҳия бо бемории сирояти шадиди вирусии роҳи нафас, илтиҳоби шуш  1657 нафар ба қайд гирифта шуда, 1634 нафар   табобат   ёфт. Айни ҳол 25 нафар дар карантин қарор дорад.
Дар ноҳия то кунун ягон ҳодисаи сирояти коронавирус ва фавт аз ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст.

СЕ СОЛИ БУНЁДКОРИИ РЕКОРДӢ
- Вақте дар кӯчаҳои маркази ноҳия мегардӣ, ба деҳоташ меравӣ, дар ҳама ҷо шоҳиди сохтмон мешавӣ. Аз чеҳраи кушоду меҳнати дилгармонаи одамон пай бурдан душвор нест, ки онҳо деҳа, ноҳия, кишварашонро обод месозанд. Ба ибораи дигар, тайёрӣ ба тантанаҳои Ҷашни мубораки 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Нуробод дар авҷ аст. Чанд сухан аз ҳамин хусус мегуфтед.
- Дар ҳақиқат, барои таҷлили шоистаи ин санаи фархунда корҳои ободониву созандагӣ хуб ҷараён доранд. Тибқи нақша дар се сол дар ноҳия бояд 248 иншооти таъйиноти гуногун бунёд гардид. Ягон вақт дар Нуробод ва деҳоти он дар чунин муддати кӯтоҳ ин миқдор иншоот сохта нашудааст. Ба ин васила ноҳия босуръат обод мешавад, ба худ ҷилои нав мегирад. Ин ҳама бунёдкориҳо, пеш аз ҳама, ба хотири бамаротиб боло бурдани сатҳи зисти мардум, бо кор таъмин кардани онҳост. То ҳол 155 иншооти ҷашнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Муассисаи таҳсилоти миёнаи асосии №79 дар деҳаи Сарҷӯй, бинои навсозишудаи маркази хизматрасонӣ ва дорухона дар кӯчаи марказии шаҳраки Дарбанд, сехҳои коркарди дару тирезаҳои чӯбӣ ва хишти сементӣ дар деҳаи Улфатобод, мағоза ва сартарошхона дар деҳаи Миёнадара, хатҳои интиқоли барқи (ХИБ) 110 кВт дар соҳилҳои чап ва рости обанбор ба маблағи 5,1 миллион сомонӣ, синфхонаҳои иловагии МТМУ №35-и деҳаи Шаҳтути Боло ва МТМИ №55-и деҳаи Девлохак, хати оби нӯшокӣ ба масофаи 2,5 км барои аҳолии деҳаи Ҳакимии Поён ва ғайра аз ҳамин шумуланд.
Дар 93 иншооти дигар сохтмон босуръат идома дорад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.08.2020    №: 164    Мутолиа карданд: 241
04.03.2021


ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ЗАНОН

ШАҲРИНАВ. ГУЛГАШТИ НАЗДИ МУҶАССАМАИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА НАВСОЗӢ МЕШАВАД

КАМОНВАРӢ

Муассисаҳои таълимии олии Россия дарҳояшонро барои донишҷӯёни хориҷӣ боз намуданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.03.2021


Мулоқоти Зулфия Давлатзода бо Мирвайс Ноб

Дар Доғистон хотираи ҳалокшудагони ҷангро гиромӣ медоранд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. СИТОРАҲОИ ДУРАХШОНИ ВАРЗИШИ ТОҶИК

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН

ҚУЛЛАИ «РАҲИМ МАСОВ» ДАР ИШКОШИМ

ҶОМИ КФО – 2021

Путин ҷиҳати муколама бо ИМА ва дигар кишварҳо омода аст

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед