logo

маориф

РАШТ. АФЗАЛИЯТ БА СОҲАИ МАОРИФ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инкишофу пешрафти мактабу маориф ва илмро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат дониста, баҳри ҷорӣ сохтани усулҳои муосири таълиму тарбияи насли бомаърифату соҳибҳунар, такмили пояҳои моддию техникии муассисаҳои маориф ғамхорӣ менамоянд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт низ дар самти татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Роҳбари давлат пайваста иқдом меварзад ва маҳсули ҳамин талошҳост, ки имрӯз дар низоми маориф тозакориҳо ва дастовардҳои назаррасе ба мушоҳида мерасанд, - гуфт зимни машварати августии кормандони соҳа мудири маорифи ноҳияи Рашт Ҳикматулло Мирзоев.
Бо вуҷуди душвориҳои иқтисодию молиявие, ки дар натиҷаи паҳншавии бемории сироятии COVID - 19 ба вуқӯъ омаданд, тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 сентябри соли равон ба андозаи 15 фоиз зиёд гардидани маоши вазифавии кормандони ташкилоту муассисаҳои соҳаи маорифро аҳли маорифпарварон ноҳияи Рашт ғамхории навбатии Пешвои миллат нисбат ба соҳа ва маорифпарварон арзёбӣ намуданд.
Дар соли таҳсили 2019 - 2020 дар ноҳияи Рашт 113 муассисаи таълимӣ фаъолият дошта, 28274 нафар хонанда, аз ҷумла 13638 нафар духтар ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда буд. Норасоии омӯзгорон дар муассисаҳои таълимӣ 41 нафар ва аз рӯи ихтисос 220 нафарро ташкил дод. Дар соли таҳсили гузашта тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ аз муассисаҳои таҳсилоти олӣ 103 нафар ва аз коллеҷи омӯзгории ноҳия 14 нафар мутахассиси ҷавон ба ҷои кор ҳозир шуд.
Ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 - 2025” ва банди 39-и Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт бо қарори раиси ноҳия 2 муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар деҳаҳои Ҳоит - 2 ва Қазнок таъсис дода шуд, ки дар оғози соли таҳсили 2020 - 21 боз 60 нафар кӯдак ба таълим фаро гирифта мешавад. Давоми соли сипаришуда дар назди муассисаҳои таълимии № 1, 3, 17, 21, 48, 64 марказҳои инкишофи кӯдак фаъол гаштанд, шумораи марказҳо ба 46 адад расид, ки фарогири 1026 нафар кӯдаканд. Ҳамин тариқ, фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ бо назардошти марказҳои инкишофи кӯдак аз 7,1 фоиз ба 7,7 фоиз расонда шуд. Соли ҷорӣ ташкили 10 маркази инкишофи кӯдак дар назди муассисаҳои №16,20,24,36,57, 58,63,65,66 дар нақша аст.
Ҳоло сохтмони биноҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимии №12, 33, 35, 61 ва 70, инчунин сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимии № 48, 99 ва 102 идома доранд, ки баъди ба истифода додани онҳо мушкилоти ҷои нишаст то андозае бартараф мегардад.
Аз 1636 омӯзгори муассисаҳои таълимӣ 190 нафар дорои дараҷаи тахассусии олӣ, 567 нафар дорои дараҷаи тахассусии якум, 277 нафар дорои дараҷаи тахассусии дуюм буда, 602 нафар омӯзгор бе дараҷаи тахассусӣ мебошанд. Рафти аттестатсияи омӯзгорон нишон дод, ки сатҳи дониши касбӣ, сиёсӣ, назариявӣ ва методии онҳо сол то сол беҳтар мегардад. Дар даври ноҳиявии олимпиадаи хонандагон 310 нафар, аз ҷумла 89 нафар духтар, ғолиб дониста шуд.
Дар даври аввали олимпиадаи минтақавӣ, ки бо иштироки ғолибон аз синфи 9-10 дар шаҳраки Ғарм гузаронда шуд, аз 111 нафар иштирокчӣ 42 нафар ғолиб омада, сазовори туҳфаҳои хотиравии кумитаи тадорукотии олимпиада гардид. Натиҷаи ҷамъбасти озмун нишон дод, ки хонандагони муассисаҳои таълимии № 1, 3, 26, 29 ва 32 фаъолона иштирок карда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ гардиданд.
Фаъолона ширкат варзидан дар олимпиадаҳо боис гашт, ки имсол сафи донишҷӯёни макотиби олӣ аз Рашт бамаротиб афзояд.
МАОРИФЧИЁНИ ноҳияи Рашт дар фаъолияти худ сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи фаъолият қарор дода, барои иҷрои вазифаҳои худ аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои нав сазовор пешвоз мегиранд.
 
Дилшод АМИРОВ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.09.2020    №: 168    Мутолиа карданд: 1284
30.11.2020


ВАО: БАЙДЕН БОРИ НАХУСТ ДАР ТАЪРИХИ ИНТИХОБОТИ ИМА 80 МИЛЛИОН ОВОЗ ГИРИФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУН. МУТАХАССИСОН БО НАЗАРДОШТИ ТАЛАБОТИ БОЗОРИ МЕҲНАТ ОМОДА МЕГАРДАНД

26.11.2020


ВОХӮРИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО СЕРГЕЙ СОБЯНИН

НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК. ТАРБИЯИ ИҶТИМОӢ ТАРБИЯИ МИЛЛАТ АСТ

СУҒД. ИТТИФОҚИ КОРГОҲҲОИ САНОАТИ САБУК ТАЪСИС ЁФТ

ДИЕГО МАРАДОНА . НОБИҒАИ ФУТБОЛ БА ДУНЁИ УЛВӢ ПАЙВАСТ

ДАР АФҒОНИСТОН АЗ ДУ ТАРКИШИ САХТ 17 НАФАР ҲАЛОК ГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.11.2020


«ШАХСИЯТИ БУЗУРГИ ТАЪРИХСОЗ»

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ҲАМОИШИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ БАХТУ САОДАТ

КФО. "ИСТИҚЛОЛ" 13 ЗИНА БОЛО РАФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН ТЕЪДОДИ ШИФОЁБӢ АЗ COVID НАЗАР БА ГИРИФТОРӢ БЕШТАР ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД

ҶАЙҲУН. САРВАЗИР БА ДАСТРАНҶИ КИШОВАРЗОН БАҲОИ БАЛАНД ДОД

КӮЛОБ. БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ КОРЕЯ БА МОИ «КӮЛОБ»

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ҶОИЗАИ НАВБАТИИ СИНАМОГАРОНИ ТОҶИК


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед