logo

иҷтимоиёт

МАШЪАЛАФРӮЗИ РОҲИ ИЛМ

1 сентябр ба зодрӯзи олими фарҳехтаи тоҷик, ходими намоёни давлативу ҷамъиятӣ, академик Муҳаммад Осимӣ сад сол пур шуд. Мавсуф бо таълифи асарҳои гаронбаҳо дар ривоҷу равнақи илми тоҷик саҳми бориз гузоштааст.
Бахусус, хидматҳои донишманди шаҳир дар ташаккулу пешрафти аввалин муассисаи таҳсилоти олии техникии кишвар – Институти политехникии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи техникии Тоҷикистон) бағоят бузург аст. Бояд гуфт, ки солҳои 50-уми асри гузашта яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати мамлакат барои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ба камол расондани мутахассисони баландихтисос ба шумор мерафт. Ҳамин буд, ки ба масъалаи таъсиси макотиби олӣ дар кишвар таваҷҷуҳи ҷиддӣ дода мешуд. Ҳамин тариқ, бо мусоидати Ҳукумати Тоҷикистони Шӯравӣ моҳи январи соли 1956, мувофиқи қарори Шӯрои вазирони ИҶШС, дар шаҳри Сталинобод (ҳоло Душанбе) Институти политехникӣ ташкил гашта, Муҳаммад Осимӣ, ки ҳамагӣ 36 сол дошт, сарвари он таъйин шуд.
Ҳарчанд он солҳо кишвар аз норасоии омӯзгорони варзида танқисӣ мекашид, ба шарофати иродаи қавӣ ва заҳматқаринии Муҳаммад Осимӣ ин мушкилӣ тадриҷан ҳалли худро пайдо кард ва муассиса дар омода намудани инженерҳо, меъморон, бинокорон, иқтисоддонон, инженер-энергетикҳо ва амсоли инҳо ба натиҷаҳои назаррас ноил шуд. Маҳз туфайли заҳматҳои шабонарӯзии ин донишманди маъруф обрӯи ин муассисаи олии таълимӣ сол ба сол боло мерафт ва, баъдан, он дар қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз бонуфузтарин донишкадаҳо шинохта шуд.
Муҳаммад Осимӣ, ҳамчунин, тарҷумони варзидаву нотакрор эътироф мегардид. Аз ҷумла, ӯ дар тарҷимаи китобҳои дарсии физика, геометрия, астрономия, асосҳои фалсафа хизмати босазо кардааст.
Мавсуф тӯли бисту се сол вазифаи президенти Академияи илмҳои кишварро ба уҳда дошт. Дар ин давра бо саъю кӯшишҳои пайвастаи ӯ ҳамкориҳо ва робитаҳои илмии Тоҷикистон бо олимон ва марказҳои илмии ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, Афғонистон, Эрон, Ҳиндустон ва Покистон беш аз пеш густаришу тақвият ёфтанд.
Чанде пеш дар Академияи миллии илмҳо бахшида ба 100-солагии ин донишманди бузург ҳамоиш баргузор шуд, ки сарвари он Фарҳод Раҳимӣ чунин иброз намуд: «Дар ҳамаи давру замонҳо олимону адибони тоҷик машъалафрӯзи ҳаёти мардум буданд ва роҳи тараққию созандагиро мунаввар месохтанд. Яке аз чунин нафарон олими шинохтаи тоҷик академик Муҳаммад  Осимӣ мебошад, ки тӯли фаъолият ва ҳаёти пурбаракат барои рушд ва нумӯи гуногуни мухталифи илм саҳми арзанда гузоштааст. Ҳукумати Тоҷикистон хидматҳои шоистаи Муҳаммад Осимиро қадр карда, соли 1997 Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба номи ӯ гузошт».
Бале, рӯзгор ва фаъолияти илмии Муҳаммад Осимӣ шоистаи ситоишанд ва хотираи неки устоди бузургу тавоно дар қалбҳои мардуми куҳанбунёду фарҳангпарвари тоҷик абадӣ боқӣ хоҳад монд.   

Умед ПУДИНАЕВ,
ходими калони илмии АМИ Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.09.2020    №: 168    Мутолиа карданд: 209
04.03.2021


ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ЗАНОН

ШАҲРИНАВ. ГУЛГАШТИ НАЗДИ МУҶАССАМАИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА НАВСОЗӢ МЕШАВАД

КАМОНВАРӢ

Муассисаҳои таълимии олии Россия дарҳояшонро барои донишҷӯёни хориҷӣ боз намуданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.03.2021


Мулоқоти Зулфия Давлатзода бо Мирвайс Ноб

Дар Доғистон хотираи ҳалокшудагони ҷангро гиромӣ медоранд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. СИТОРАҲОИ ДУРАХШОНИ ВАРЗИШИ ТОҶИК

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН

ҚУЛЛАИ «РАҲИМ МАСОВ» ДАР ИШКОШИМ

ҶОМИ КФО – 2021

Путин ҷиҳати муколама бо ИМА ва дигар кишварҳо омода аст

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед