иҷтимоиёт
ИҶТИМОИЁТ. ТАҚВИЯТИ ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ НИШОНАИ РУШДИ ДАВЛАТДОРИСТ
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ, илмиву фарҳангӣ дар баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ нақши бағоят муҳим дорад.
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» аз 4 августи соли 2020, № 1580 низ аз ҳамин Паём маншаъ мегирад, ки дар он ба табақаҳои осебпазири ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир гаштааст.
Дар шароити феълӣ, ки бо сабаби паҳншавии бемории коронавируси нави COVID-19 ҷаҳонро буҳрони шадиди молиявию иқтисодӣ фаро гирифтааст, чунин ташаббус ва иқдоми неки Пешвои муаззами миллат хеле муҳиму саривақтӣ ва хайрхоҳонаву башардӯстона мебошад. Ҳол он ки бисёре аз мамлакатҳои ҷаҳон бо сабаби буҳрони иқтисодӣ дар самти татбиқи сиёсати иҷтимоӣ ба душвориҳои зиёде рӯ ба рӯ шудаанд. Бинобар он, аз ин иқдоми саховатмандонаи Пешвои миллат мардуми шарифи Тоҷикистонро ҳисси ватандӯстиву меҳнатқариниву суботкорӣ фаро гирифт.
Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо мақсади тақвияти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, беҳтар намудани шароити зисту зиндагонии шаҳрвандон ва таъмини шоистаи ҳифзи иҷтимоии қишри ниёзманди аҳолии мамлакат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси баланд бардоштани музди меҳнат, нафақа ва стипендияҳо санадҳои зиёдеро ба тасвиб расондаанд, ки аксарияти онҳо дар партави паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо шудаанд.
Бо қатъият метавон тазаккур дод, ки ба шарофати иҷрои дастурҳои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар бамаротиб боло рафт, ба истиқболи Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон садҳо иншоот қомат афрохт, роҳҳои зиёд, гулгашту хиёбонҳо, муассисаҳои маориф, илму фарҳанг, варзиш ва ғайра ба истифода дода шуданд, махсусан бо бунёд гаштани боғҳои истироҳатӣ шаҳри Душанбе, воқеан, дилорову зеби дунё гашт.
Гулрухсор ТЕШАЕВА,
нотариуси давлатии идораи нотариалии
давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 01.09.2020 №: 166 Мутолиа карданд: 140