logo

иҷтимоиёт

ОИНАИ ҚАДНАМОИ МИЛЛАТ

Дар ҳар давру замон барои рушду пешрафти ҳар миллат фарзандони барӯманду фарзонааш нақши намоёне аз хеш боқӣ мегузоранд. Эмомалӣ Раҳмон чун шахсияти барҷаста вақте ба майдони сиёсат ворид шуд, ки миллати тоҷик парешон ва кишвар дар вартаи ҳалокат қарор дошт. Паёми нахустини ӯ аз Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон дар хусуси сарҷамъсозии миллат ва берун овардани Тоҷикистон аз ҷанги шаҳрвандӣ буд.
Пас аз оғози даргириҳои дохилӣ муҳоҷирони иҷборӣ, ки бар асари муноқишаҳо дар Афғонистону дигар кишварҳои Шӯравии собиқ ба cap мебурданд, пурра ба Ватан баргаштанд ва шахсан бо кумаки бевоситаи Роҳбари давлат пайи ободии манзилу деҳи худ камар бастанд.
Барқарор шудани сулҳ ва таҳкими суботи сиёсӣ дар мамлакат эътибори Тоҷикистонро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ низ афзун намуд. Ин ба Ҳукумати мамлакат имконият дод, то ҳамкориҳои бештару густардатареро бо кишварҳо ва созмонҳои молиявии ҷаҳон роҳандозӣ намояд.
Имрӯз Тоҷикистон узви созмонҳои бонуфузи минтақавӣ ва байналмилалӣ буда, бо беш аз 160 мамлакати дунё муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва дипломатӣ ба роҳ мондааст. Дар саргаҳи пайванди Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҷаҳони имрӯз шахсияти муҳташам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ин пайванд буд, ки номи тоҷик ва забони тоҷикӣ аз баландтарин минбарҳои ҷаҳон садо дод, Парчами давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар пойгоҳи бонуфузтарин созмонҳои дунё партавафшонӣ кард.
Яке аз муҳимтарин таҳавуллоти фарҳангию сиёсии замони муосир руҷуъ ба маънавият ва инсонгароӣ дар риштаи давлатдорӣ буд, ки дар ҷараёни пешрафти худ дар ҳаёти иҷтимоиву маънавии инсоният, дар танзими одилонаи таносуби қавму миллатҳо ва эътиқодоту мафкураи онҳо нақши бузурге хоҳад гузошт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ҷумлаи ин сиёсатмадорони фарҳангсолор дар ҷаҳони муосир шуморида шудааст, дарёфти ин ҳадафи олиро камоли матлуби рисолати хеш шинохта, бузургдошти инсон, одамият ва маънавиятро меҳвари аслии давлатдории худ қарор додааст.
Воқеан ҳам, имрӯз мо ифтихор аз он дорем, ки ба халқу миллати тоҷик Худованд назари нек кардааст, зеро ин таъриху фарҳанг, ин миллати куҳанбунёд, ниёзманди ҳамин гуна Сарвару Пешвое буд ва ҳаст, ки дар садри давлат онро аз вартаи нобудӣ ба дунёи умеди орзуҳо раҳнамоӣ намуд ва низ менамояд. Ва имрӯз ин миллат бо камоли ифтихору сипос ва бо сарбаландиву худшиносии миллӣ Эмомалӣ Раҳмонро Пешвои миллати худ ном мегирад. Пешвое, ки миллатро сарҷамъу муттаҳид, Ватанро хонаи умеди тоҷикони дохиливу бурунмарзӣ ва ба тоҷикон - ҳисси ифтихори миллӣ ва ватандӯстӣ, муҳаббат ба арзу буми бобоиро ато намуд.
Устод Бозор Собир, шоири шаҳири тоҷик, аз қаҳрамониву диловарӣ ва ҷонфидоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯҳу тавон гирифта, бо самимияту эҳтироми хосса изҳор намуда буд: «Агарчи ӯ муҳтоҷи шеъри ман нест, вале касе, ки ин қадар бозсозию азнавсозӣ кардааст, ин қадар роҳу тунел кушодааст, ман бо ӯям. Касе, ки ГЭС-и Роғунро сохта истодааст, боз ҳам ман бо ӯям. Касе, ки пайваста дар фикри саноат аст, дар фикри корхонаҷот аст ва дар фикри техникакунонии ҷумҳурист, ман бо ӯям».
Ин сатрҳо бо эҳсоси баланду гарм ва эҳтирому садоқати бепоён низ аз ӯст дар ҳаққи Пешвои миллат:
Бо садои гармат одат кардаем
Ҳамчу бо зангӯлаи давлат,
Ҳамчу бо зангӯлаи ваҳдат,
Ҳамчу бо зангӯлаи мактаб.

Чунки дар рӯи ту мебинем
Рӯи миллатро,
Нури миллатро,
Чунки аз пешонии бози ту мехонем
Мо хати тақдири миллатро.

Пойгоҳи давлататро карда кафшер
Бастакори нақби Анзоб,
Бастакори нақби Шаршар,
Бастакори Чормағзак,
Бастакори ГЭС-и Роғун
Ҳамчу оҳан,
Ҳамчу чӯян,
Ҳамчу пӯлод
Пойдор.
Миллати некноми тоҷикро бо Сарварии ин абармарди нексиришт фатҳи қуллаҳои боз ҳам баландтар, рушду музаффариятҳои зиёди дигар дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар ва ояндаи боз ҳам дурахшон дар пеш аст.

Ф. НАҶМИДДИНИЁН,
вакили Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
     


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.09.2020    №: 168    Мутолиа карданд: 225
04.03.2021


ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ЗАНОН

ШАҲРИНАВ. ГУЛГАШТИ НАЗДИ МУҶАССАМАИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА НАВСОЗӢ МЕШАВАД

КАМОНВАРӢ

Муассисаҳои таълимии олии Россия дарҳояшонро барои донишҷӯёни хориҷӣ боз намуданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.03.2021


Мулоқоти Зулфия Давлатзода бо Мирвайс Ноб

Дар Доғистон хотираи ҳалокшудагони ҷангро гиромӣ медоранд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. СИТОРАҲОИ ДУРАХШОНИ ВАРЗИШИ ТОҶИК

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН

ҚУЛЛАИ «РАҲИМ МАСОВ» ДАР ИШКОШИМ

ҶОМИ КФО – 2021

Путин ҷиҳати муколама бо ИМА ва дигар кишварҳо омода аст

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед