logo

иҷтимоиёт

ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА МАВҚЕИ ЗАНОН ДАР МАҚОМОТИ СУДӢ

Ҳамагон ин нуктаро қоиланд, ки баъди ба сари қудрат омадани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи кишвар шаҳди сулҳу салоҳ ва Истиқлолияти давлатиро чашид, ҳамзамон, обру ва нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ боло рафт. Дар ин айём соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ рушд ёфтанд. Иқдомҳои созандаи Сарвари давлат имрӯз муваффақтарин сиёсат барои оромӣ ва пешрафти ҷомеа ба шумор мераванд.
Мавриди зикр аст, ки тамоми дастовардҳои ҳокимияти судӣ самараи даврони истиқлолият буда, бо ташаббус ва талошҳои Президенти маҳбуби кишвар амалӣ мегарданд. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар самти таҳкими ҳокимияти судӣ, таъмини қонуният ва адолати судӣ корҳои зиёде ба сомон расонда шуданд. Аз ҷумла, барои таҳкими мақомоти судӣ чор барномаи ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ қабул шуд, ки онҳо барои пешрафти соҳа, баланд бардоштани мақоми суд дар ҷомеа, таъмини шароити зарурӣ барои баррасӣ ва ҳалли одилонаи парвандаҳои судӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, ташкилоту муассисаҳо ва, умуман, ҷиҳати ба амал баровардани адолати судӣ нақши муҳим доранд.                             
Мо аз таҷриба дар мақомоти судӣ дарёфтем, ки ин раванд ба баррасии ҳаматарафаи парвандаҳо мусоидат карда, дар такмили касбии судяҳо низ нақши муассир мегузорад.
Барои ҳамаҷониба омода кардани номзадҳо ба мансаби судя вазифаи коромӯз - судя ҷорӣ гардид. Бо ин мақсад, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 апрели соли 2017 Комиссияи ягонаи имтиҳонотӣ барои номзадҳо ба вазифаи судя ва коромӯз - судя таъсис дода шуда, ҳайати комиссия ва низомномаи он тасдиқ гардид. Инчунин, бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 31 марти соли 2003 бо мақсади тайёр намудани номзадҳо ба вазифаи судя, баланд бардоштани сатҳи донишу таҷрибаи касбии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо маркази таълимии судяҳо таъсис ёфт.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ҷиҳати дастгирӣ ва таҳкими фаъолияти ҳокимияти судӣ ба ин мақомот воҳидҳои иловагии корӣ ҷудо шуданд. Аз ҷумла, дар 15 соли охир бо се Фармони Президенти кишвар шумораи кормандони соҳа ба 252 воҳиди корӣ (116 судя ва 136 корманди дастгоҳи судҳо) зиёд гардид.
Давоми солҳои ахир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти воқеиятҳои феълии сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ оид ба беҳбудии вазъи занон барномаи муайян ба майдон омад ва ин масъала ҳамеша зери таваҷҷуҳи Сарвари давлат қарор дорад. Алалхусус, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 таҳти №5 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» нақши муҳим дорад.
Роҳбарияти давлат ба масъалаи ҷалби васеи занон ба мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти судӣ, таваҷҷуҳ зоҳир намуда, онро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати худ эълон кардаанд. Имрӯз дар низоми судии мамлакат занон ба сифати раиси суд, муовини раис, раиси коллегияи судӣ ва судя фаъолият доранд ва саҳми онҳо дар таъмини адолати судӣ хеле назаррас мебошад.
Мо - кормандони мақомоти судӣ дар заминаи чунин шароитҳои мусоид талош мекунем, ки вобаста ба таъмини адолати судӣ, волоияти қонун, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, терроризми байналмилалӣ, экстремизми сиёсию динӣ ва таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар ҷомеа тадбирҳои ҳадафрасро анҷом диҳем. Дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ, сулҳи пойдору ваҳдати миллиро ҳифз намуда, барои таъмини волоияти қонун дар ҷомеа содиқона фаъолият намоем.
    
Л. АБДУЛЛОЕВА,
сардори раёсати арзу шикоятҳои Суди Олӣ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.09.2020    №: 169    Мутолиа карданд: 265
04.03.2021


ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ЗАНОН

ШАҲРИНАВ. ГУЛГАШТИ НАЗДИ МУҶАССАМАИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА НАВСОЗӢ МЕШАВАД

КАМОНВАРӢ

Муассисаҳои таълимии олии Россия дарҳояшонро барои донишҷӯёни хориҷӣ боз намуданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.03.2021


Мулоқоти Зулфия Давлатзода бо Мирвайс Ноб

Дар Доғистон хотираи ҳалокшудагони ҷангро гиромӣ медоранд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. СИТОРАҲОИ ДУРАХШОНИ ВАРЗИШИ ТОҶИК

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН

ҚУЛЛАИ «РАҲИМ МАСОВ» ДАР ИШКОШИМ

ҶОМИ КФО – 2021

Путин ҷиҳати муколама бо ИМА ва дигар кишварҳо омода аст

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед