logo

иҷтимоиёт

МУҚАДДАСТАРИН АРЗИШИ МИЛЛӢ

Таърихи 29 соли Истиқлолияти давлатӣ нишон медиҳад, ки Тоҷикистон дар раванди ҷаҳонишавӣ дар тамоми бахшҳои ҷомеа ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Дар ин замина, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва таҳкими адолати судӣ дар ҷомеаи кишвар мақоми хос пайдо кард.

Бояд гуфт, ки дар ин давра сохторҳои идорасозии давлатӣ на танҳо шаклан, балки дар асоси арзишҳои милливу таърихӣ мазмунан тағйир ёфтанд. Ислоҳот дар тамоми соҳаҳо ба рушди хоҷагии халқи мамлакат ва эъмори давлати миллӣ мусоидат кард. Гузашта аз ин, Тоҷикистон аз ибтидои Истиқлолияти давлатӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии эътирофшудаи байналмилалиро, ки асоси муносибатҳои байни давлатҳо, сулҳу амният, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошанд, ҷонибдорӣ кардааст. Аз ин ҷост, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари арзиши олӣ будани ҳуқуқу озодиҳои инсон бартарияти санадҳои байналмилалии эътирофшуда муқаррар шудааст.
Айни замон қонунгузории муосири Тоҷикистон дар раванди воридкунии принсип ва меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ташаккул меёбад, ки ҷиҳати мусбати он ташаккули ҳуқуқӣ ва рушди умумии давлат мебошад.
Тавре зикр шуд, дар давраи аввали истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдории худро аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ифода намуда, дар ин замина 7 созишномаи асосиро эътироф кард.
Бо мурури замон қисмати муҳими сиёсати ҳуқуқӣ ва механизми татбиқи он тайёр намудан ва омӯзиши судяҳо, чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбии онҳо, коромӯзии номзадҳо ба судягӣ дар судҳо эътироф карда шуд. Ҳамзамон, мустақилияти судя яке аз шартҳои асосии таъмини адолати судӣ шумурда шуда, ба он таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Мусаллам аст, ки дар ин замина сиёсати кадрҳо ҷузъи муҳимтарини системаи судии самаранок мебошад. Агар барои таъмини адолати судӣ сифатҳои муайянро доро будани  судяҳо зарур бошад, пас маълум аст, ки вазифаҳои судяҳоро танҳо шахсони ба ин сифатҳо ҷавобгӯбуда ишғол карда метавонанд. Чунин раванд аз судяҳо дониши хуби касбӣ ва маҳорати зеҳниро талаб менамояд. Бо мақсади расидан ба ин ҳадаф мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2004 дар назди Шӯрои адлия Маркази таълимии судяҳо таъсис дода шуд. Ин марказ дар ибтидои фаъолияти худ ба иҷро намудани барномаҳои такмили ихтисоси судяҳо машғул буд. Соли 2005 ба таври таҷриба аввалин гурӯҳи номзадҳо ба судягӣ дар машғулиятҳои курсҳои «рӯзҳои истироҳат» фаро гирифта шуданд ва сипас як қисми судяҳо аз ҳисоби шунавандагони ин курсҳо таъйин гардиданд.
Гузашта  аз  ин, дар  асоси барномаи  ислоҳоти  судӣ- ҳуқуқӣ, ки соли 2007 қабул гардида буд, ба таври расмӣ вазифаи коромӯз - судя таъсис ёфт. Дар доираи ин барнома таъмини мустақилияти судҳо, интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо, баланд бардоштани дараҷаи тахассусии судяҳо дар меҳвари асосии фаъолияти роҳбарияти Шӯрои адлия қарор гирифт. Ба ҷуз ин, ҳангоми машғулиятҳои семинарӣ, дар баробари мавриди омӯзиш қарор додани сабабҳои бекоршавӣ ва тағйирёбии санадҳои судӣ, инчунин, диққати судяҳо ва коромӯз - судяҳо ба масъалаҳои риояи ҳатмии қонунҳои амалкунанда, роҳ надодан ба қонунвайронкунӣ равона шудааст.
Тасдиқи барномаҳои ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо боварии зиёд дар амри такмили сохтори судӣ ва тақвияти фаъолияти онҳо, беҳдошти вазъи моддию ҳуқуқии судяҳо ва мукаммал намудани қонунҳо нақши назаррас гузошт. Дар ин асно, бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 28 июли соли 2016 Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам дода шуд. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 июни соли 2016, № 699, фаъолияти  Маркази таълимии судяҳо дар назди Суди Олӣ дубора ба роҳ монда шуд, ки дар амалӣ намудани барномаҳои ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ ва тайёр намудани номзадҳо ба вазифаи судя, коромӯз - судя нақши басо муҳим дорад. Ҳоло дар доираи ин барномаҳо корҳои амалӣ шурӯъ шуда, як қатор бандҳои он ба иҷро расидаанд.
Раванди мураккабшавии муносибатҳои ҷамъиятӣ аз судяҳои имрӯза дониши хуби касбӣ, ҷаҳонбинии зеҳнӣ ва алоқамандӣ ба шинохти санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалиро тақозо менамояд.
Имрӯз аз баракати Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мо ба сӯи бунёди ҷомеаи воқеан ҳуқуқбунёду демократӣ қадам мезанем, ҳамаи ин дастовардҳои замони истиқлол аст, ки моро водор месозад баҳри пешрафту гулгулшукуфоии Ватани азизамон хизмати софдилона намоем ва баҳри риояи дақиқи қонуният, таъмини адолати судӣ, барқарор намудани адолати иҷтимоӣ саҳми арзандаи хешро гузорем.

О. НУСРАТУЛЛОЗОДА
сармутахассиси Маркази таълимии
судяҳои назди Суди Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.08.2020    №: 165    Мутолиа карданд: 230
04.03.2021


ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ЗАНОН

ШАҲРИНАВ. ГУЛГАШТИ НАЗДИ МУҶАССАМАИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА НАВСОЗӢ МЕШАВАД

КАМОНВАРӢ

Муассисаҳои таълимии олии Россия дарҳояшонро барои донишҷӯёни хориҷӣ боз намуданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.03.2021


Мулоқоти Зулфия Давлатзода бо Мирвайс Ноб

Дар Доғистон хотираи ҳалокшудагони ҷангро гиромӣ медоранд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. СИТОРАҲОИ ДУРАХШОНИ ВАРЗИШИ ТОҶИК

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН

ҚУЛЛАИ «РАҲИМ МАСОВ» ДАР ИШКОШИМ

ҶОМИ КФО – 2021

Путин ҷиҳати муколама бо ИМА ва дигар кишварҳо омода аст

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед