иҷтимоиёт
ИСТИҚЛОЛИЯТ. РОҲЕ, КИ НА ОСОНГУЗАР БУД
Дар моддаи 1 «Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» мафҳуми “Истиқлолияти давлатӣ” ҳамчун ягонагӣ ва ҳукмравоии ҳокимияти давлатӣ дар ҳудуди кишвар ва соҳибихтиёрии он дар муносибатҳои хориҷӣ” маънидод шудааст. Соҳибихтиёрии кишвар низ дар он ифода меёбад, ки давлат самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии худро дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ мустақилона муайян менамояд. Чунин муқаррарот маънои онро дорад, ки истиқлолият зинаи волотарини давлатдорӣ ва роҳи расидан ба ормонҳои миллӣ маҳсуб меёбад.
Таърихи башарият шаҳодат медиҳад, ки Истиқлолияти давлатӣ осон ба даст намеояд ва ҳифзи он ҳам роҳи пурпечутобест. Эълони Истиқлолияти давлатӣ дар кишвари мо аз 9 сентябри соли 1991 аз таҳдиду зарбаҳои даҳшатнок орӣ набуд. Аз солҳои аввал бо таҳримоти ҷангии душманони миллат пояи Истиқлолияти давлатии мо рӯ ба харобӣ оварда буд. Ҳадаф аз ин ҳама тавтиаю ихтилофандозӣ ва ба гирдоби бозиҳои сиёсӣ кашидани мардуми тоҷик маҳз сад гузоштан ба пойдории истиқлолият буд. Хушбахтона, пас аз баргузор гардидани Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ моҳи ноябри соли 1992 ва ба шарофати Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пайкари Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон рӯҳи нав дамид. Чунки роҳи пешгирифтаи Сарвари навинтихоби давлат ба сӯи пешрафт ва бунёди ҷомеаи мутамаддин буд. Ин нияти нек аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ бо хушнудӣ пазируфта шуд. Ҳамин тавр истиқлолият дар солҳои минбаъда ба маънои томаш амалӣ гардид ва имконият фароҳам овард, ки мардуми Тоҷикистон сарнавишти ояндаи сарзамини аҷдодии хешро мустақилона ба даст гирифта, роҳи пешрафти минбаъдаро интихоб намояд. Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи 120 давлати ҷаҳон эътироф гардид.
Кишвари мо бо зиёда аз 150 давлати дунё муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ барпо намуда, ба узвияти 40 ташкилоти байналмилалӣ пазируфта шуд.
Иқдомҳои созандаи Пешвои миллат барои пурқувват намудани давлати тозаистиқлол, барқарорсозии иқтидори аздастрафтаи сохторҳои гуногуни давлатӣ, бахусус мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, оғоз ёфтанд. Аз 17 ноябри соли 1992 дар Маҷлиси машваратӣ дар қатори дигар масъалаҳо зарурати созиши миллӣ, пурқувват кардани мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, қабули Конститутсияи нав, таъсиси сохтори ҷадиди мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идора пешниҳод шуд.
Ҳамин тавр, дар замони соҳибистиқлолии мамлакат 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз 10 боб ва 100 модда қабул гардид, ки он роҳи минбаъдаи ҳаёти сиёсию иқтисодии кишварро муқаррар кард. Дар асоси Конститутсия дар низоми ҳокимияти судӣ низ тағйироти куллӣ ба амал омад. Аз ҷумла, дар ин давра аз ҷониби Президенти кишвар се маротиба барномаи ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ қабул гардид, ки мақоми ҳокимияти судӣ дар ин марҳилаи нави таърихи давлатдории миллӣ боз ҳам баланд бардошта шуда, ваколати судяҳо васеътар гашт. Муҳлати ваколати интихобу таъйини судя аз панҷ ба даҳ сол боло бурда шуд. Бо ин роҳ адолат дар ҳамаи бахшҳо барқарор гардида, ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо ва волоияти қонун таҳким ёфтанд. Бо тамоми маъно ҳифзу гиромидошти Истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он барои наслҳои имрӯзаю оянда қарзи шаҳрвандӣ ва ифтихори ватандорӣ мебошад. Хусусан, пос доштани ин муқаддасоти олитарини миллӣ аз мо - кормандони ҳокимияти судӣ масъулияти баландро тақозо менамояд. Зеро истиқлолият неъмати бебаҳо, мояи ифтихор, манбаи худшиносӣ ва омили бунёдии таҳкиму тақвияти пояҳои давлатдории миллии мо мебошад.
Муҳаммадсафар ХОЛИҚЗОДА,
судяи суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 07.09.2020 №: 170 Мутолиа карданд: 137