logo

сиёсат

МАРОСИМИ СУПУРДАНИ МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТӢ

4  сентябр  дар  Қасри  миллат  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ –  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 29 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни сохторҳои ҳарбӣ ва сарбозон, ки дар фаъолияти худ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои ҳарбӣ супурданд.

Қабл аз оғози маросими супурдани мукофотҳои давлатӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиронро ба муносибати фарорасии Ҷашни 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош гуфтанд.
Зикр гардид, ки ҳамасола дар остонаи таҷлили солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолони соҳаҳои гуногуни кишвар, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни сохторҳои ҳарбӣ ва сарбозони содиқи Ватанро барои хизматҳои шоён дар назди давлату миллат қадр менамоем.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо заҳмати аҳлонаву софдилонаи мардуми созандаву бунёдкори тоҷик сол ба сол ободу зебо гардида, зиндагии сокинони кишвар мунтазам беҳтар шуда истодааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти пурсамару поквиҷдонона ва хизмати фидокоронаву содиқонаи ҷавонмардони бонангу номуси миллат, яъне кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомиро дар ин раванд бисёр назаррас ва арзишманд арзёбӣ карданд.
Таъкид гардид, ки роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат хизмати содиқона ба халқу Ватан, яъне ҳимояи марзу буми сарзамини аҷдодӣ, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, ҳифзи қонунияту тартибот, ҳаёти осоиштаи мардум ва ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандонро ҳамеша қадр мекунанд, зеро нақши родмардони Ватан дар таҳкими суботу амнияти ҷомеа ва мустаҳкам намудани аркони давлатдории навини тоҷикон бисёр муҳим мебошад.
Аз 1 сентябри соли 2020 ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани шароити иҷтимоии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳайати шахсии сохторҳои низомӣ музди меҳнати онҳо зиёд карда мешавад.
Дар охири суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки хизматчиёни ҳарбӣ минбаъд низ вазифа ва рисолати муқаддаси худ – ҳимояи Ватан, давлат ва мардуми шарифи кишварро сарбаландона ва содиқона адо менамоянд.
Дар маросими мукофотсупорӣ рутбаҳои ҳарбии навбатӣ, дараҷавӣ ва махсус, аз қабили генерал-полковники адлия, генерал-лейтенанти гвардия, генерал-майор, генерал-майори адлия, мушовири давлатии адлияи дараҷаи III, генерал-майори милитсия, генерал-майори Хадамоти гумрук ва ордену медалҳои "Исмоили Сомонӣ" дараҷаи III, "Спитамен" дараҷаи II, медали "Ҷасорат", медали "Хизмати шоиста", медали "Марзбони шуҷои Тоҷикистон" ва Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон супурда шуд.
Ҳамин тавр, мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи додани рутбаҳои ҳарбии навбатӣ, дараҷавӣ ва махсус» 13 нафар, аз ҷумла 1 нафар рутбаи махсуси генерал-полковники адлия, 1 нафар генерал-лейтенанти гвардия, 4 нафар  генерал-майор, 1 нафар генерал-майори адлия, 2 нафар рутбаи дараҷавии мушовири давлатии адлияи дараҷаи III, 1 нафар генерал-майори милитсия, 3 нафар генерал-майори Хадамоти гумрук гирифтанд.
Ҳамчунин, мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфарозгардонии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳокимияти судӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои хизмати намунавӣ ва саҳми арзанда дар таъмини ҳифзи ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон, мубориза бо ҷинояткорӣ, нигаҳдории тартиботи ҷамъиятӣ ва ҷасорату фидокорӣ як гурӯҳ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳокимияти судӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ бо ордену медал ва Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гаштанд. Аз ҷумла, як нафар бо ордени «Исмоили Сомонӣ» дараҷаи III, як нафар бо ордени «Спитамен» дараҷаи II, 18 нафар бо медали «Ҷасорат», 25 нафар бо медали «Хизмати шоиста», 2 нафар бо медали «Марзбони шуҷои Тоҷикистон» ва 7 нафар бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни супурдани мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатӣ бори дигар хизмати намунавӣ ва саҳми арзандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни сохторҳои ҳарбӣ ва сарбозонро дар роҳи таъмини амнияту суботи давлату миллат, ҳифзи ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон, мубориза бо ҷинояткорӣ, нигаҳдории тартиботи ҷамъиятӣ ва ҷасорату фидокорӣ махсус таъкид намуданд.
Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки мукофотҳои олии Ватан, ки имрӯз супурда шуданд, масъулияти хизматчиёни ҳарбиро бамаротиб зиёд мегардонанд.
Таъкид  гардид,  ки  хизматчиёни  ҳарбӣ  ва  кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд дар хотир дошта бошанд, ки давлат ва халқи Тоҷикистон ҳифзи муқаддастарин дастоварди таърихи навини худ – истиқлолияту озодӣ, ҳимояи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлату ҷомеа, тартиботи ҳуқуқӣ ва волоияти қонун, яъне суботу оромии ҷомеаро ба онҳо бовар карданд.
Сарвари давлат бори дигар ба ҳамаи онҳое, ки бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳо сарфароз гардиданд, дар иҷрои рисолати пурмасъулияту пуршарафашон барору комёбӣ орзу карданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.09.2020    №: 170    Мутолиа карданд: 151
12.04.2021


КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАСТРАСИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР ГАРДИД

НУРОБОД ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ «ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

СУҒД. 420 000 СОМОНӢ ГРАНТ БАРОИ ЗАНОНИ ҲУНАРМАНДУ ЭҶОДКОР

МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. ҲАМОИШИ МУҲИМИ КОРШИНОСОН

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» МУАРРИФИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

ЛИГАИ ОЛӢ

09.04.2021


ТОҶИКИСТОН ВА АМА. ГУСТАРИШУ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ШУД

ОЛМОН БО РОССИЯ ОИД БА ДАРЁФТИ «СПУТНИК V» МУЗОКИРОТ МЕГУЗАРОНАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.04.2021


ТОҶИКИСТОН – МАҶОРИСТОН. САҲИФАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БОЗ ШУД

САРВАРИ ВКХ ПОКИСТОН РОССИЯРО ОМИЛИ УСТУВОРӢ ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН НОМИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТАСВИРИ ОБ ДАР АСАРҲОИ РАССОМОНИ ТОҶИКИСТОНӢ

«ХУҶАСТА БОД ИСТИҚЛОЛ!»

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Армида Салсия Алишаҳбана

МАГНОЛИЯ. НИҲОЛИ НОДИР ДАР ХУҶАНДИ БОСТОН

07.04.2021


МИСГАРӢ — БОЗГӮИ РАМЗҲО ВА АНЪАНАҲОИ МАРДУМӢ

«ТЕРРОРИЗМ РЕЛИГИОЗНЫХ ЭКСТРЕМИСТОВ...»

Лавров: «СММ низоъҳоро дар дунё муваффақона ба низом меоварад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ

06.04.2021


ВМКБ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ ИҶРО ШУД

ИШКОШИМ. ҒОЛИБОН БА НОҲИЯ БАРГАШТАНД

Лавров барқарорсозии кори «формати Москва»-ро зарур шумурд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

ТАШКИЛИ ЯРМАРКА - ФУРӮШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ДАР ХУҶАНД

МИНТАҚАИ РАШТ. ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ

УНВОНУ ДАРАҶАҲОИ ИЛМИИ РОССИЯВУ ТОҶИКИСТОН БАРОБАРАРЗИШ МЕШАВАНД

02.04.2021


ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. ВМКБ ВА 5 НОҲИЯИ ХАТЛОН НАҚШАРО ИҶРО КАРДАНД

МУЛОҚОТИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО ПАК БЁН СОК

ҶОНИБДОРИИ ВАНХЁРК АЗ МУКОЛАМАИ ВАШИНГТОН БО МОСКВА

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.04.2021


ЛИГАИ ОЛӢ. Бори аввал легионерҳои нидерландӣ ва ҷопонӣ ҳунарнамоӣ мекунанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед