logo

иҷтимоиёт

ЧИЛДУХТАРОН. БУНЁДКОРИҲО ВУСЪАТ МЕЁБАНД

Бо пайравӣ аз ташаббусҳои бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат дар  мамлакат сохтмони иншооти гуногун вусъат меёбад, ки  ҳадаф фароҳам овардани шароити арзанда дар самтҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа мебошад. Имрӯзҳо дар доираи эълон шудани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар мавзеъҳои сайёҳии Ватани маҳбубамон бо саҳми соҳибкорону ашхоси саховатпеша инфрасохтори зарурӣ бунёд меёбанд.
Мавзеи  Чилдухтарон бо табиати зебою назаррабо, марғзору ҷангалзор ва чашмаҳои мусаффояш дер боз қалби сайёҳонро тасхир намудааст. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Муъминобод дастур доданд, ки роҳи автомобилгарди мавзеи Чилдухтарон таҷдиду навсозӣ шавад.
Дар партави дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат, моҳи октябри соли 2019 бо ташаббуси оилаи Амировҳо сохтмони роҳи автомобилгард аз мавзеи Чилдухтарон то ноҳияи Ховалинг оғоз гардид. Дар шароити кӯҳистон сохтмони роҳи автомобилгард кори саҳлу сода нест. Сарфи назар аз мушкилиҳо, Раҳмоналӣ Амирзода бо дарки баланди масъулияти ватандорӣ пайи анҷоми муваффақонаи он камари ҳиммат баст. Саъю кӯшиши шабонарӯзӣ ва маҳорати баланди ташкилотчигии ӯ буд, ки дар фурсати кӯтоҳ бахши аъзами корҳои навсозии ин роҳи автомобилгард (12 километр) ба сомон расид. Тахту ҳамворкунии талу теппаҳо ва  мавзеъҳои алоҳидаи роҳи мазкур бо истифодаи техникаҳои муосир анҷом ёфта,  коргарону мутахассисон шабонарӯзӣ дар ин масир заҳмат мекашанд.
Бояд тазаккур дод, ки навсозии  ин роҳи автомобилгард орзуи деринаи сокинони 20 деҳа  аст ва онҳо бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолӣ ва ғамхориҳою таваҷҷуҳи ҳамешагии Пешвои муаззами миллат дар самти  ободу зебо намудани шаҳру ноҳияҳо ва дурдасттарин деҳоти мамлакат  изҳори сипосу миннатдорӣ карда, тадбирҳои муҳими ободониро  василаи беҳтар шудани шароити зиндагии минбаъда маънидод мекунанд.
Ҳамзамон, дар мавзеи Чилдухтарон сохтмони бинои панҷошёнаи меҳмонхонаи дорои шароити муосири хизматрасонӣ ва қабули зиёда аз сад нафар  сайёҳону меҳмонон идома дошта, дар марҳилаи анҷомёбист. Инчунин, дар шафати меҳмонхона барои қабули сайёҳон  хонаҳо бо усули меъмории миллӣ бунёд хоҳанд шуд.

Сафаралӣ НОЗИМОВ,
узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.09.2020    №: 166    Мутолиа карданд: 207
04.03.2021


ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ЗАНОН

ШАҲРИНАВ. ГУЛГАШТИ НАЗДИ МУҶАССАМАИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА НАВСОЗӢ МЕШАВАД

КАМОНВАРӢ

Муассисаҳои таълимии олии Россия дарҳояшонро барои донишҷӯёни хориҷӣ боз намуданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.03.2021


Мулоқоти Зулфия Давлатзода бо Мирвайс Ноб

Дар Доғистон хотираи ҳалокшудагони ҷангро гиромӣ медоранд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. СИТОРАҲОИ ДУРАХШОНИ ВАРЗИШИ ТОҶИК

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН

ҚУЛЛАИ «РАҲИМ МАСОВ» ДАР ИШКОШИМ

ҶОМИ КФО – 2021

Путин ҷиҳати муколама бо ИМА ва дигар кишварҳо омода аст

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед