иҷтимоиёт
9 СЕНТЯБР. РӮЗИ ХАНДАИ БАХТ
Рӯзи 9 сентябри соли 1991 миллати куҳанбунёд ва тамаддунофари тоҷик соҳиби давлати мустақил шуда, истиқлолияти хешро дарёфт ва дар ҷаҳон ҳамчун кишвари мустақил муаррифӣ гардид. Дар ин маврид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки «истиқлолият барои мо яке аз муқаддастарин арзишҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Зеро ин дастоварди бузург натиҷаи талошу муборизаҳои фарзандони бонангу номуси тоҷик ба хотири амалӣ намудани ормони чандинасраи халқамон, яъне эҳёи давлатдории миллии тоҷикон мебошад».
Ҳақ ба ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки Истиқлолияти давлатиро яке аз муқаддастарин арзишҳои миллӣ номидаанд. Истиқлолияти давлатӣ шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёрии тоҷикон дар арсаи олам гардид, ки мебоист низоми давлатдорӣ, сиёсати дохилию хориҷӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии худро мустақилона пеш барад.
Баъди расидан ба Истиқлолияти давлатӣ дар кишвар бунёди давлатдории сифатан нави миллӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ оғоз гардид. Дар ин замина муносибатҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсию ҳуқуқӣ такомул ёфта, тадбирҳои муҳим дар доираи ислоҳоти бузурги тамоми ҷанбаҳои зарурии ҳаёти ҷомеаро дарбаргиранда ба роҳ монда шуд. Ин раванд, пеш аз ҳама, тақозо менамуд, ки асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро нав карда, онро бо назардошти меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ такмил дода, барои бунёди давлати нав – демократии ҳуқуқбунёд замина гузошта шавад.
Яке аз аввалин тадбирҳои муҳиме, ки дар ин раванд мебоист дар ҷумҳурӣ амалӣ шавад, ин аз нав қабул намудани Конститутсия буд. Чунки ин санади олии сиёсию ҳуқуқӣ сарчашмаи тамоми соҳаҳои танзими ҳуқуқӣ ва заминаи асосии қонунгузории миллӣ маҳсуб мегардад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли 29 соли Истиқлолияти давлатӣ ба дастовардҳои зиёд ноил шуд. Аввалин дастоварди Тоҷикистон пас аз соҳибистиқлолӣ ин Конститутсия мебошад. Конститутсия Истиқлолияти давлатиро ба расмият дароварда, роҳи минбаъдаи инкишофи ҷомеаи навинро муайян кард. Ин қонуни асосӣ, ки қувваи олии ҳуқуқиро оид ба системаи сиёсӣ ва иқтисодӣ дорад ва онро мустаҳкам менамояд, системаи принсипҳои ташкилӣ, фаъолият ва ҳисоботдиҳии мақомоти қонунбарор, иҷроия ва судӣ, ҳуқуқҳои асосӣ, озодӣ ва масъулияти шаҳрвандонро муайян менамояд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 ба тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул шуд. Он барои аз байн бурдани хатаре, ки ба Истиқлолияти давлатӣ таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё карда, барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллати тоҷик, расидан ба ваҳдати миллӣ таҳкурсии устувор гузошта, дар он марҳилаи ҳассоси таърихӣ барои заминаи асосҳои аркони давлатдории тоҷикон нақши тақдирсозу ҳалкунанда бозид.
Воқеан, Истиқлолияти давлатӣ ва меъёрҳои Конститутсия эҳтирому риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини амният ва суботи устувори ҷомеа, шароити мусоид барои зиндагии арзандаро барои ҳар як шахс дар кишвари соҳибистиқлоли мо фароҳам овардаанд.
Фирӯз ҚАЛАНДАРОВ,
ёрдамчии прокурори ҳарбии
гарнизони Хоруғ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 03.09.2020 №: 168 Мутолиа карданд: 336