иҷтимоиёт
ИСТИҚЛОЛИЯТИ МИЛЛӢ. МАСЪУЛИЯТИ ҶАВОНОН МЕАФЗОЯД
Мардуми сарбаланди Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамоянд, ки Истиқлолияти миллӣ муқаддастарин ва азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ ва неруи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад. Бояд шукргузор буд, ки миллати бузурги тоҷик соҳиби давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, ягона ва соҳибистиқлол гардидааст.
Акнун барои халқи тоҷик чун обу ҳаво истиқлолияти комили сиёсӣ зарур аст. Танҳо якдилона мо бо ваҳдат ва меҳнати якдилона метавонем, истиқлолияти худро ҳифз намоему Ватани азизамонро ободу зебо гардонем. Бешубҳа, оромиву шукӯҳи ҳар давлату миллат бар дӯши ҳар шаҳрванди он вобаста аст, махсусан насли ояндасоз. Мо бояд хуб дарк намоем, ки оянда тақдири халқу давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол ба дӯши ҷавонон гузошта мешавад. Ин рисолати хайр, яъне ҳифзу обод кардан ва ба наслҳои оянда ба мерос гузоштани сарзамини аҷдодӣ масъулияти бузург дорад ва ҳар яки моро вазифадор менамояд, ки ҳамеша ба хотири таҳкими Истиқлолияти давлатӣ пойдории давлати худ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстӣ талош намоем. Инчунин, барои устувор намудани пояҳои Истиқлолияти миллӣ, бунёди давлати пуриқтидори демократӣ ва эҳёи дурахшонтарин арзишҳои тамаддуни бузурги ниёгонамон масъулияти бузурге бар дӯш дошта бошем.
Бо саъю талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишварамон рӯ ба тараққӣ ва рушди ҳамаҷониба ниҳодааст. Дар ҳама соҳаҳо пешравии куллӣ ба назар мерасад, хусусан дар сохторҳои қудратӣ пешравӣ ва сифати фаъолият мушоҳида гардида, баҳри ҳимояи марзу буми кишвар бо неруи бузург омода ҳастанд.
Мақомоти судӣ низ дар баробари дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ дар таҳкими истиқлолият ва сулҳу суботи Ватан нақши бориз доранд, инчунин, татбиқи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ба танзим дароварда шудаанд. Маҳз нақши бориз доштани мақомоти судӣ аст, ки дар як баромадашон Роҳбари давлат таъкид карданд: «Яке аз унсурҳои муҳими ҷомеаи демократӣ мақомоти судӣ ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ ва амалисозандаи адолати судӣ мебошад”. Боиси таҳсин аст, ки дар давоми 29 - соли Истиқлолияти давлатӣ бо дастгирии Пешвои миллат дар такмили ҳокимияти судӣ барномаҳои ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ, самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гардида, ба стандартҳои байналмилалӣ ва амалияи давлатҳои пешрафтаи дунё мутобиқ шуд.
Имрӯз Тоҷикистонро дар фазои сиёсати умумиҷаҳонӣ ҳамчун давлати ободу рӯ ба тараққӣ эътироф кардаанд ва ин, албатта, ҷойи шукргузорист. Бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо ба дилхоҳ ормонҳои худ расида истодаем. Аз ин рӯ, ҳар фарди худогоҳ бояд аз бегонапарастиву ҷаҳолат канораҷӯӣ карда, ин неъмати бебаҳо, яъне истиқлолияту марзу буми худро дӯст дорад, муқаддасоти миллию давлатиро ҳифз намояд. Зеро ин рисолати фарзандӣ ва қарзи виҷдонии ҳар яки мо - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Зуҳуриддин АСРОРЗОДА,
сардори раёсати таъмини ташкили
кори судҳо ва баррасии муроҷиатҳои
Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 03.09.2020 №: 168 Мутолиа карданд: 232