logo

иҷтимоиёт

«ҶЕЛОНДЕҲ» ГУЛБОҒЕ ДАР ШОҲРОҲИ ПОМИР

Дар  масири  роҳи 130 - километраи  шаҳри Хоруғ - водии Аличури  ноҳияи Мурғоб, дар подомони ағбаи  Кӯҳтезак, дар соҳили дарёи пуртуғёни Ғунд  мавзеи тахту  ҳамвор ва хушманзара ва дилороест,  ки  аз қадим боз онро Ҷелондеҳ ном мебаранд. Ин  музофоти водии Ғунди Помири дилнавоз макони аҳолинишини  охирини қисми шарқии ноҳияи Шуғнон мебошад. Аз даврони қадим то имрӯз  мавзеи Ҷелондеҳ  бо чашмаи оби  минералии гармии зиёда аз  80 дараҷадоштаи худ машҳур аст. Куҳансолони шуғнонӣ нақл  мекунанд, ки аз аҳди қадим ин ҷо  дар шафати  чашма корвонсарое низ арзи вуҷуд мекардааст, ки  тоҷирон аз Қошғару дигар   шаҳрҳои  кишвари бузурги  Чин ва Ӯзбекистону  Қирғизистон баъди  роҳҳои тӯлонии Помири шарқиро паймудан, ин ҷо дам мегирифтанд. Дар оби чашмаи шифоӣ сару рӯй мешустанд ва кӯфтагии роҳ мебароварданд.
Дар  солҳои  шӯравӣ коргарони  минтақаи таъмир ва нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Шуғнон дар канори чашма аз сангу лой  хоначаҳо сохта  буданд, ки хеле ҳам назарногир  метофтанд. Рушди ободкорӣ ва созандагиҳо  дар мавзеи Ҷелондеҳ аслан  ба даврони соҳибистиқлолии кишвар рост меояд.
Дар ин айёми ободкорӣ ва созандагиҳо  бо дастгирии  Вазорати нақлиёти кишвар, мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии  вилоят  ва ноҳияи Шуғнон аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст ва банангу номус   биноҳои истироҳатӣ - фароғатӣ  ва меҳмонхонаҳо сохта шудаанд. Аз ҳама муҳимаш, барои ҷаҳонгардони хориҷӣ ва ватанӣ, ронандагону мусофирони  шоҳроҳи  байналмилалии автомобилгарди Душанбе – Кӯлоб – Дарвоз – Хоруғ – Мурғоб - Қулма  шароитҳои хуби буду бош омода  кардаанд. Ҳоло дар Ҷелондеҳи ободу зебогашта  меҳмонхона, ошхона - чойхона, қаҳвахона, мағоза ва  нуқтаи  таъмири   мошинҳо бунёд шудаанд.
Дар гармхонаҳое, ки  аз оби табиии гармчашма истифода бурда мешавад, соҳибкорон помидору бодиринг,  кабудиҳо парвариш  мекунанд. Ин кору амалҳоро соҳибони истироҳатгоҳ- табобатгоҳи Ҷелондеҳ, ки сол ба сол тибқи  барномаи рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ шумораашон меафзояд, бо  тавсияи олимони  Институти биологии Помири Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ҷо меоранд.
Соҳибкорон бо дастгирии  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ва ноҳияи Шуғнон  тасмим  гирифтаанд, ки бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари  истироҳатгоҳҳо -  дармонгоҳҳои овозадори   Гармчашма, Авҷ, Зонг  ва Биби  Фотимаи Заҳро   ба азнавсозии  Ҷелондеҳ низ даст хоҳанд зад. Дар ин кори хайр  ва шоиста, ба  гуфтаи  сардори  муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди минтақаи Ғунди ноҳияи Шуғнон  Дӯстназар Бойназаров, коргарони идора, ки ба нигаҳдории роҳи  мошингарди соҳилҳои рӯдхонаи Ғунд ва ағбаи Кӯҳтезак  машғуланд,  мувофиқи шароит ва имкониятҳояшон мадад мерасонанд.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»,
Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.08.2020    №: 165    Мутолиа карданд: 206
04.03.2021


ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ЗАНОН

ШАҲРИНАВ. ГУЛГАШТИ НАЗДИ МУҶАССАМАИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА НАВСОЗӢ МЕШАВАД

КАМОНВАРӢ

Муассисаҳои таълимии олии Россия дарҳояшонро барои донишҷӯёни хориҷӣ боз намуданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.03.2021


Мулоқоти Зулфия Давлатзода бо Мирвайс Ноб

Дар Доғистон хотираи ҳалокшудагони ҷангро гиромӣ медоранд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. СИТОРАҲОИ ДУРАХШОНИ ВАРЗИШИ ТОҶИК

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН

ҚУЛЛАИ «РАҲИМ МАСОВ» ДАР ИШКОШИМ

ҶОМИ КФО – 2021

Путин ҷиҳати муколама бо ИМА ва дигар кишварҳо омода аст

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед