иҷтимоиёт
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ОМИЛИ МУҲИМТАРИНИ РУШДИ СОҲАИ ИСТЕҲСОЛОТИ ИҶРО
Истиқлолияти давлатӣ таҷассумкунандаи асосҳои соҳибихтиёрӣ ва тамомияти ҳудудии мамлакат буда, вобаста ба аҳамияти худ дар низоми сиёсию ҳуқуқӣ мақоми марказиро ишғол менамояд. Соҳибистиқлолии ҳар кишвар аз неъматҳои олитаринест, ки дар тамоми даврони таърихи башарӣ миллатҳо баҳри расидан ба он талошу ҷонбозиҳо намудаанд.
Боиси ифтихору сарфарозӣ ва сарбаландии мардуми Тоҷикистон аст, ки дар сарзамини мо сулҳу осоиштагӣ ҳукм меронад ва ин омили муҳимтарини инкишофи тамоми бахшҳои ҳаёти кишвар гардидааст. Аз ин лиҳоз, мавқеи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ пайваста устувортар гардида, қонунгузории пешрафта ва замонавии он ҷойгоҳи сиёсию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамаҷониба пуштибонӣ ва ҳифз мекунад.
Табиати сиёсии ҳар кишвар дар соҳибихтиёрии он нисбатан аниқ ифода мегардад. Истиқлолияти давлатӣ дар он асос ёфтааст, ки ба он ҳуқуқи ба таври расмӣ аз номи ҷомеа муроҷиат намудан, қабули қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои онҳо аз ҷониби тамоми аъзои ҷомеа ҳатмианд ва ниҳоят, ба амал баровардани адолат вогузор карда шудааст.
Пойдории давлат ва бақои он ба адолати судӣ вобастагӣ дошта, дар таъмини адолати судӣ иҷрои санадҳои судӣ нақши муҳим дорад, зеро тавассути иҷрои санадҳои судӣ боварии мардум ба ҳокимияти судӣ ва мақомоти иҷро зиёд гардида, ба ташаккули давлати ҳуқуқбунёд такони бузурге мебахшад.
Бо мақсади беҳтар намудани иҷрои санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори давлатӣ бо ташаббуси сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 апрели соли 2018, № 1043 Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми иҷрои ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқи сиёсати давлатиро дар соҳаи ташкил ва танзими давлатии истеҳсолоти иҷро таъмин менамояд.
Хадамот диққати асосиро ба барқарор намудани зарари ба манфиати давлат, шаҳрвандон расондашуда равона намуда, рафти иҷрои санадҳои судӣ, мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори давлатиро дар ин самт зери назорати қатъӣ қарор медиҳад. Мансубини Хадамоти иҷро вазифаҳои касбии хеш – иҷрои ҳатмӣ ва саривақтии санадҳои судиро оид ба баҳсҳои гражданӣ ва иқтисодӣ, ҳукм ва қарорҳои вобаста ба парвандаҳои ҷиноятӣ дар қисми даъвои гражданӣ, ситондани ҷарима ва мусодираи молу мулк, инчунин, иҷрои санадҳои дигар мақомотро бо риояи принсипҳои истеҳсолоти иҷро, аз қабили қонуният, сари вақт гузарондани амалҳои иҷро ва татбиқи чораҳои иҷрои маҷбурӣ, эҳтироми қадр ва номуси шаҳрванд, дахлнопазирии ҳадди ақали молу мулки барои зиндагии шаҳрванди қарздор ва оилаи ӯ зарур, мутобиқати ҳаҷми талаботи ситонанда ва чораҳои иҷрои маҷбурӣ ба амал мебароранд.
Механизми самараноки таъмини иҷрои санадҳои судӣ бояд бо дарназардошти тамоми мушкилиҳои дар соҳа ҷойдошта таҳия шуда, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории амалкунанда, таъмини молиявии истеҳсолоти иҷро, тартиби ҳавасмандгардонӣ, баланд бардоштани масъулияти иҷрочиён ва дигар масъалаҳои ба фаъолияти онҳо алоқамандро дар бар гирад. Таҳлилҳо собит намуданд, ки баҳри таъмини иҷрои самараноки санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомот бояд камбудиҳо ва мушкилиҳои дар соҳа ҷойдошта бартараф карда шаванд. Бо ин мақсад Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он», «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд», «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонки исломӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» қабул шуданд.
Ҷиҳати ҳалли мушкилиҳои дар соҳа ҷойдошта тибқи Барномаи ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 – 2021, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2019, № 1242 тасдиқ гардидааст ва дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дар таҳрири нав таҳия намудани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» аз ҳисоби мутахассисони соҳибтаҷрибаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои марбута гурӯҳи корӣ таъсис ёфтааст. Лоиҳа дар таҳрири нав таҳия гардида, барои мувофиқа ба Ҳукумат пешниҳод хоҳад шуд.
Хадамот баҳри ба амал баровардани адолати судӣ, таъмини иҷрои ҳуҷҷатҳои иҷро ва барқарор намудани ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда тибқи қонунгузорӣ истифода менамояд ва бо дарки масъулияти ватандорӣ ҳадафҳои наҷиби созандагӣ ва ободонии Ватани азизамонро қарзи инсонӣ ва шаҳрвандии худ мешуморад ва садоқати хешро ба Тоҷикистони ободу соҳибистиқлол бо кору пайкори амалии ҳаррӯза собит месозад.
Барно САИДВАЛИЗОДА,
сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 03.09.2020 №: 168 Мутолиа карданд: 257