иҷтимоиёт
ХИЁНАТ. “ТАРҲҲОИ НАВ” НИЗ ХОК МЕХӮРАНД
Солҳои 90 - уми асри гузашта хеле хурд будам, аммо аз суханони волидонам мефаҳмидам, ки вазъ дар мамлакат ногувор аст. Майдоншиниҳо ва задухӯрдҳои мусаллаҳона дар пойтахти кишвари азизамон касро ба ҳайрат меоварданд, ки чӣ тавр мардум ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, ба мухолифати шадид даст задаанд.
Баъдан, вақте бо талошу заҳмати мақомоти дахлдор парда аз рӯи ин фиребгариҳо бардошта шуд, аён гардид, ки дар он майдонҳо нафарони зиёд фирефтаи суханҳои бардурӯғи зархаридони хориҷӣ шуда будаанд. Аз суханрониҳои ронандаи Кабирӣ, раиси ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ, бармеояд, ки чӣ гуна ӯ ба доми фиреби хиёнаткорон ғалтидааст. Он солҳо роҳбарони сенарияи майдони “Шаҳидон” нақшаи ба даст овардани ҳокимиятро кашиданд, аммо иродаи қавии мардуми тоҷикро ба инобат нагирифтанд. Маҳз онҳое, ки дар филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” оварда шудаанд, барои мансабу молу мулк мардуми одиро ба доми марг ҳавола медоданд. Гурӯҳи гумроҳшудаи мухолифон бо ташкил кардани майдоннишинӣ мехостанд қудратро ба дасти худ гиранд, аммо тири нопоки онҳо хато рафт.
Намояндагони ТЭТ ҲНИ (ҳизби дар Тоҷикистон ва ИДМ мамнӯъ) овардани гурезаҳои арманиро баҳона пеш гирифта, хостанд ба ин васила роҳбари вақти давлат Қаҳҳор Маҳкамовро аз вазифа озод карда, идоракунии давлатро ба дасташон гиранд. Аммо баробари майдоне, ки онҳо бо зархаридони худ ташкил мекарданд, мардуми соҳибақл низ майдони худро ташкил намуда, ҳамчун тарафдори давлату Ҳукумати қонунӣ сарҷамъ омаданд. Дар ин ҳолат онҳо ба сӯи мардуми бегуноҳ тирпаррониро оғоз намуда, бо ҳамин низоъ ва муноқиша барангехтанд.
Ба назари мо, онҳо фикр ҳам надоштанд, ки мардуми тоҷик ғурури миллӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ, ҳимояи марзу буми аҷдодиро на танҳо дар ақлашон, балки дар ҷисму ҷонашон мепарваранд.
Ҳоло мо фаромӯш накардаем, ки ҳамон бесомониҳои ташкилкардаи онҳо ба чӣ оқибатҳои вазнин оварда расонданд. Пояҳои давлатиро фалаҷ карданд, мамлакатро ба вартаи нестшавӣ оварданд. Дар оташе, ки онҳо сар доданд, зиёда аз 150 ҳазор шаҳрванди мамлакат ҷон бохт, 50 ҳазор кӯдак ятиму бекас монд, беш аз як миллион нафар аҳолӣ гурезаи иҷборӣ шуд, ҳазорон нафар тоҷик дар ғарибӣ ҷон бохт, ки ҳанӯз қабристони онҳоро бо номи “Гӯристони фирориёни тоҷик” ном мебаранд. Ин ҳама оқибати амалҳои нопоки онҳост.
Ҳоло намояндагони ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ амалҳои хоинонаи гузаштагони худро давом додан мехоҳанд ва даст ба айбҷӯиву туҳмат мезананд. Ҷавонони огоҳ аллакай дарк намуданд, ки ҳадаф аз ин хиёнат ба Ватану миллат муноқишаи нав афкандан ва халалдор сохтани суботу оромии бо ҷонбозиҳо бадастомадаи кишвар асту бас. Ва ҳеҷ гоҳ ба дасисаҳои онҳо дода намешаванд.
М. ШАРИФОВА, омӯзгор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 07.09.2020 №: 170 Мутолиа карданд: 148