logo

иҷтимоиёт

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА ТАШАККУЛИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ

Охири асри ХХ барои мардуми тоҷик саҳифаи нави таърихиеро ба вуҷуд овард. Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ,  9 сентябри соли 1991 аз ҷониби  Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Изҳорот дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуд, ки дар асоси он Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол эълон гардид. Моҳи ноябри соли 1992 Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба арсаи сиёсат баровард.
Аслан, барои нигоҳдошту пойдории давлат, обрӯ ва ҳастии миллат шахсиятҳо нақши бузургро иҷро менамоянд. Дар бештари мавридҳо пойдории давлат аз шахсияти муаррификунандаи он вобаста мебошад. Аз замони ба сари қудрат омадан Сарвари давлат барои таъмини сулҳу субот, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва ташаккули он талошҳои зиёд ба харҷ доданд, ки он босамар буд. Таҳаммулпазирӣ ва хиради волои халқ низ имкон фароҳам овард, ки сулҳу ваҳдат, амну субот ва оромӣ саросари мамлакатро фаро гирад.
Ҷиҳати минбаъд мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ ва нигоҳдошти Истиқлолияти давлатӣ зарурият ба миён омад, ки тамоми муносибатҳои ҷамъиятӣ бо қонун ба танзим дароварда шавад. Чунки қонун ҳамчун василаи танзимкунандаи паҳлуҳои гуногуни ҷомеа нақши муҳим дошта, инкишофу пешрафти ҷамъият танҳо тавассути танзими қонунӣ имконият дорад.
Конститутсияи Тоҷикистон, ки дигар қонунҳо аз он сарчашма мегиранд, 6 ноябри соли 1994 қабул шуд ва он асосҳои ҳуқуқиеро ба вуҷуд овард, ки риоя ва иҷрояш он барои пешрафти ҷомеа таъсири мусбат гузошт. Бо Конститутсия низоми давлатдорӣ чунин муқаррар шуд, ки дар Тоҷикистон ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мешавад. Яъне, ҳокимияти судӣ яке аз шохаҳои мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф гардида, ҳифзи ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат ба зиммаи он вогузор шуд. Ҳамин ҳолат низ боиси яке аз беҳтарин Конститутсия дар ҷаҳони муосир эътироф намудани Конститутсияи Тоҷикистон гардид.
Дар асоси Конститутсия ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Судя ҳуқуқи дахлнопазирӣ дорад. Меъёрҳои мазкур аз вақти қабули Конститусия инҷониб мавриди амал қарор дошта, бетағйир мондаанд.   
Дар даврони истиқлолият бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чор “Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” тасдиқ ва ҷиҳати иҷрои онҳо корҳои назаррас ба анҷом расонда шуда, ислоҳот ҳанӯз ҳам идома дорад, ки ин ҳолат ногузир будани ташаккули ин ҳокимияти давлатиро ифода менамояд.
Аз ҷумла, “Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021” идомаи барномаҳои пешина буда, амалисозии тадбирҳои заруриро ҷиҳати боз ҳам таҳким бахшидани ҳокимияти судӣ ва такмили қонунгузорӣ доир ба фаъолияти судҳо пешбинӣ менамояд.
Масъалаҳои дар барнома гузошташуда бо назардошти пешрафти ҷомеа, ба миён омадани муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ва бо мақсади ба стандартҳои байналмилалӣ ва меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии миллӣ мутобиқ намудан ба нақша гирифта шудааст.
Яке аз чорабиниҳои андешидашаванда-ҷорӣ намудани мансаби ёрдамчии судяи Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ мебошад. Мақсади асосии ҷорӣ намудани ин мансаб беҳтар гардондани сифати баамалбарории адолати судӣ мебошад. Ҷорӣ намудани мансаби ёрдамчии судяи Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ сиёсати оқилона, дуруст ва дурандешонаест, ки метавонад минбаъд дар омодасозии судяҳои ҷавон ва кадрҳои баланд-ихтисоси судӣ нақши муҳим бозад. Мансаби мазкур аз ҷиҳати иқтисодӣ низ манфиатовар аст. Дар сурати аз ин мансаб ба вазифаи судя таъйин намудан, зарурати дар муҳлати як сол бо сарфи маблағи зиёди буҷавӣ тайёр намудани коромӯз - судя аз байн меравад. Дар ҳар маврид, мансаби ёрдамчии судяи Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ барои боз ҳам ташаккул ёфтан ва самаранок гардидани фаъолияти суд арзишнок мебошад.
Ҳамин тавр, ҳокимияти судӣ зина ба зина ташаккул ёфта, он барои пойдории Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оромиву суботи ҷомеа ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ нақши муҳим дорад.

Шодмон АЛИЗОДА,
Рошиддин ҚАМАРЗОДА,
судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.09.2020    №: 166    Мутолиа карданд: 240
04.03.2021


ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ЗАНОН

ШАҲРИНАВ. ГУЛГАШТИ НАЗДИ МУҶАССАМАИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА НАВСОЗӢ МЕШАВАД

КАМОНВАРӢ

Муассисаҳои таълимии олии Россия дарҳояшонро барои донишҷӯёни хориҷӣ боз намуданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.03.2021


Мулоқоти Зулфия Давлатзода бо Мирвайс Ноб

Дар Доғистон хотираи ҳалокшудагони ҷангро гиромӣ медоранд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. СИТОРАҲОИ ДУРАХШОНИ ВАРЗИШИ ТОҶИК

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН

ҚУЛЛАИ «РАҲИМ МАСОВ» ДАР ИШКОШИМ

ҶОМИ КФО – 2021

Путин ҷиҳати муколама бо ИМА ва дигар кишварҳо омода аст

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед