logo

иҷтимоиёт

НОҲИЯИ АЙНӢ. САНОАТ РӮ БА РУШД ДОРАД

Дар мавзеи Кончочи ноҳия зери замин метавон гуфт, ки ганҷи бебаҳо нуҳуфтааст: 265 ҳазор тонна сурмаи саноатию ғайрисаноатӣ ва 50 тонна тилло. Дар ин кон нуқра, симоб, флюорит низ кам нест. Бо мавриди истифода гаштани  корхонаи бузурги саноатии ҶСП «ТАЛКО Голд», ки ба истихроҷи онҳо машғул хоҳад шуд, на танҳо иқтидори саноатии ноҳия бамаротиб боло меравад, балки Тоҷикистон имкон пайдо мекунад аз рӯи истеҳсоли сурма дар ҷаҳон баъд аз Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Федератсияи Россия ба ҷойи сеюм барояд.

“ФОН-ЯҒНОБ” 70 ДАРСАДИ АНГИШТИ КИШВАРРО ИСТИХРОҶ МЕКУНАД
- Бо мақсади амалӣ гардондани ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат дар ноҳияи Айнӣ низ корҳои назаррас идома доранд, - гуфт раиси ноҳия Муқим Муродзода дар суҳбат бо хабарнигори “Ҷумҳурият”.
Дар ноҳия дар нимсолаи аввали соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба беш аз 458 миллион сомонӣ расид. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 49 миллион сомонӣ зиёд аст. Истеҳсоли консентрати 30 - фоизаи сурмаю симоб қариб 31 ҳазор тонна, металли сурма 2930 тонна,  симоб 84,5 тонна ва истихроҷи ангишт  653 ҳазор тоннаро ташкил дод. Корхонаи фаръии хусусии “Фон - Яғноб” 70 дарсади ангишти мамлакатро истихроҷ мекунад. Он корхонаҳои азими саноатии ҷумҳурӣ, аз қабили корхонаи сементбарорӣ, маркази  гармию барқдиҳии “Душанбе - 1” ва “2”, заводи “Талко”, ҳамчунин, муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии як қатор шаҳру ноҳияҳои кишварро бо маводи сӯхт таъмин менамояд. Бо мақсади боз ҳам хубтар таъмин намудани заводи алюминийи тоҷик  бо ангишти хушсифат дар мавзеи Канте истихроҷи ангишт ба роҳ монда шуд.
24 июни соли 2018 аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Кончочи Ҷамоати деҳоти Фондарё ба бунёди корхонаи бузурги саноатии ҶСП «ТАЛКО Голд» санги асос гузошта шуд. Ба кор даромадани он симои саноати ноҳияро ба куллӣ дигар хоҳад кард, - иброз дошт Муқим Муродзода. Дар корхона ҳамагӣ 120 нафар мутахассис (87 тоҷик, 33 чинӣ) кор мекунад. Дар иншоот  айни замон сохтмон бомаром идома дорад.

БЕШ АЗ 300 ИНШООТИ ҶАШНӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
Раиси ноҳия изҳор дошт, ки дар ноҳия корҳои омодагию бунёдкорӣ баҳри таҷлили шоистаи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ бо рӯҳбаландӣ давом доранд. Тибқи нақша дар тӯли се сол бояд  499 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирад.  Айни ҳол 314 иншоот ба истифода дода шуд, ки фарогири соҳаҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва тандурустӣ мебошанд.
Дар шаш моҳи соли ҷорӣ 69 иншоот, аз ҷумла 2 муассисаи томактабӣ, 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 16 китобхона, 8 клуб, 6 бунгоҳи тиббӣ, 9 дорухона, 27 сартарошхона, 7 ҳаммом, 10 кошонаи ҳусн, 16 маркази савдо, 12 маркази хизматрасонӣ, 3 толор ва 6 майдончаи варзиш, ба истифода дода шуд ва 88 ҷойи нави корӣ таъсис ёфт. Айни замон сохтмони муассисаҳои таълимӣ дар мавзеи Дашти Варз ва деҳаҳои Хайробод, Зеробод,  Фатмев, мактаб – интернати замонавӣ дар деҳаи Анзоб, беморхона барои 44 кат дар деҳаи Урметан ва варзишгоҳ барои 6000 ҷойи нишаст ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳия идома дорад.

SARS-COV-2: ҲАМАГӢ 81 ҲОДИСАИ СИРОЯТЁБӢ
Бо мақсади қабулу табобати беморони гумонбари коронавирус бинои шуъбаи бемориҳои сироятии беморхонаи марказӣ ба миқдори 60 кат ва ҳуҷраҳои алоҳида ҷудо гардида, табибон бо либосҳои муҳофизатии махсус, маводи доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ  ба маблағи 480 ҳазор сомонӣ таъмин шуданд. Дар беморхонаи марказӣ, беморхонаи минтақавии Зарафшон-1 ва шабакаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия корҷомаҳои бисёркарата, ниқобу дастпӯшакҳои тиббӣ, маводи безараргардонӣ, ҳароратсанҷ ба қадри кофӣ мавҷуданд.
То имрӯз дар ноҳия 81 ҳодисаи сирояти COVID-19 сабт шудааст. Аз ин теъдод 48 нафар дар беморхонаҳо ва 33 нафар дар хонаашон зери назорати духтурони оилавӣ табобат мегиранд.

ЯҒНОБ – ПОРАТАЪРИХИ КУҲАНБУНЁД
- Дар ноҳия мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва сайёҳӣ  хеле зиёданд, - гуфт раиси ноҳия ва афзуд: - Нуҳ сол муқаддам - 3 августи соли 2011 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба водии Яғноб ташриф оварда, бо рӯзгори посдорони таъриху фарҳанг ва оину суннатҳои суғдиёни қадим аз наздик шинос гардида, онро як пораи таърихи зиндаи куҳанбунёди тоҷикон унвон карданд. Дар ин ҷо айни ҳол беш аз 500 нафар мардуми яғнобизабон зиндагӣ мекунанд, ки забонашон аз ҷониби донишмандони ватанию хориҷӣ ҳамчун падидаи нодири этникии ҷаҳон шинохта шудааст. Аз таърихи куҳани ин гӯшаи диёр ҳанӯз дар асри V қабл аз мелод муаррихони машҳури юнонӣ маълумот додаанд. Маҳз ҳамин осори фарҳанг ва забони суғдӣ, ки дар ин ҷо маҳфуз мондааст, таваҷҷуҳи сайёҳон ва олимону донишмандони хориҷи кишварро ба худ ҷалб кардааст.
Бо мақсади ҳифзи урфу одат, анъана ва забони сокинони маҳаллӣ, ҳамчунин, манзараву олами наботот ва ҳайвоноти водии мазкур Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 227 аз 2 майи соли 2019  «Дар бораи ташкил намудани парки табиии миллии «Яғноб» қабул шуд, ки он дар Осиёи Марказӣ ягона мебошад.
Ғайр аз ин, катибаҳои суғдӣ, ки соли 1932 аз Қалъаи Муғи деҳаи Хайрободи ноҳия пайдо шуданд, намунаи осори хаттии  фарҳангу тамаддуни қадимаи тоҷиконро муаррифӣ мекунанд, ки имрӯз дар осорхонаи Санкт - Петербург маҳфузанд.
Бо иқдоми Президенти кишвар маҷмааи ёдгории шоири шаҳир Нақибхон Туғрал, ки аз мақбара, муҷассама, осорхона, суҳбаткадаҳои кандакорӣ ва боғу гулгаштҳои ороста  иборат аст, бо санъати баланди меъмории миллӣ сохта шудааст. Ғайр аз ин, ёдгориҳои таърихӣ ба монанди мақобири Шамси Табрезӣ (Вешаб), Абулқосими Гургонӣ (Урметан), Хоҷа Исҳоқ (Махшевад), Хоҷа Музлим (Дарғ), Қалъаи Муғ (Хайробод), Қалъаи Сарвода дар шаҳраки Зарафшон ва қадимтарин ёдгории табиии ин диёр – Искандаркӯл кайҳост, ки таваҷҷуҳи зоирону сайёҳонро ҷалб кардааст.

Мунаввари САФАР,  «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.09.2020    №: 168    Мутолиа карданд: 197
04.03.2021


ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ЗАНОН

ШАҲРИНАВ. ГУЛГАШТИ НАЗДИ МУҶАССАМАИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА НАВСОЗӢ МЕШАВАД

КАМОНВАРӢ

Муассисаҳои таълимии олии Россия дарҳояшонро барои донишҷӯёни хориҷӣ боз намуданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.03.2021


Мулоқоти Зулфия Давлатзода бо Мирвайс Ноб

Дар Доғистон хотираи ҳалокшудагони ҷангро гиромӣ медоранд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. СИТОРАҲОИ ДУРАХШОНИ ВАРЗИШИ ТОҶИК

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН

ҚУЛЛАИ «РАҲИМ МАСОВ» ДАР ИШКОШИМ

ҶОМИ КФО – 2021

Путин ҷиҳати муколама бо ИМА ва дигар кишварҳо омода аст

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед