logo

иҷтимоиёт

ҶАВОНОН. ХУЛОСАИ ЯК ТАДҚИҚОТИ СОТСИОЛОГӢ

Агар дар нимсолаи аввали соли гузашта дар кишвар аз ҷониби ҷавонон 2851 ҷиноят содир шуда бошад, ин рақам дар қиёс ба шаш моҳи аввали соли равон 115 - то коҳиш ёфт. Таҳлилҳо нишон доданд, ки дар ин давра содиршавии ҷиноят миёни ин қишри ҷомеа аз ҳама зиёд дар вилояти Хатлон - 908 ҳолат ба қайд гирифта шудааст.
Нусратулло Маҳмадзода, сардори маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ, дар робита ба ин мавзӯъ гуфт, ки роҳбарияти вазорат бо мақсади ҷалби ҷавонон ва истифодаи неруи тавонои онҳо дар таҳкими суботу оромӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ дружинаҳои ихтиёрӣ ва кормандони ғайриштатиро аз ҳисоби ҷавонон таъсис додаанд.
- Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксари ҷиноятҳои содиршуда аз сӯи ҷавонон ба тағйироти иҷтимоиву иқтисодӣ, костагии ахлоқ, сатҳи пасти зиндагӣ, пошхӯрии оилаҳо, муҳоҷирати  корӣ, зӯроварӣ, истисмор ва ғайра вобастагӣ дорад, - иброз дошт Н. Маҳмадзода. – Хушбахтона, имрӯзҳо қариб ҳамаи ин камбудиҳо батадриҷ аз байн рафта истода, ҷойи онҳоро донишандӯзиву азхудкунии забонҳои хориҷӣ ва омӯхтани касбу ҳунар пурра менамояд.
Инчунин, муноқишаҳои гурӯҳии хонандагону донишҷӯён, дағалрафториву муносибати ҷавонон, беназоративу омилҳои ба ҷиноят ва ҳар гуна корҳои ношоиста даст задани онҳо аз дӯстони нав ва нодонии онҳо низ вобастагӣ дорад. Дар ин раванд кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ дар доираи баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ - маърифатӣ дар самти пешгирии зуҳуротӣ ва таъмини иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» пайваста чора меандешанд.
Файзиддин Назаров, сардори шуъбаи ноболиғони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ, ба ин назар аст, ки баргузории мунтазами чорабиниҳо дар шаҳру навоҳии кишвар баҳри пешгирии қонуншикании ноболиғону ҷавонон мусоидат хоҳад кард. Имрӯз падару модаронро зарур аст, ки масъулиятшинос бошанд ва фарзанди худро дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намоянду нагузоранд, ки насли ояндасози кишвар дар айёми наврасӣ доғдор гардад.
- Тадқиқоти сотсиологӣ нишон доданд, ки дар баробари беназоратии волидон, инчунин, зуд пайдо намудани мақоми иҷтимоӣ дар ҷомеа ҳамчун шахсият, дар муҳлати кӯтоҳтарин ба даст овардани молу мулки муфт, дар оилаҳои носолим тарбия гирифтани ноболиғону ҷавонон, таъсири муҳити иҷтимоӣ, паст будани сатҳи шуур ва маданияти ҳуқуқӣ, таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ, инчунин, бетарафии ҷомеа сабабҳои дигари авҷ гирифтани ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ миёни ин қишри осебпазир мебошад, - мегӯяд Фирӯз Миров, мудири кафедраи сотсиологияи ДМТ.
- Бо назардошти пешрафти илму технология, талаботи бозори меҳнат низ ба куллӣ тағйир ёфтааст ва ин боиси он гардидааст, ки на ҳама ҷавонон барои дарёфти ҷои кори муносиб ҳамеша муваффақ мегарданд.
Панҷ сол қабл «Маркази ҷумҳуриявии иттилоот ва тамоюли ҷавонон» - и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Сабабҳо ва ҳолатҳои қонунвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” тадқиқоти сотсиологӣ гузаронд. Дар он ҷавонони аз 14 то 30 - сола ва мутахассисони соҳаҳои гуногуне, ки нақши калидиро дар самти пешгирии “ҷинояткорӣ ва қонунвайронкунӣ” дар байни ноболиғону ҷавонон доранд, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, аз ҷумла раисони маҳалла (ҷамоат), кормандони милитсия, волидайн, мутахассисон, коршиносони соҳа фаро гирифта буд. Натиҷаи тадқиқот нишон дод, ки 54,6 дарсад ҷавобдиҳандаҳо сатҳи дониши ҳуқуқии ҷавонони маҳаллаашонро дар сатҳи миёна, 29,4 дар сатҳи паст ва 6,7 дарсад дар сатҳи зарурӣ арзёбӣ намуданд. Инчунин,  4 дарсад қайд намуданд, ки дар замони ҳозира дониши ҳуқуқӣ лозим нест. Таҷриба нишон медиҳад, ки назар ба чанд соли пеш наврасону ҷавонон то андозае дониши ҳуқуқии худро такмил дода, аз ҳуқуқвайронкуниву қонуншиканӣ дурӣ меҷӯянд.
Ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ ва мақомоти масъул бояд ба тақдири ояндаи наврасону ҷавонон бетараф набошанд. Барои тарбияи наврасону ҷавонон ва пешгирии ҷинояткорӣ дар байни онҳо бояд ҳамаи ниҳоду сохторҳои масъул ва шахсони алоҳида, мисли оила, мактаб, гурӯҳи дӯстон ва амсоли инҳо ҷалб карда шаванд.

Сафаргул  АЛИМОВА,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.09.2020    №: 167    Мутолиа карданд: 142
04.03.2021


ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ЗАНОН

ШАҲРИНАВ. ГУЛГАШТИ НАЗДИ МУҶАССАМАИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА НАВСОЗӢ МЕШАВАД

КАМОНВАРӢ

Муассисаҳои таълимии олии Россия дарҳояшонро барои донишҷӯёни хориҷӣ боз намуданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.03.2021


Мулоқоти Зулфия Давлатзода бо Мирвайс Ноб

Дар Доғистон хотираи ҳалокшудагони ҷангро гиромӣ медоранд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. СИТОРАҲОИ ДУРАХШОНИ ВАРЗИШИ ТОҶИК

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН

ҚУЛЛАИ «РАҲИМ МАСОВ» ДАР ИШКОШИМ

ҶОМИ КФО – 2021

Путин ҷиҳати муколама бо ИМА ва дигар кишварҳо омода аст

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед