logo

иҷтимоиёт

ИДҲОИ МИЛЛӢ. ВАҚТЕ ДАСТОВАРДҲО ШОЁНИ ТАҲСИНАНД

Дар замони соҳибистиқлолӣ ба шарофати сиёсати хирадмандона ва саъю талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идҳои миллӣ, аз қабили Сада, Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва ғайра аз нав эҳё гардида, акнун бо шукӯҳу шаҳомат ба таври умумимиллӣ ҷашн гирифта мешаванд.
Бо пешниҳоди Сарвари давлат дар радифи идҳои  номбурда, дар Тоҷикистон идҳои нав, аз қабили идҳои асал, тарбузу харбуза, себу ангур ва амсоли инҳо таҷлил гардида, ба расмият дароварда шуданд. Албатта, таҷлили ин идҳо танҳо ба хотири ид нест, балки моҳияти  умумихалқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ доранд.
Аввалан, таҷлили идҳои мазкур боиси афзун гардидани  маҳсулоти озуқаворӣ дар бозорҳо, боло рафтани сифату арзон гардидани нархи онҳо ва ғанӣ гаштани дастархони мардум мегардад.
Дуюм, истеҳсолкунандагони ин маҳсулот қадрдонӣ гардида, онҳо дар бобати ҳар чи бештар парвариш намудани маҳсулоти кишоварзӣ рӯҳбаланд гардида, даромади иқтисодиашон аз ин ҳисоб боло меравад.
Ҳамзамон, таҷлили ин идҳо мардумро сарҷамъу муттаҳид намуда, барои пешрафти ҳаёти ҷомеа мусоидат менамоянд.
Аҳли кормандони Институти масоили амнияти биологии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ҳамасола идҳои  номбурдаро дар қатори ҷомеаи мамлакат бо шаҳомат ва дастовардҳои шоиста таҷлил менамоянд.
Кормандони институт айни замон аз рӯи 7 мавзӯи илмии ба талаботи хоҷагиҳои кишоварзӣ ҷавобгӯ корҳои таҳқиқотӣ бурда, натиҷаи онҳоро дар амал татбиқ менамоянд. Аз ҷумла, дар нимсолаи аввали соли равон кормандон 62  маротиба ба хоҷагидорон  дар бобати пешгирӣ, ташхис ва табобати бемориҳои сироятии чорвою паранда тавсияҳои асоснок додаанд. Дар ин давра 72300 воя ваксина бар зидди пешгирии бемориҳои сироятӣ истеҳсол ва ба хоҷагиҳои чорводорӣ пешниҳод карда шудааст.
Ҳамзамон, олимони институт барои ихтирооти илмии худ аз Маркази миллии патенту иттилоот соҳиби 2 нахустпатент гардидаанд.
Ҳамчунин, аз ҷониби олимон 6 дастуру тавсияҳо доир ба пешгирию ташхис ва табобати касалиҳои гуногун таҳия гардида, ба аҳли илм ва хоҷагидорон дастрас гардонда шудааст. Инчунин, аз ҷониби кормандони илмии институт 3 лоиҳаи барномаҳои давлатӣ оид ба солимгардонии хоҷагиҳо аз касалиҳо ва пешгирии онҳо таҳия ва ба мақомотҳои дахлдор барои тасдиқ пешниҳод гардидааст.
Дар нимсолаи аввали соли равон олимони институт дар  ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон як семинари илмию амалӣ гузаронда, дар  семинару конференсия ва машваратҳои  минтақавӣ саҳм гирифтаю бо маърӯза баромад намудаанд.
Бешак,  таҷлили идҳои  мардумӣ аҳли кормандони моро рӯҳбаланд намуда, барои ривоҷу равнақ додани  корҳои илмию таҳқиқотӣ мусоидат менамоянд.

К. МАҲМУДОВ,               
директори Институти масоили
амнияти биологии
Академияи илмҳои
кишоварзии Тоҷикистон                                     
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.09.2020    №: 170    Мутолиа карданд: 141
04.03.2021


ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ЗАНОН

ШАҲРИНАВ. ГУЛГАШТИ НАЗДИ МУҶАССАМАИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА НАВСОЗӢ МЕШАВАД

КАМОНВАРӢ

Муассисаҳои таълимии олии Россия дарҳояшонро барои донишҷӯёни хориҷӣ боз намуданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.03.2021


Мулоқоти Зулфия Давлатзода бо Мирвайс Ноб

Дар Доғистон хотираи ҳалокшудагони ҷангро гиромӣ медоранд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. СИТОРАҲОИ ДУРАХШОНИ ВАРЗИШИ ТОҶИК

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН

ҚУЛЛАИ «РАҲИМ МАСОВ» ДАР ИШКОШИМ

ҶОМИ КФО – 2021

Путин ҷиҳати муколама бо ИМА ва дигар кишварҳо омода аст

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед