logo

иҷтимоиёт

ЧАРО ВАЗОРАТҲО АЗ ҲАМКОРӢ БО РӮЗНОМА ХУДДОРӢ МЕКУНАНД?

Мутаассифона, имрӯз аз баъзе вазорату идора ва сохторҳои дигари давлатӣ гирифтани маълумот ба мушкили рақами аввали рӯзноманигорон табдил ёфтааст ва барои дастрас кардани одитарин иттилоот бояд ҳафтаҳо остонаи онҳоро охурча кунӣ. Гумони ғолиб он аст, ки баъзе роҳбарону масъулон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма»-ро ё намедонанд ё густохона сарфи назар месозанд. Ин бардошт аз муроҷиати чандинкаратаи бенатиҷа ба Вазорати кишоварзист.
Ҳоло, ки дар саросари кишвар ҷамъоварии ҳосили ғалла идома дорад,  ба сардори шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ Кароматулло Саидов барои аз ин хусус гирифтани ахбори фаврӣ муроҷиат кардам. 20 август аз вазорат варақаи матбуотиро ирсол намуданд, ки дар он аз ҷумла омадааст: «Тибқи маълумоти фаврии раёсати рустанипарварӣ оид ба рафти ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо, соли ҷорӣ кишоварзон дар майдони 300304 гектар кишти ғалладона гузаронданд, ки то 14 август 251025 гектар даравида, майдони 247288 гектар кӯфта шуд».
Яъне дар ҳоле, ки маълумоти фаврӣ ҳар рӯз нав мешавад, «Ҷумҳурият» - ягона нашрияи ҳаррӯзаи кишвар бояд дар даҳрӯзаи охири август ба хонандагон маълумоти куҳнаи ғалладаравӣ то 14 августро манзур созад?!
Дар ҷавоб ба исрори мо аз вазорат гуфтанд, ки маълумотро 24 август ба почтаи электронии рӯзнома мефиристанд. Ҳарчанд шигифтангез буд маълумоти фаврии ҳаррӯзаро ҳафтаина кардан, ночор 24 августро интизор мондам. Он рӯз ҳам фаро расиду аз маълумоти ваъдагӣ дараке нашуд. Дар ҷавоби пурсишҳо аз раёсати рустанипарварии вазорат гуфтанд: «Аз шуъбаи матбуотамон пурсед. Онҳо муваззафанду маълумоти заруриро мо танҳо ба онҳо медиҳем». Ин ҳам рафторест аҷибу мухолифи қонун дар бораи матбуот, зеро мувофиқи талаботи ин санад масъулони вазорату идораҳо муваззафанд, сарфи назар аз ҳузур доштан ё надоштани роҳбар, ба журналист маълумот пешниҳод  намоянд.
Ин дафъа  дар ҷавоби муроҷиат аз шуъбаи матбуот ва иттилоот ба суроғаи сомонаашон ишора карданд, яъне маълумоти фавриро он ҷо гузоштаанд. Сомонаро кушодам: боз ҳамон маълумоти куҳнаи то 14 август…
Хуллас, тӯли як ҳафта натавонистам аз Вазорати кишоварзӣ маълумоте оид ба рафти ғалладаравӣ дастрас намоям. Аз ин кашолкорӣ, ки маълумотро сари вақт омода накардам, накуҳиш шунида бошам ҳам, ба эҳтироми ҳамдилии журналистӣ сабабро нагуфтам. Гузашта аз ин, шояд роҳбарияти вазорат ҳатто хабар надошта бошад, ки кормандонашон як ҳафта домани хабарнигори Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият»-ро бо чормағзи пуч пур карда, дар ниҳоят маълумоти куҳнаро манзур намудаанд.
Аз ин рӯ, ба роҳбарияти ин сохтори давлатӣ ва масъулони он банди 3, моддаи 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма»-ро ёдрас менамоем: «Аз ҷониби мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо иттилооти таъҷилӣ, ки аҳамияти ҷамъиятӣ дошта, ба номгӯи маълумоти дорои сирри давлатӣ ва дигар маълумоте, ки бо қонун ҳифз карда мешавад, дохил нест ва омӯзиши иловагиро талаб наменамояд, бе таъхир пешниҳод карда мешавад».
Чанде пеш «Ҷумҳурият» номаи Вазорати кишоварзиро бо имзои муовини вазир Музаффар Мирзозода ба нашр расонда буд, ки дар он аз рушди ҳамкориҳои вазорату рӯзнома қаноатмандӣ ва сипосгузорӣ изҳор шудааст. Рушди  ҳамкориҳо барои мо дучанд хушоянд аст. Аммо ҳоло ҳайронем, ки рафтору амалкарди ду – се корманди масъулиятношиноси вазорат  ояндаи ин ҳамкориҳоро ба куҷо мебаранд, агар роҳбарони ин ниҳоди пурмасъулияти Тоҷикистон чорае наандешанд?

Меҳрангез ҚОДИРОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.08.2020    №: 165    Мутолиа карданд: 292
04.03.2021


ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ЗАНОН

ШАҲРИНАВ. ГУЛГАШТИ НАЗДИ МУҶАССАМАИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА НАВСОЗӢ МЕШАВАД

КАМОНВАРӢ

Муассисаҳои таълимии олии Россия дарҳояшонро барои донишҷӯёни хориҷӣ боз намуданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.03.2021


Мулоқоти Зулфия Давлатзода бо Мирвайс Ноб

Дар Доғистон хотираи ҳалокшудагони ҷангро гиромӣ медоранд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. СИТОРАҲОИ ДУРАХШОНИ ВАРЗИШИ ТОҶИК

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН

ҚУЛЛАИ «РАҲИМ МАСОВ» ДАР ИШКОШИМ

ҶОМИ КФО – 2021

Путин ҷиҳати муколама бо ИМА ва дигар кишварҳо омода аст

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед